Забони гуворою ноби тоҷикӣ аз олудагиҳо бо калимоту таркибҳои бегона бояд пок бошад

Боиси ифтихор аст, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибон ва ҳомии воқеии худро дорад, ки он Сарвари давлат аст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мақому мартабаи забон дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хидматҳои бесобиқа ва таърихӣ намуда, дар роҳи бедорӣ ва ифтихор ба миллат ва забони миллӣ заҳматҳои фаровон ба харҷ додаанд ва  имрўз низ барои амалӣ кардани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва эҳёи яке аз арзишҳои миллӣ – муқаддасоти забонӣ пайваста азму талош меварзанд.

 Забони модарӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модариро ҳамеша азизу гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.

 Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти кишвар ба муносибати Рўзи забон баён гардидааст, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ – ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.

Фармони Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 июли соли 2007 дар бораи Соли забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008 далели дигари эҳтирому бузургдошти забони модарӣ аз ҷониби Сарвари давлат мебошад.

Дар зарфи сиву се сол дар бораи Қонуни забон ва роҳҳои амалӣ намудану бурду бохтҳои он мақолаҳои зиёде навишта, суханҳои бисёре гуфта, Барномаҳову Қонуни нав ба тасвиб расида, ниҳоди нав бо унвони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар назди Кумита бо ҷалби донишмандони соҳаҳои гуногуни илм ба хотири танзими истилоҳоти соҳаҳои гуногун Шўрои ҳамгунсозии истилоҳот таъсис дода шуданд.

Қонуни забон на танҳо барои ба мақоми давлатӣ соҳиб шудани забони тоҷикӣ кафолати ҳуқуқӣ дод, балки барои инкишофи сохтори ин забон – луғат, савтиёт ва сарфу наҳв имкониятҳои мусоид фароҳам овард.

Имрўз аз қабул гардидани Қонуни забон ва муқаррар намудани Рўзи забон дар ҷумҳурӣ 33 сол пур шуд (бо дарназардошти 22 июли соли 1989). Ҷашни Рўзи забон бо маънои томи ин сухан ҷашни умумимиллии кулли сокинони мамлакат мебошад. Зеро санаи 5 октябр барои мардуми кишвари мо рўзи муборак ва рўзи таърихӣ аст.

Аз ин рў, аз ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳ, худшинос ва ватандору ватандўст даъват ба амал меоварам, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони гуворою ноби тоҷикӣ аз олудагиҳо бо калимоту таркибҳои бегона саҳмгузор бошанд.

Ба муносибати ин рўзи фархунда – Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 октябр аз номи кулли кормандони Китобхонаи миллӣ  тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик мегўям ва барояшон саломативу сарбаландӣ, хонаободиву хотирҷамъӣ ва барору муваффақиятҳои беназирро таманно мекунам.

Рўзи забони давлатӣ ва ҷашни умумимиллӣ муборак бошад!

          ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

 Забони тоҷикӣ тоҷи забонҳои ҷаҳон бошад,

Касе бо ин забон гап мезанад, ў қаҳрамон бошад.

Забони «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Хамса»,

Забони руҳбахшои «Авасто» ҷовидон бошад.

Забони Ҳофизу Саъдию Фирдавсию Мавлоно,

Забони Рўдакӣ – он шоири шўридаҷон бошад.

Забони Ҷомию Берунию Форобию Сино,

Забони Аҳмади Дониш, забони нухбагон бошад.

Забони Туғралу Ҳоҷӣ Ҳусайну Шамсиддин Шоҳин,

Пур аз лутфи Камолу ҳикмату панди замон бошад.

Забони Айнию Лоҳутию Мирзои оламгир,

Забони Лоиқу Фарзонаи рангинбаён бошад.

Забони Озарахшу Озару Бозору Гулрухсор,

Забони дилнавози байту шеъру достон бошад.

Забони Марву Хоразму Самарқанду Бухоро, Чоч,

Забони Балху Шерозу Ҳироту Исфаҳон бошад.

Забони Суғду Хатлону Хутан, Помиру Фарғона,

Забони Рашту Дарвозу Ҳисори Шодмон бошад.

Забони Истаравшону Зарафшони шарорафшон,

Забони Ванҷу Файзободу Кўлоби Калон бошад.

Забони сабзи тоҷикӣ намегардад хазон ҳаргиз,

«Гулистон»-у «Баҳористон» дар он, ҳам «Бўстон» бошад.

Забони тоҷикӣ бигзор бошад он забон, хоҳанд

Агар андар тамоми рўи дунё як забон бошад.

Забони сабзи тоҷикӣ – забони шеъри Хайрандеш,

Илоҳӣ то қиёмат аз балоҳо дар амон бошад.

          Хайрандеш

Бибираъно Ҷўраева, сардори шуъбаи

нигоҳдории рисолахои илмӣ.