Захираи китобхонаи шахсии Аҳрор Мухторов дар Китобхонаи миллӣ

Дар Шуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ 34 китобхонаи шахсии академикҳо ва докторони илм амал мекунанд, ки захираи ҳар кадоми онҳо дорои осори арзишманди илмиву таърихӣ буда, метавонанд талаботи иттилоотии ашхоси риштаҳои гуногуни илмро қонеъ гардонанд. Мо кормандони шуъба тасмим гирифтем, ки барои шиносоии бештари хонандагон ба ин осори арзишманд оид ба фаъолияти ҳар як китобхонаи шахсӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намоем.

Инак шуруъ мекунем, аз фаъолияти Китобхонаи шахсии академик Аҳрор Мухторов.

Доктори илми таърих, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҳрор Мухторов дар рушду нумўи илми таърихи ватанӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Самтҳои асосии фаъолияти илмиашон сарчашмашиносӣ ва таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон мебошад. Ҳамзамон академик Аҳрор Мухторов тавассути асару мақолаҳои пурарзиши илмиашон таъриху маданияти ду минтақаи азими тоҷикнишин – Ўротеппаю (ҳоло Истаравшан) Ҳисорро хело муфассалу мушаххас мавриди омўзишу таҳқиқ қарор додаанд.

Устод дар илми таърихи ватанӣ аввалин нафаре мебошанд, ки дар омўзишу таҳқиқи катибаҳо қадамҳои устувор гузоштаанд. Маҳз бо ташаббуси устод даҳо ва садҳо катиба, шоҳиднома, айбнома, ҳукумнома ва ғайраҳо пайдо шуданд, ки барои омўзиш, таҳқиқ ва таҳлилу баррасии муаммоҳои таърихи халқамон кумак расонид. Ба қалами устод беш аз 80 асар ва 500 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ тааллуқ доранд.

Устод Аҳрор Мухторов дар давраи таҳсил дар аспирантура ҳамзамон ба ҳайси мудири Шуъбаи дастхатҳои Шарқи Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кору фаъолият кардаанд. Лаҳзаҳои ҷолиби фаъолияти кории устод дар Китобхона дар мақолаи эшон, ки таҳти унвони «Таҳкурсии илму дониш» дар маҷаллаи «Фарҳанг» (2007. – №2. – С.48-52.), ба табъ расида буд, пурра инъикос ёфтааст. Ин ҷо мо зарур донистем, ки барои хонандагони гиромии сомона, як порчаи нақли худи устодро айнан иқтибос биёрем: «Ҳангоме, ки ман аспирант будам, роҳбари кори илмиам профессор А. А. Семёнов эҳтиёҷи кормандон, ки он вақт аксар ҷавонон буданд, ба ҳисоб гирифта, бо роҳҳои гуногун баъзан ғайри қоидаву қонуни мавҷуда, ёрӣ мерасонид. Масъалан, ў медонист, ки ман аёлманд ҳастам. Маоши ками аспирантӣ барои зиндагӣ кифоя надошт. Ў чунин вазъиятро ҳис намуда, боре маро ба ҳузури худ талабид.

Дар хонаи кори устод як нафар хонуми миёнсоли зебочеҳра, ки дар тан либоси замонавӣ дошт, нишаста буд. Баъди муаррифии устод маълум шуд, ки хонуми мазкур директори Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ Омина Баҳодуровна Каримова будааст. Ў ба назди профессор омадааст, ки як нафар шахсе, ки хатти арабиро хонда тавонад, ба кор даъват намояд. Шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи номбурда мудир надошт. Чунин кас дар ҷои дигар пайдо нашуд ва ҳоло директори китобхона ба назди профессор барои кўмак хостан омадааст. А. А. Семёнов бо ҳамин сабаб маро ба ҳузури худ хонда буд. Суҳбати Каримова бо ман дар ҳузури А. А. Семёнов ба манфиати кор ҳал шуд. Он вақт ман чун аспирант будам, барои кор дар ҷои дигар ҳақ надоштам. Вале «ҷавобгарӣ»-ро устодам ба зимаи худ гирифт. Ў як тирро ба ду, ҳатто ба се нишон расонид. Аввал ин, ки эҳтиёҷи китобхонаро баровард. Дигар ҳамин, ки шароити зиндагии маро беҳтар гардонид. Аз ҷои нави корӣ ман 140 рубл маош мегирифтаги шудам. Саввум ҳамин, ки дар китобхона махсусан дар шуъбаи китобҳои қаламӣ, кор карда, барои рисолаи худ мавод гирд овардан имконияти фаровон дошт.

