Забони ишоратӣ барои ношунавоён чӣ гуна пайдо шуд?

Дар матлабе, ки китоб “Забонҳои дӯстӣ”-ро муаррифӣ мекардем, дар бораи мавҷудияти забони ишоратӣ барои ношунавоён маълумот дода будем. Ҳоло пораеро аз сарсухани муаллифи китоб меорем, ки талош кардааст як руҷуъ ба таърихи ба миён омадани забони ишоратӣ дошта бошад.

Ба шумоён онҳое, ки мушкилоти ношунавоён наздик ва фаҳмоанд шояд ва ҳатман бояд ҷолиб бошад, ки ин китоб чаро ва барои чӣ навишта шудааст. Волидони маро – модарамро, ки ҳанўз дар замоне, ки духтараке буд, «Элиза»-и Бехтовенро иҷро мекард ва падарамро, ки аз овони кўдакӣ майли рассомӣ дошт, бемории сироятии озим куллан ношунаво намудааст.

Табиист, ки дар оила муоширати маишии одие мавҷуд буд. Гуфтори бо омову ишора хеле зуд барои ман фаҳмо шуд ва баъдтар барои ҳамешагӣ  мавзўи тадқиқоти ҳаматарафа гардид.

Бозгашт ба гузаштаи дури таърихӣ, замони пайдоиши забони ибтидоӣ, ки ишоративу овозӣ буд, давраи омўзиши ношунавоён аз замони эҳё то асрҳои XVII-XIX-и рушди низоми таълиму тарбияи махсус, инчунин аксарияти мубоҳисаҳои муосир на танҳо мураккабии масъалаи муоширати ношунавоён, балки қобили истифода будани забони Ишоратро (ЗИ) тасдиқ менамояд.

Афсўс, роҳҳои ташаккул ва инкишоф хеле мушкилгузар буданд: дар Аврупо мубоҳисаи тўлонӣ дар мавриди интихоби усулҳои асосии забономўзии ношунавоён бо қарори Конгресси Байналмилалии сурдопедагогҳо (Милан, с.1880) ҷиҳати аз мактабҳо дур кардани «забони имову ишорати  панҷавӣ»  хотима ёфт.

Дар Русия нисбати интихоби воситаҳои муошират дигаргунтар муносибат карда, роҳи демократиро пеш гирифтаанд: таълимоти умумии «Бо сухан метавон наҷот дод» бо шиори алоҳидаи «устод на бояд садди истифодаи забони  табиӣ аз ҷониби кўдаки ношунаво бошад» муккамал мешуд. Ин усул дар ҳамҷоягӣ бо низоми муштараки амрикоии муошират, ки ба манфиати шахсони ношунаво «бархурди озодро» нисбати «забони ибтидоӣ» дар назар дорад, нерўманд буда хеле ояндадор ба назар мерасад.

Ҳар дуи ин усул дар садсолаи мо ҳоло инкишофи глобалӣ пайдо намуда, асоси билингвизм гардидаанд. Дар замони муосир усули билингвавӣ, ки дар таълими ношунавоён бомуваффақият истифода мегардад, имкон медиҳад то имкониятҳои интихоббахши сухан ва ишорат ба пурагӣ истифода шавад. Бештар аз ин ҳоло вақте аст, билингваро ҳамчун муносибати дузабона, дар ҷиҳати нав низ дар назар гирем: таҳлили муқоисавии рамзҳои ишоратӣ инчунин, омўзиши низомҳои ишоразабонӣ дар ҳудуди кишвар, минтақа,  қитъа ба сўи наздикшавии онҳо бо омўзиши баъдии бо забони хориҷӣ, масалан, ишоразабони ношунавоёни Русия ба нақшаи таҳияи падидаи нав: Забони ишоравии Байналмимиллаи ношунавоён.

Ташакулли инкишофи он, истифодаи он ҳамчун низоми табиии рамзӣ, ки муоширати озод ва интиқоли маълумотро таъмин менамояд, танҳо дар ҳолати иштироки бевоситаи соҳибони ЗИК имконпазир аст…

Идомаи ин сарсухан ба китоби “Забонҳои дӯстӣ”-ро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонед.

Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд