«Захираи хоразмшоҳӣ»-и Ҷурҷонӣ дар Китобхонаи миллӣ
Фарзандони донишманди маъруф, доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, Арбоби шоистаи санъати РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон шодравон Ҷӯрабек Назриев боз 32 нусха китоби дигар аз китобхонаи шахсии падари бузурвори худро ба гўшаи китобҳои олими шинохта тақдим карданд. Хонандагон ба Гӯшаи китобҳои Ҷӯрабек Назрӣ метавонанд дар “Толори академикон ва докторони илм” шинос шаванд.
Яке аз ин китобҳо «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоил ибн ал-Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Ҳусайнӣ ал-Ҷурҷонӣ мебошад. Китоб соли 2021 чоп шуда ва муҳаррири масъули он Ҷӯрабек Назрӣ мебошад.
«Захираи хоразмшоҳӣ» асари барҷастатарин, машҳуртарин ва бузургтарини Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонист, ки номи ўро дар таърихи илми тибб машҳур гардонидааст. Китоби мазкур дар таърихи илми тибб нахустин ва барҷастатарину муфасалтарин асари энсиклопедии тиббӣ мебошад, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ таҳия шудааст. Дар он номи анвои бемориҳо ва дардҳо – аз мўи сар гирифта, то нохуни по ва тарзи муолиҷаи онҳо, номи анвои доруҳо, гиёҳони тиббӣ ва хўрокӣ, анвои ҷонварону хосияти онҳо, навъҳои меваҳо ва хўрокҳову маъҷунҳо ва фишурдаҳову ҳалвоҳо ва ғайраву ҳоказо омадааст, ки сабаби шуҳрат ёфтани ў ҳамчун табиб ва ҷовидона гардидани номи ў дар қатори дигар донишмандони тоҷик ба монанди Абўалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон гардидааст. Ин китоб аз 65 ҷузъ, 78 гуфтор (мақола) ва 1197 боб иборат аст. Ба хотири ошноии ин китоб феҳристи мухтасари онро айнан дарҷ мекунем:
Китоби якум – дар бораи шинохти ҳадди тиб ва манфиати он, шинохти ҷисми инсон, унсурҳо, хилтҳои чоргона (хун, балғам, сафро, савдо), мизоҷҳо, одатҳо, ташреҳи андомҳо буда, аз шаш гуфтор иборат аст.
Китоби дувум – дар бораи шинохти ҳолатҳои тани одам аз тандурустӣ ва беморӣ, навъ, сабаб ва нишонаҳои онҳо, шинохти набз, аҳволи ихроҷоти бадан (арақ, бавл, ғоит ва ғ.) нуҳ гуфторро дар бар мегирад.
Китоби савум – дар бораи тадбири нигоҳ доштани тандурустӣ, тадбири ҳаво, маскан ва шинохти ҳолати онҳо, тадбири таому шароб, хобу бедорӣ, ҳаракату сукун, шинохти аҳволи либосҳо, чизҳои муаттар, истифода бурдани равғанҳо, тадбири қай кардан ва доруи мусҳил хўрдан, тадбири хун гирифтан (фасду ҳиҷомат), ҳуқна (клизма) ва шиёф (супозиторий), тадбири нишонаҳои равонӣ (чун шодӣ, андўҳ, андеша ва ғ.), тадбири нишонаҳои пеш омадани беморӣ, тадбири нигоҳубини тифлон, тадбири пирону мусофирон буда, аз ду қисм ва ҳар қисме аз ҳафт гуфтор иборат аст.
Китоби чорум – дар бораи шинохти ҳар як беморӣ, авҷи буҳрону пешомади он аст ва чор гуфтор дорад.
Китоби панҷум – дар бораи навъҳои таб, сабаб, аломат ва илоҷи онҳо буда, дорои шаш гуфтор аст.
Китоби шашум – дар бораи навъҳои муолиҷаи ҳамаи бемориҳое мебошад, ки аз сар то по падид меоянду бисту як гуфторро дар бар мегирад.
Китоби ҳафтум – дар бораи илоҷи омосҳову решҳо, тадбири шикофтану доғ кардан, илоҷи андоми фосидшуда, тадбири шикастагӣ, озурдагӣ ва ҷароҳатҳо буда, ҳафт гуфторро муттаҳид менамояд.
Китоби ҳаштум – дар бораи тадбири покизагиву оростагӣ буда, се гуфтор дорад.
Китоби нуҳум – дар бораи навъҳои заҳру подзаҳр аст ва шаш гуфторро дар бар мегирад.
Китоби даҳум – дар бораи тартиб додани карободин баҳс карда, аз ду гуфтор иборат аст.
Хонандаи азиз! Китоби «Захираи хоразмшоҳӣ»-ро метавонед аз Толори кормандони илми Китобхонаи миллӣ дархост намуда, мутолиа намоед!
Таҳияи Бибираъно ҶӮРАЕВА,
мудири бахши китобҳои махсус