Зайналобиддини Даргоҳӣ: Робиа шоири ошиқ ё ориф?

Робиа бинти Каъби Қаздорӣ аз шоирони номошнои гумноми қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ аст. Афсӯс ҳаёти ӯ  дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад ва сурудаҳое барҷомонда аз ӯ бисёр андак аст. Ин сурудаҳои андак доварии дақиқ ва ба воқеъ наздик аз арзишҳои фикрӣ ва адабии ин шоирро ба шиддат душвор мекунад.

Қадимтарин санади барҷоймонда аз Робиа матни кӯтоҳе аст, ки Муҳаммади Авфӣ дар “Лубобуалбоб  навиштааст. Дар ин ёдошти кӯтоҳ Робиа бо чаҳор вежагӣ муаррифӣ шудааст:

  • зан;
  • шоир;
  • тавонманд дар сурудани шеъри форсӣ ва арабӣ;
  • Ошиқпеша.

Аммо чӣ иттифоқе рӯй дод, ки ногаҳон яке ду қарн баъд  Фаридуддини Аттор дар маснавии “Илоҳинома”, ки 7290  байтро ташкил медиҳад, беш аз 412 байт достони ишқи Робиаро ба назм кашид (байтҳои 6214-6636 “Илоҳинома”  бо тасҳеҳи Фуоди Руҳонӣ) ва ин ишқи заминии Робиаро бо ғуломи бародараш Бактош ишқи пок ва орифона ҷилва додааст. Вақте ки Бактош ба маҳбуб мерасад ва домани ӯро ба чанг мегирад, Робиа ба он бахтбаргашта ниҳеб мезанад, ки:

Ки ҳон, эй беадаб, ин чӣ далерист

Ту рӯбоҳӣ туро чӣ ҷойи шерист

Наёрад гашт кас пиромуни ман,

Кӣ бошӣ ту, ки гирӣ домани ман 

Аттор аз забони Бактош мегӯяд, ки ҳамон хоки кӯйи туам, ки бароям шеър фиристодаӣ ва “дилам бурдӣ бад-он нақши дилафрӯз” ман ҳастам. Бактош оҷизона мегӯяд:

Чу дар аввал маро девона кардӣ,

Чаро дар охирам бегона кардӣ.

То ин ҷо ҳарфе нест. Равобити ошиқона шояд чунин биталабад, аммо Аттор ин саргардонии маъшуқ (Робиа)- ро як суннати адабӣ ва ё як суннати ошиқона намедонад, балки ҳоле ки Робиа дар ирфон ва сулук ғӯтавор шуда медонад ва сухане мегӯяд, ки матлуби Аттор аст:

Ҷавобаш дод он симинбар он гоҳ,

Ки як зарра найӣ з-ин сир ту огоҳ.

Маро дар сина коре уфтодааст,

Валекин аз ту он корам кушодааст.

Чунон коре, ки ҷойи сад ғулом аст,

Ба ту додам туро ин худ тамом аст.

Туро ин бас набошад дар замона,

Ки ту ин корро бошӣ баҳона.

Ҷолибтар ин ки Аттор ин гуна ишқи ҳақиқии Робиаро бо муҳри таъйидӣ аз Абӯсаид  медонад, ки касе дар ишқи маҷозии Робиа пас аз баёнаш  шак накунад:

Зи зулфи Бӯсаиди Миҳна  дидам,

Ки ӯ гуфтаст, ман он ҷо расидам.

Бипурсидам зи ҳоли духтари Каъб,

Ки ориф буд ӯ, ё ошиқе саъб.

Чунин гуфт ӯ, ки маълумам чунон шуд,

Ки он шеъре, ки бар лафзаш равон шуд.

Зи сӯзи ишқи маъшуқи маҷозӣ,

Бинагшояд чунин шеъре ба бозӣ.

Надошт  он шеър бо махлуқ коре,

Ки ӯро буд, бо ҳақ рӯзгоре.

Камоле буд, дар маънӣ тамомаш,

Баҳона омада, дар раҳ ғуломаш.

(Аттор,1351:6429)

Аттор чунон, ки дар ирфони Робиа таъйидияе аз Абусаид нақл мекунад, барои  он ки касе дар завқи адабии Робиа ҳам тардиде надошта бошад, онро ба таъйидияи Рӯдакӣ ба намоиш мегузорад;

Агар байте чу оби зар бигуфтӣ,

Басе беҳтар аз он духтар бигуфтӣ.

Басе ашъор гуфт он рӯз устод,

Ки он лухтар муҷоботаш фиристод.

Зи лутфи табъ он дилдода дамсоз,

Тааҷҷуб монд он ҷо Рӯдакӣ боз.

