Зан ва китоб

ИДИГУЛ НУСРАТУЛЛОЗОДАКитобро метавон муҳаббати маърифатзо унвон дод ва онро ба зан шабоҳат кард. Чун ҳарду ба ҳар навъ барои башар ва ҳар ҷомеа тавлидсозан-яке насли инсонро идома медиҳаду дигаре маърифати ӯро.

Мо дар ҳаёти инсоният борҳо шоҳид гаштаем, ки китобҳои зиёд дар сифати занҳо навишта шудаасту иддае ҳам қаҳрамониҳову маърифати волову болои бонувонро акс кардаанд. Аз ин нуктаи назар, ҳаёти занонро дар китоб метавон пурҷилотар ва бомуҳаббаттар дид, ки дар зиндагии воқеӣ низ чунин ҳаётро мушоҳида кардан мумкин аст. Агар занон дар китобҳо руҳи покиву вафодористанд, дар зиндагии воқеи низ аксаран чунинанд…

Дар ҷомеае, ки занон китобхонанд, дар он ҷомеа рушд, ободӣ ва озодии бештар ҳис карда мешавад ва ҷавонони он ҷомеа аксаран соҳибмаърифатанд…

Дар ҷомеае, ки мутолиа одати занонаш қарор гирифтааст, муҳаббат ба ҳаёт ва муносибат дар зиндагӣ афсонависту хушоянд…

…Мардон агар барои занон китоб навишта барояшон тақдим мекунанд, ин занонанд, ки он чи дар китоб навишта шудааст, дар амал татбиқ намоянд…

…Хулас, занони бомаърифат китоби мукаммале ҳастанд, ки дунёро ба таври, ки бояд бошад, месозад…

…Занонро дӯст доред ва худро дар китобе тасаввур намоед, ки қаҳрамонаш ҳамеша сарбаланду дунёсоз аст…

БО ЭҲТИРОМ ИДИГУЛ НУСРАТУЛЛОЗОДА!