Зан, адабиёт ва илм
Ин номи китобест, ки соли 2023 Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ нашр кардааст. Китоб дарбаргирандаи як силсила мақолаҳо дар бораи бонувони муваффақ, забоншиносону адабиётшиносони маъруф аст, ки дирӯзу имрӯз дар ин боргоҳи таҳқиқотӣ машғули кор будаву ҳастанд. Мураттибон Анзурати Маликзод, Рахшанда Муҳаммадхоҷаева ва Холиса Раҳимова дар як муқаддимаи басо кутоҳ сабаби рӯи кор омадани китоби пурарзишро ин гуна баён доштаанд:
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рўдакӣ АМИТ шурои бонувон ва шурои олимони ҷавони Институт амал мекунад. Ин ду шуро тасмим гирифт, ки бори аввал дар якҷоягӣ ба ифтихори Рўзи Модар дар институт Конфронси илмӣ дар мавзўи «Нақши бонувон дар рушди илми суханшиносии тоҷик» доир намояд. Конфронс 4-уми марти соли 2022 доир гардид.
Дар Институти мазкур аз замони таъсис то имрўз дар радифи мардон бонувони зиёде низ ба таҳқиқу пажўҳиши илми адаб машғул шудаанд. Аксари бонувони донишманде, ки аз ибтидои таъсиси Институт ба кори тадқиқу баррасии масалаҳои гуногуни забон, адабиёт ва фолклоршиносӣ машғул шуданд, соли равон (2023) 90 – сола мешаванд. Аз ҷумлаи онҳо академик Хуршеда Отахонова, фолклоршинос Фарруха Зеҳнӣ, Тоҷигул Исроилова, Марҳабо Миркамолова ва дигарон 85-ва 90 сола мешаванд. Дар конфронси мазкур аксари гузоришгарон дар бораи роҳи тайнамудаи бонувони донишманди тоҷик дар илми адаб ва пиромуни тадқиқоти муҳимми онҳо малумот доданд, ки барои иштирокдорон ва хусусан насли ҷавони илм муфиду ибратбахш буд.
Маводи Конфронсро дар шакли маҷмўа фароҳам овардем. Бинобар сабаби он, ки конфронс бо ибтикори шурои занон ва шурои олимони ҷавони Институт доир гардид, маҷмўа низ аз ду қисм иборат мебошад. Қисми аввали он дар бораи саҳми бонувон дар рушди илми суханшиносӣ ва қисми дуюми он аз навиштаҳои таҳқиқгунаи олимони ҷавони Институт фароҳам омадааст.
Умедворем, ки ин анъана минбаъд низ дар Институт идома пайдо мекунад ва аз тарафи олимони ҷавон мунтазам маҷмўаҳои илмӣ, ки нишондиҳандаи дараҷаи таҳқиқгарии онҳост, мураттаб ва ба чоп тавсия мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд китоби “Зан, адабиёт ва илм”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.