Зафар Сайидзода. “Чӣ гуна бояд забон омӯзем?”

Зафар Сайидзода“Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Бузургии миллатро, пеш аз ҳама, аз он эҳсос кардан мумкин аст, афроди он забони миллии худро то чӣ андоза ҳифзу эҳтиром менамояд. Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва ҳар шахсе, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони модарии худ дӯст медорад, бояд ин нуктаро ба тамоми ҳастиаш дарк карда, аз рӯи он амал намояд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз ҳар нависанда, рӯзноманигор, тарчумон ва ҳар касе, ки бо сухан сари кор мегирад, – ин заруратро ҳис мекунад, ки бояд дар бораи забон андеша намояд ва дар чораандешӣ баҳри пешгирӣ кардани амалҳои харобиоваре, ки дар забони адабӣ ҷараён доранд, саҳм гирад.

Ҳар халқу миллате ба ҳамон андозае, ки марзҳои зиндагии моддӣ ва андешаи маънавии худро густариш медиҳад, забони худро тавонотар ва умри онро дарозтар менамояд. Зеро ҳамон гуна, ки ошкор аст ва таърихи инсоният нишон медиҳад, забон падидаест, ки монанд ба мавҷудоти зинда аст, рӯзе ба дунё меояд, замоне ба ҳаёти худ идома медиҳад ва чун неруи зиндагиашро аз даст дод, умраш ба охир мерасад. Тули умри ҳар забон вобаста ба неруи ҳаётӣ ва қувваи офаринишу созандагии соҳибони забон аст.

Аҳли забонро метавон ба сокинони шаҳре монанд кард, ки меъморони он забон сохтаанд ва ин меъморон шоирон, нависандагон, олимон, мутафаккирон мебошанд. Меъморони асили забони тоҷикӣ низ ҳазорон сол пеш калима ба калима ин забонро ҳамчун меъморони моҳир канори якдигар чидаанд ва бақои ин забонро барои садсолаҳо муайян сохтанд.

Акнун вазифаи мо – сокинони шаҳри забони тоҷикӣ – аст, ки ин мероси гаронқадрро, ки гузаштагони некномамон аз худ ёдгор гузоштаанд, посдоррӣ ва ҳифзу ҳиросат кунем.

Равшан аст, ки аҳли ин шаҳр – шаҳри забони тоҷикӣ – дар асри бисту якум бо ниёзҳо ва мушкилиҳои хосе рӯбарӯянд. Вале онҳо набояд аз ин мушкилиҳо ҳаросанд, балки ҷидду ҷаҳд намоянд ва нагузоранд, ки ин мероси гаронбаҳои барҷоймонда аз ниёгонашон вайрон шавад. Ҳаргиз ба он роҳ надиҳанд, ки сохтори асили забонашон хароб гардад ва зарфияташро аз даст диҳад. Барои он пайкор кунанд, ки зарфияту ғунҷоиши забонро густурдатар созанд, то ин ки вожаҳою таркибҳои дар он буда ва дар оянда воридшаванда асилу солим нигоҳдорӣ гарданд. Ҳама талоши лозимро анҷом диҳанд, ки ин забони ширину шево садҳо соли дигар барои наслҳои ояндаи тоҷик хидмат кунад ва ҳамчуноне, ки мо, имрӯзиён, забони Рӯдакиро мефаҳмем, баъд аз ҳазор сол ояндагон забони моро фаҳманд.

Забони тоҷикӣ забонест, ки андеша, андеша, ҳувийят ва халқияти моро шакл додааст ва зарифтарину зеботарин ҷанбаҳояш ба хусусияти миллии мо табдил гаштаанд. Забони тоҷикӣ унсури ваҳдатбахш, рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллии мост.

Забони тоҷикӣ забони илм, адабиёт, калом, мантиқ, фалсафа аст. Агар ба китобҳои таърихӣ назар андозем, мебинем, ки ин забон дар ҳама замон ва дар тамоми риштаҳои илм қудрати баён доштааст.

Забони тоҷикӣ забонест, ки дар тӯли ёздаҳ садсола асолаташро нигоҳ доштаву зинда аст ва зинда хоҳад монд. Сурудаҳои Рӯдакӣ – падари шеъри форсӣ – баъд аз ёздаҳ садсола ҳанӯз ҳам барои мо фаҳмоянд:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона чун наку бингарӣ ҳама панд аст.

Ё ин байт:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Имрӯз ҳар як мактабхони тоҷик забони ашъори Рӯдакӣ, достонҳои “Шоҳнома” ва рубоиёти Хайёмро ба хубӣ мефаҳмад. Осори Шекспирро, ки чаҳор сад сол пеш суруда шудааст, англисизабонон – бидуни ба забони имрӯз баргардондан – намефаҳманд.

Ин суханони нағзи донои Тӯс чӣ содаву фаҳмост:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Дигарон ба забони мо шеър месароянд ва забони моро меситоянд. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар оташи ишқи мо месӯзад:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

Ҳалқа гирди ман занед, эй равшанони обу гил,

Оташе дар сина дорам аз ниёгони шумо.

Суруди миллии Покистон ба забони тоҷикӣ аст. Бисёре аз андешамандон ва бузургони илму адаб ва сиёсати Покистон бо забони тоҷикӣ ошноӣ доранд.

Дар бисёре аз биноҳои даврони ҳукмронии муғул дар Ҳиндустон ашъори тоҷикӣ дар рӯи котибаҳои мармарин ҳаккокӣ гардидааст.

Дар сароҳо ва кохҳои ҳукуматдорони турки усмонӣ катибаҳо ба забони тоҷикӣ ва бо хати заррин нигошта шудаанд. Он гоҳ барои мо гуноҳе набахшиданӣ аст, ки дар гаҳвораи забони азизро густариш надиҳем.

Агар замоне Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва садҳо ниёгони бузургамон бо осори оламгирашон забони тоҷикиро аз нав зинда карданд ва онро шуҳраи офоқ намуданд, чаро мо имрӯз барои нигоҳ доштани забони падаронамон кӯшиш накунем? Чаро ба ояндагон густураи забони тоҷикиро нишон надиҳем? Мо бояд, ҳар чи дар тавон дорем, аз вожаҳои тоҷикӣ баҳра барем ва тоҷикона сухан гӯем. Зеро миллати мо тоҷик ва забонамон тоҷикӣ аст. Забони мо мояи ифтихори мо, тоҷикон аст. Моро ба ин забон мешиносанд. Магар мешавад тоҷик бошем ва забони тоҷикиро пос надорем?!

Агар аз хондани ин ҳарфҳо чанд лаҳза бозистем ва як ҳафтаномаи ватаниро гирифта, фақат чанд ҷумлаашро хонем, бо таассуф иқрор мешавем, ки забони адабии тоҷикӣ дар ҳақиқат ҳам ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад. Ва даъватҳои дилдодагони лафзи модарӣ аз ҳамватанон барои посдории  забон на танҳо даъват, балки як навъ изтиробанд…

Идомаи ин мақолаи донишманди шинохтаи тоҷик Зафар Сайидзодаро шумо метавонед аз китоби ӯ бо номи”Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ” бихонед. Ин китоб соли 2019 чоп шуда, ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.

Таҳияи Зебонисо Калонова.