Зайдон Ҷурҷӣ. Насрнависи муваффақи араб, ки ба Волтер ва Александр Дюма пайравӣ мекард

zajdonЗайдон Ҷурҷӣ 14 декабри соли 1861 дар Бейрут ба дунё омадааст. Нависанда, рўзноманигор ва муаррихи масеҳии мисрӣ. Яке аз нахустин мутафаккиронест, ки ба назарияи миллигароии арабӣ мусоидат кардааст. Дар хонаводаи тоҷири хурди насронӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1881- 1882 дар коллеҷи пизишкии Бейрут таҳсил намуд. Солҳои 1880 ба Миср мухоҷират карда, моҳномаи «ал- Ҳилол»-ро таъсис дод ва аз пешоҳангони романи таърихӣ дар адабиёти нави арабӣ гардид.

Соли 1885 нахустин китоби вай бо унвони «ал- Алфозу- л- арабия ва л- фалсафату- л- ғувийя» дар Бейрут мунташир шуд ва ба ин муносибат ў узви Анҷумани салтанатии осиёӣ гардид. Дар ҳамон сол ба Лондон сафар кард ва бо осори шарқшиносон ошно шуд. Пас аз бозгашт ба Қоҳира зимистони ҳамон сол бо пешниҳоди дўсташ Яъқуби Сарруф дар маҷаллаи «ал- Муқтат» ба кор пардохт.

Дар ҳамин давра ў бо ховаршиносони машҳур Т. Нёлдеке, Б. Голдсиер, И. Крачковский ва Н. Маргилус робита пайдо кард ва ба таълифи осори илмӣ- таърихии худ: «Таърихи Миср» (1889), «Таърихи Юнону Рум» (1899), «Таърихи тамаддуни исломӣ» (1906), «Таърихи араб қабл аз ислом» (1908), «Таърихи адабиёти араб» (1911) шурўъ кард.

Соли 1908 ба Истанбул, соли 1912 ба кишварҳои Аврупо ва соли 1913 ба Фаластин сафар кард, ки ин мусофиратҳо ба ҷаҳонбинии ў таъсир расониданд.

Зайдон Ҷурҷӣ муаллифи 22 романи таърихӣ буда, дар адабиёти араб маҳз ба туфайли ҳамин осор шуҳрат ёфт. Романҳои «Пешвои Карбало» (1901; дар боби кушта шудани Имом Ҳасан ибни Алӣ), «Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф» (1902; дар боби сулолаи Банӣ Умайя), «Фатҳи Андалус» (1903), «Абумуслими Хуросонӣ» (1905), «Аббоса духтари Ҳорунуррашид» (1906), «Арўси Фарғона» (1908) ва «Салоҳуддини Айюбӣ» (1913) ба қалами ў мутаалиқанд.

Мақсад аз таълифи ин романҳо ошно кардани мардуми араб бо фарҳангу таърихашон буд. Дар миёни ин силсила 17 романи ў ба таърихи арабу ислом то асри Салоҳуддини Айюбӣ бахшида шудаанд. Чаҳор роман мутааллиқ ба таърихи ҷадиди Миср ва яке ба таҳаввулоти сулолаи туркони усмонӣ аст.

Зайдон дар нигориш таҳти таъсири романнависони Аврупо, бавижа Волтер ва Александр Дюма буд. Ў агарчи натавонист ба сатҳи ҳунарии онҳо бирасад, аммо дар ин замина дар адабиёти араб муваффақ будааст. Дар ин романҳо Зайдон мақсад гузоштааст, ки воқеаҳои гузаштаро дар раванди дигаргунии ҳаёти сиёсии олами араб ривоят кунад. Аз ин рў, ҷанбаи таълимӣ ва саргармии романҳо нисбат ба ҷанбаи ҳунарии онҳо афзалтар аст.

Бисёре аз романҳои Зайдон ба чандин забонҳои мардуми олам – англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ, форсӣ, туркӣ, ҳиндӣ баргардон шудаанд. Ва аммо бузургтарин асаре, ки ўро бештар машҳури дунё кард, китоби «Таърихи тамаддуни исломӣ»-и ўст. 21 августи соли 1914 дар Қоҳира аз дунё гузаштааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 604.

Муаллиф:  Т. Мардонӣ

Библиографияи миллӣ