Закариёи Розӣ ва “Китобу-л-асрор”-и ӯ

Закариёи Розӣ“Китобу-л-асрор” (“Китоби сирҳо”) асари Закариёи Розӣ дар боби кимиё, ки дар ибтидои асри 10 бо забони арабӣ навишта шудааст. Дар “Китобу-л-асрор” муаллиф тамоми фанҳои кимиёро ба 3 қисм (дарки моддаҳо, асбобҳо, амалиёт), 4 баҳр (таснифи моддаҳо, асбобҳо, амалиёт ва ҳосил намудани моддаҳои нодир) ва 31 боб тақсим кардааст.

Ӯ дар таърихи кимиё бори нахуст моддаҳоро ба гурӯҳҳо (масалан: моддаҳои минералиро ба 6 гурӯҳ – рӯҳҳо, ҷисмҳо, сангҳо, зокҳо, танакорҳо, намакҳо), намакҳоро ба ҳалшавандаву ҳалнашаванда, минералӣ, наботиву ҳайвонӣ ҷудо карда, роҳҳои дар таҷрибаҳои кимиёӣ истифода бурдани онҳоро баён намудааст.

Дар “Китобу-л-асрор” аз моддаҳои минералӣ дар бораи 5 навъи рӯҳ–моддаи зудбухоршаванда, 7 навъи ҷисм – филиз (оҳан, мис, қалъагӣ, тило, нуқра, сурб), 13 навъи санг, 6 навъи танакор, 11 навъи намак, аз моддаи наботӣ дар бораи ушна ва аз моддаҳои ҳайвонӣ дар бораи мӯй, хун, заҳра, мағзи сар, пешоб, тухм, садаф, шох ва ғайра, роҳҳои дарёфт, тоза, ҳосил кардан ва дар таҷрибаҳо истифода бурдани онҳо маълумот дода шудааст.

“Китобу-л-асрор” аз ҷиҳати сохт ва мазмуну моҳият дар тараққиёти кимиёи асримиёнагии Шарқу Ғарб таъсири бағоят бузург расонда, барои омӯзиши таърихи кимиё аҳаммияти калон дорад.

“Китобу-л-асрор” дар шакли дастхатти арабӣ (аз рӯи маълумоти арабшиноси олмонӣ Л. Флейшер) аз ибтидои асри 19 маълум буда, тарҷумаи пурраи он бо забони олмонӣ, мутааллиқ ба қалами сомишиноси олмонӣ Ю. Руска, соли 1937 ба табъ расидааст. Ҳоло “Китобу-л-асрор” дар намуди 5 дастхат дар китобхонаҳои  ш. Лейпсиг, Ҳиндустон, Донишгоҳи Гёттинген, Эскуриали (Испания) ва Тошканд маҳфуз аст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.  – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 183-184.

Муаллиф: Т.Аҳмадов
Таҳияи Муҳаббат Киром,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