Хизмати ман ба сифати мудири шуъбаи дастхатҳо барои кори илмии оянда самараи хуб дод. Ҳангоми қабули якчанд ҳазор дастнавис ман бо ҳар кадоми он шинос шуда, барои мавзуи худ кадоме аз онҳо зарурат доштанашро ба худ хотира намудам».

Имрўз дар Китобхонаи миллӣ захираи Китобхонаи шахсии академик Аҳрор Мухторов ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешавад ва ҳамарўза  аз ин захира хонандагон истифода менамоянд. Дар захираи Китобхонаи шахсии устод 2811 нусха китоб маҳфуз аст ва аз ин ҳисоб 686 нусха ба забони тоҷикӣ, 1139 – ба забони русӣ, 357 – бо ҳуруфи форсӣ, 124 – ба забони англисӣ, 125 – ба забони дигар халқҳо ва 380 нусха маҷалла ташкил медиҳад.

Дар захираи Китобхонаи шахсии устод чунин асарҳои арзишманди илмӣ ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки намунае аз онҳоро пешниҳод менамоем.

  1. Мухторов, А. Ҳокимони Ўротеппа. – Душанбе, 1996. – 184 с.
  2. Мухторов, А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе: Олӣ

Сомон, 1997. – 76 с.

  1. Мухторов, А. Нусхаҳои тозаи осори Зуфархон. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 51 с.
  2. Мухторов, А. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон.– Душанбе: Ирфон, 1984. – 205 с.
  3. Мухторов, А. Мероси ниёгон. – Душанбе: Шарқи Озод, 1999. – 149 с.
  4. Мухторов, А. Таърихи Ҳисор. – Душанбе: Бухоро, 2015. – 448 с.
  5. Мухторов, А. Академик Бобоҷон Ғафуров. – Душанбе: Ирфон, 1998.– 183 с.
  6. Мухторов, А. Шаҳрҳои Афғонистон. – Душанбе: Деваштич, 2003.– 94 с.
  7. Мухторов, А. Бобоҷон Ғафуров. – Душанбе: Дониш, 1992. – 152 с.
  8. Мухторов, А. Ҳисор: Очерки таърихӣ. – Душанбе, 1999. – 30с.
  9. Мухторов, А. Сирри Мазорҳо.– Душанбе, 1964. – 49 с.
  10. Мухторов, А. Санг ҳам диле дорад. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 112 с.
  11. Мухторов, А. Асрори номаҳо. – Душанбе: Афсона, 1998. – 156 с.

14.Мухторов, А. Авроқи рангини таърих. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 389 с.

  1. Мухторов, А. Рўдакӣ ва мероси ў. – Душанбе: Дониш, 2008. – 126 с.
  2. Мухторов, А. Курушкада, Истравшан, Уротеппа. – Душанбе: Амри илм, 2000. – 100 с.
  3. Мухторов, А. Аз таърихи фарҳанги Мовароуннаҳр. – Душанбе: Амри илм, 2001. – 153 с.
  4. Мухторов, А. Шиблии Истравшанӣ. – Душанбе: Амри илм, 2000. – 36 с.
  5. Мухторов, А. Афшин Ҳайдари Уструшанӣ бузургтарин лашкаркаши Араб (асри IX). – Истаравшан, 2005. – 101с.
  6. Мухторов, А. Зуфархон Ҷавҳарӣ. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 48 с.
  7. Мухторов, А. Ҳокимони Ҳисор. – Душанбе, 1996. – 48 с.
  8. Мухторов, А. Таърихи халқи тоҷик (асрҳои XIV-XIX).Китоби дарсӣ барои синфи 8. – Душанбе: ҶДММ Офсет, 2009. – 168 с.

Аз хонандагони гиромии Китобхонаи миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки аз захираи гаронбаҳои Китобхонаи шахсии устод Аҳрор Мухторов истифода намоянд.

Сулҳия Иброҳимова,
мутахассиси пешбари
Шуъбаи рисолаҳои илмӣ.