(Ҳамон ҷо:6550)

Аттор пардаро болотар мезанад ва мегӯяд: Рӯдакӣ дар маҷлиси шоҳ (бародари Робиа Ҳорис)  ба ҷои сурудаҳои худ шеъри нағзтарини Робиаро хонд, шоҳ шигифтзада аз ин сурудаҳо:

Шоҳаш гуфто:  бигӯ то ин кӣ  гуфтаст,

Ки марворидро  монад, кӣ суфтаст?

Посухи Рӯдакӣ равшан аст: “Ки шеъри духтари Каъб аст, эй шоҳ”. Бо ин ҳама Аттор вақте Робиаро, пас аз буридани раг, дасти ғарқа ба хун дар гармобае, ки дар он гил баста, васф мекунад, ишқ ва дилдодагиро дар авҷи шӯридагӣ ба тасвир мекашад, ки сахт ҷонсӯз аст. Нуктае зариф дар ин бахши тавсиф он аст, ки Аттор Робиаро орифи вораста намебинад, балки ошиқи шӯридаест, ки охирин қатраҳои хунаш мавҷе аз ишқро ҳикоят мекунад. Аттор натавониста, дар ин саҳна ишқи маҷозиро пинҳон кунад ва либосе аз ишқи ҳақиқӣ бар он бипӯшонад:

Се раҳ дорад ҷаҳони ишқ акнун,

Яке оташ, яке ашку яке хун.

Кунун ман бар сари оташ аз онам,

Ки гаҳ хун резаму гаҳ  ашк ронам.

Ба оташ хостам ҷонам, ки сӯзад,

Чу дар ҷони ту натвонам ки сӯзад.

Ба ашкам пойи ҷонон мебишӯям,

Ба хунам даст аз ҷон мебишӯям.

То он ҷо, ки;

Кунун дар оташу дар ашку дар хун,

Бирафтам з-ин ҷаҳон дилхаста берун.

Маро бе ту сар омад зиндагонӣ,

Манат рафтам, ту ҷовидон бимонӣ.

Аттор достон ишқи Робиа ва Бактошро, ки бетардид дар тасвирсозӣ ва шӯридагӣ кам аз достони духтари тарсо ва Шайхи Санъон дар “Мантиқуттайр” нест, ончунон тавонманд тасвир намудааст, ки ҳар он кас пас аз вай аз ишқ  ва шеъри Робиа сухан гуфт, ӯро шӯридаҳол ва ориф қаламдод кардааст. Ғайр аз тазкираҳои маъмул номдорони ирфон ба гоҳи сухан аз Робиа таҳти таъсири нигоҳи Атторанд.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Нафаҳотулунс” ӯро аз зоҳидон ва сӯфиён мешуморад ва бо баргирифтани сухани Абусаид аз “Илоҳинома” бар ин бовариаш сиҳа мегузорад.

Ризоқулихони Ҳидоят вақте ба шарҳи ҳоли Робиаи Балхӣ мерасад, ӯро “дар  ҳусну ҷамол  ва фазлу камол ва маърифату ҳол ваҳидаи рӯзгор ва фаридаи даҳру адвор” ва дар шоирӣ “фориси майдони форсӣ ва тозӣ” (чунон ки Авфӣ гуфта) медонад ва пас аз он нақли дидгоҳи Аттор ва Ҷомӣ ӯро “соҳиби ишқи ҳақиқӣ ва маҷозӣ” дониста ва ишқи маҷозӣ ба Бактош “саранҷомаш ба ишқи ҳақиқӣ кашида” бармешуморад. Ҳидоят пас аз нақли 26 байт аз сурудаҳои Робиа, суруде муламмаъ аз ӯро ҳам меовард. Шигифттар он, ки ончунон шефтаи достони Робиа ва Бектош мешавад ва “Гулистони Ирам” ё “Бактошнома”-ро месарояд ва аз ин маснавӣ 310 байтро дар тазкирааш ”Маҷмаъулфусаҳо”(Ҳидоят; 1382/2: 1993-2006), дарҷ мекунад. Бо ин ҳама Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи “Риёзулорифин” (шарҳи ҳоли урафо, фузало ҳукамо ва шуаро аз Робиа сухан мегӯяд). Маълум нест, чаро Ҳидоят вақте аз бузургони орифи шоир дар “Риёзулорифин” сухан мегӯяд, ҳатто аз Робиаи Адвия ҳам ёд намекунад.

Пажӯҳишгарони рӯзгори мо фаротар аз он чӣ Аттор аз Робиа ба тасвир кашида, нагуфтаанд: Саид Нафисӣ, аллома Қазвинӣ, Бадуъуззамони Фурӯзонфар ва низ Идорачии Гелонӣ, Маликушшуаро  Баҳор, Забеҳуллоҳ Сафо, Ашрофзода ва бисёре дигар ҷуз такрори суханони гузаштагон нуктае навро тарҳ накардаанд.

