Зайнабхон Илҳомҷонзода: Вақте Восеъро ба қатл расонданд, гиристам
Ӯ хонандаи синфи 11- и мактаби миёнаи №6-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аст. Аз рӯи номинаи адабиёти муосири тоҷик дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғ” иштирок мекунад. Ҳадафи ҳар иштироккунандаи озмунро ғолибият медонад. Мақсади ӯ низ дар ин рақобат пирӯз омадан ва баланд бардоштани савияи дониши худ аст.
Порае аз гуфтуямонро бо Зайнаб пешкаш меградонем:
–Зайнаб, соли гузашта низ дар даври ҷумҳуриявии озмун ширкат доштӣ. Имсол нисбати соли гузашта чӣ тафовут дорад?
– Тағйирот нисбати соли гузашта дар он аст, соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии 30 роман пешниҳод кардам, ҳоло шумори романҳои хонадаам ба 40 адад расид. Соли 2024 ҳамаи романҳои дар соли 2023 мутолиакардаамро такрор хондам ва повесту қиссаҳои нав, очерку новелла, драма ва дигар осори насрӣ хондам.
-Хондани шеърро дӯст медорӣ ё асарҳои насриро?
– Қироати шеърро дӯст медорам, мутолиаи асарҳои насриро боз бештар. Хондани ғазал ба ман имкон медиҳад дар саҳна худро озод ҳис кунам. Фаро гирифтани наср фикрронӣ, ақида ва мафкураи касро рушд медиҳад.
-Киҳоянд адибони дӯстдоштаат?
– Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ. Хондани асраҳояшонро дӯст медорам. Осори Кароматулло Мирзоев ва Абдулҳамид Самад писандам аст ва аз мутолиаи онҳо хеле чизҳои тоза барои худ кашф мекунам. Ин адибоне, ки ном бурдам, дунёи тамоман дигар доранд, ки кас намехоҳад аз он олам берун шавад.
-Дӯсти беҳтаринат кист?
– Пас аз озмун китоб дӯсти беҳтаринам шуд. Инро касе мефаҳмад, ки ба мутолиаи китоб машғул аст. Солҳои пеш вақти беҳуда зиёд буд, намедонистӣ ба чӣ сарф кунӣ. Пас аз ширкат дар озмун тавонистам вақтамро сарфакорона истифода барам.
–Чаро ин номинаро интихоб кардӣ?
– Соли 2019 дар номинаи адабиёти бачагона ширкат кардам. Баъд аз 3 сол боз дар ин озмун ширкат кардам, дар номинаи адабиёти муосир. Дар ин миён дар озмунҳои дигар иштирок кардам ва тавонистам дар дигар озмунҳо низ ғолиб биёям ва танаффус кунам.
-Асарҳои адибони сатҳи ҷаҳониро низ мехонӣ?
– Бале. Ният дорам пас аз ғолибият дар ин сабқат бо асарҳои адибони дигар ҳам шинос шавам, масалан бо осори адибони классик ва ҷаҳон.
-Мутолиаи китобҳо ба ту чӣ дод?
– Мутолиаи романи “Восеъ”, донишамро дар мавриди гузаштаи мардуми тоҷик, қаҳрамониҳову делерӣ ва мардонагии мардони сазовори тоҷик афзуд. Восеъ як пораи таърихи гузаштаи мост. Ин марди бузург барои мардуми худ чӣ ҷонбозиҳову азхудгузариҳо кард. Пас аз хондан дарку фаҳмиши хонанда дар бораи пешгузаштагони боифтихору асилзода бисёр мешавад ва халқи худро бисёртар дӯст медорад. Хонанда мефаҳмад, ки тоҷик мардоне дошт, ки тавонистанд барои шаъну шарафи миллати худ мубориза баранд. Ман вақти хондани романи Восеъ эҳсосотамро идора карда натавонистам ва вақте Восеъро ба қатл мерасонанд, гиристам.
-Миёни китобҳои зиёди хондаат китобе ҳам буд, ки пас аз хондани он пушаймон шуда бошӣ?
– Ба хондани китобе, ки сар кардам, вақти худро барои он сарф кардам, пас бояд то охир онро бихонам ва дарк кунам. Албатта китобҳое буданд, ки мушкил буд ба даркашон расам ва ҳатто лозим омад ду бор хонам.
Китобе набуд, ки пас аз хондан пушаймон шуда бошам. Вақте ба адабиёти муосир ғуттавар мешавӣ, дигар аз он баромада наметавонӣ.
–Дар бораи адиби писандидаат пурсидам, ҳоло бигӯ китоби дӯстдоштаат кадом аст?
– “Ғуломон”-и Садриддин Айнӣ. Давраҳои сахти мардуми тоҷик ва ғуломфурӯширо тасвир кардааст нависандаи бузург.
Ба қаҳрамони асар Некқадами бечорае, ки аз падару модар ва аҳли хонаводааш ҷудо шуд, дилам сӯхт. Ӯ чӣ қадар азобҳо кашид ва бо ҳамон азобҳо вафот кард. Хеле лаҳзаи аламовар буд.
“Ёддоштҳо”и Садриддин Айниро низ меписандам. Бениҳоят китоби шавқовар аст. Бештар хондани романҳо ва қиссаҳоро дӯст медорам.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.