Забони миллӣ ва таърихи миллат
Дар арафаи 35 солагии истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҳозир Ҳукумати кишвар барои ҷашни он чорабиниҳи зиёдеро ба нақша гирифта истодааст, дар тамоми соҳаҳои зиндагии иҷтимоии кишварамон ҳаракатҳои созандае ба назар мерасад, ки онроҳ албатта забони миллии мо фарҳанги бойи касбӣ ва мардумиро низ ҷойи худро хоҳад дошт.
Таърихи замони истиқлолии мо дар забони мо, ки чун забони давлатӣ аз соли 1989 барқарор гардид, инъикос ёфтааст. Забон низ миллати моро чун як омили таърихсоз ва ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллӣ ҳама вақт ҳамроҳи кардааст. Хусусияти забони миллии мо он аст, ки на танҳо забони миллати мо будааст, балки ба он чандин халқҳои дигар низ истифода бурдаанд.
Албатта ба назари ҳар касе, ки дар мавзўи забони тоҷикӣ чизе менависад пеш аз ҳама таърихи забон, ҷойи он дар таърих ва ояндаи он дар таърихи миллати мо ба ёдаш мерасад. Ҷойи ниҳон доштан нест, ҳастан одамоне,ки ба назари онҳо дар ин замон забони адабии тоҷик танҳо коҳиш ёфта ва аз асолати худ дур гардидааст. Ба назари олимони соҳа агар бо дидаи таҳқиқва одилона ба ин масъала назар карда шавад, ба равшани ошкор мегардад, ки дар ин давра забони тоҷик ба таври бесобиқа рушд намуда ва бештар пурбору коромад гардидааст». Даҳҳо ва шояд садҳо калимаҳои тоҷикӣ додаанд, мардуми саросари кишвар ба ин калимаҳо ва истилоҳоти худӣ одат кардаанд, яъне онҳо иҷузъи саводи умумӣ гардидаанд. Вале бояд гуфт, ки дар атрофи калимаҳои худиву бегона баҳсҳои бесару нуг, андешаҳои носуфтаю дағал хеле бисёранд. Баъзан шахс шубҳа мекунад, оё ин шахсон магар дар байни мо тавваллуд ёфта калон шудаанд ё аз осмон фуруд омадаанд. Баъзан оддитарин калимаҳои умумӣ ё лаҳҷавиро сарфаҳм намераванду оиди забони пур аз калимаҳои бегона сўҳбат мекунанд. Ба як чиз диқнамедиҳанд, ки дар дунё миллати аз ҷиҳати этники тоза несту, забони ҳеҷ яке аз миллатҳо наметавонад бе истифода аз дигар забонҳо вуҷуд дошта бошад, вақте, мо ба ин баҳсҳо таваҷҷўҳ кардем, дидем, ки аксарият китоби хеле миллатдўстона ва илмӣ навиштаи Президенти кишварамон, Пешвои миллатамонро зери унвон «Забони миллат-ҳастиимиллат»-ро нахондаанд.
Махсусан баҳсҳо оиди тоҷикӣ ё форсӣ будани забон моро нигарон кардааст. Чунки аз рўи оддитарин фикри мантиқӣ маълум аст, ки ҳар забон бояд аз номи халқаш бошад, на баракс. Гарчанде, баъзе миллатҳо баъд ба вуҷуд омада метавонанд забони дигар миллаҳоро аз худ гўянд. Ё аз омезиши ду забон як забон ба вуҷуд ояд. Аслан ҳамаи забонҳо ибо ҳамдигар дар ин ё он ҷанба кумак мекунанд ва онҳоро ҷудо кардану калимаҳои аз тарафи забони мардум қабулшуда ва ҳалшударо бегона гуфта аз забон баровардан забони миллатро суст кардан, онро камбағал кардан аст. Мо наметавонем ҳамаи калимаҳои арабӣ, туркӣ, русӣ, ҳиндӣ, англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, немиситалявӣ, ва ғайраро аз доираи истифода берун кунем. Як ба забонҳо даврӣ ва форсӣ нигоҳ кунед. Онҳо пур аз калимаҳои на танҳо арабӣ ва ҳиндӣ шудаанд, балки садҳ калимаҳоро аз забонҳои аврупоӣ гирифта истифода мекунанд. Ба назари ман, ки як шаҳрванди оддиям ин баҳсҳо ҳеҷ маънӣ надоранд. Беҳтараш тадқиқоти илмие анҷом дода роҳи беҳтари зебо кардани забон, такмил додани онро пешниҳод намояд ҳазор бор беҳтар аст. Ба назари ман Президенти кишварамон хеле дақиқу аниқ андешаҳои мо мардуми оддиро дар саҳифаи авали китобашон «Забон-миллат-ҳастии миллат» ифода намуданд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ вар ости миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Агар чунин аст, чаро ҳофизаи таърихи и миллати моро бояд ду се нафар тангназар аз бойигариҳои дар раванди таърих ҷаъм овардааш тоза намоянд.
Пас чӣ ҷойӣ баҳс аст дигар чун забони мо, ки тоҷикӣ ном дорад ва таърихан онро мо бо даҳҳо халқҳои Хуросону Эрони таърихӣ, Ҳиндустону Покистони имрўза тақсим кардаем. Онҳо аз мо гирифтаву мо аз онҳо гирифтаем ва як таърихи томи забони худро ба вуҷуд овардаем.
Зумратбӣ Эмомзода
Сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба
истифодабарандагон