Шарқшиносон ҳамчун Ҳерман Этеи олмонӣ аз Робиа фаротар аз пешиниён нагуфта, ки мутаасифона гоҳ бо ҳадс ва гумону хатоҳое дигар ҳамроҳ аст. Масалан, Эте ӯро ситояндаи Ғазнавиён донистааст, ки агар Робиаро бо ин сурудаҳои нақлшуда бишносем, бешак гуфтаи ӯ хатост. Эдуард Браун ӯро аз шоирони пас аз Фирдавсӣ  ва ба нақл аз Авфӣ аз шоирони давраи Ғазнавиён ёд мекунад ва дигарон, ки мабнои доварии онон ҳамон тазкираҳост ва “Илоҳинома”- и Аттор.

Ба ҳар рӯй сухан дар ин аст, ки чаро шоире ошиқ бо сурудаҳои ошиқонаи андак, ногаҳон дар тули таърихи адабӣ ба орифе шӯрида бадал мегардад. Робиа вақте ки шефтагии Бактошро мебинад, ки бар домани ӯ чанг зада шоистаи таваҷҷӯҳ намебинад. Чаро ки дар нигоҳи Аттор ба ишқи ҳақиқӣ расида ва Бактошу Бактошиён дар назари ӯ ба ҳеҷ намеарзанд. Чаро Робиа бар фарзи яқини шоире, ки ошиқи ғуломи бародар шуд ва дар пайи ифшои ин роз бар сари ин шефтагӣ ҳам ҷон супурда бошад,  бино ба табиати инсонӣ ошиқ шудан ва бино ба заруратҳои иҷтимоӣ хадшадор кардани ҳайсияти иҷтимоии хонавода ва бародари соҳибқудрат, ба кайфари ин амал муҷозот шудан, ҳаққи марг, достоне нест, ки нав дар тули таърихи зиндагии иҷтимоии мо номуқаррар бошад. Аммо чӣ шуд, ки Аттор ва дигарон аз Робиа ва Бактош қаҳрамонони ишқ барсохта, он ҳам як сӯйи ин дилдодагии маҷозӣ набошад ва ҳақиқӣ месозанд ва менамоёнанд.

Аттор дар “Тазкират-ул-авлиё” аз Робиаи Адвия сухан гуфта ва дар асари дигараш “Илоҳинома” аз Робиа бинти Каъб. Ҳар ду аз банд растаанд ва дар домани ишқ гирифтор, яке аз оғоз дар ишқи ҳақиқӣ ғӯтавор буд, дигар дар ишқи маҷозӣ. Аммо дар низоми андешаи Аттор ишқи маҷозӣ қобили тавҷеҳ нест, ногузир бояд Робиаро фаротар аз он чӣ ҳаст, бинамоёнад. Ин ҷост, ки ишқи маҷозии ӯ бар мабнои қоидаи куллӣ бояд пуле бошад, то ӯро ба ишқи ҳақиқӣ бирасонад. Шояд достонпардозиҳо дар бораи Робиаи Адвия ва Робиаи Шомия дар ин достон ҳам бетаъсир набуда бошад. Гарчи ду Робиа (Адавия ва Шомия) худ достони дигарест.

Дар нигоҳи Аттор ҳатто он гоҳ, ки Бактош бар домани Робиа меовезад, ҳам набояд маҷозӣ ҷилва кунад. Агар Бактош намоде аз ишқи маҷозӣ ва шаҳвонӣ аст, Робиа набояд ба ин ишқ посух диҳад, ниҳебе бар Бактош мезананд: ки хон, эй беадаб, ин чӣ далерист, ӯро ёдовар мешавад, ки ту баҳонае беш нестӣ.

Ба назар мерасад, ки Аттор дар пайи тавҷеҳ ва тафсир ва ҳатто таъбири ҳолот  ва рафтори орифон ва мунтасибон ба ин роҳ мебошад ва достони ишқи Робиа ва Бактош аз ин нигоҳи Аттор бенасиб намонда ва қобили тавҷеҳ аст. Аттор намоди хиради ҷамъии орифон ва сӯфиён аст, ки бояд чеҳраи мунтасибон ба ин роҳро бо он сӯи олам ҳамранг ва ҳамоҳанг кунад, ҳатто агар ба баҳои тағйири чигунагии зиндагӣ ва ҳолоти афрод ҳам ҳамроҳ шавад.

МАНБАЪ: Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ”. Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори бузургдошти Робиаи Балхӣ. Душанбе, ТҶБ “Истиқбол”, соли 2010.

Ин китобро пажӯҳишгари маъруфти тоҷик Анзурати МАЛИКЗОД мураттаб кардаву мутуни форсии онро ба срилик баргардон намудааст.

Китоби мазкур дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.

Таҳияи Манижа ИБРОҲИМОВА,

мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.