Занон дар меҳвари Паём
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа, диққати зиёд дода шудааст.
Пешвои миллат қадру қиммат ва эҳтироми занро ҳамчун Модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар оила нишон дода, қадри онро ҳамчун як ҷузъи нозуку ҳассостарин ва баробари ин як инсони пурқудрат ва неруи бузурги ҷомеа арзёбӣ намудаанд. Қайд науданд, ки: “ Модар муқаддастарин ҷузъиёти олам аст”, “Он сухани хуб ва дӯстдорию меҳрубоние, ки нисбати фарзанди худ мекунад каси дигар ҳеҷ гоҳ карда наметавонад”.Муайян аст, ки имрӯз дар мамлакат соҳаҳое нестанд, ки барои афзалиятноку пешрафти он мавқеи занон хуб ба назар нарасида бошанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастгириҳои занон аз ҷониби Сарвари давлат боис ба он шуд, ки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона намоянд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату хушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар самти роҳбарӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзоянд.
Заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки зан – модар ҳамчун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Натиҷаи талошҳо боис шуд, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ бар дӯш дорад. Мусаллам аст, ки зан- модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқи тоҷик барои пойдории нангу номуси миллӣ, рушди фарҳанг, ҳастии забон ғамхорона ва содиқона хизмат кардаанд.
Ба ёд овардани сифатҳои неку қаҳрамононаи садҳо нафар бонувони таърихии мо чун персонажҳои “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ Таҳминаю Гурдофарид ва дигарон басанда аст, ки онҳо нишонаи олии ватандӯстию фидокорӣ ва далелу равшани эҳтиром ва арҷгузории бузургони гузашта нисбат ба зан- модар мебошад.
Самти дигари муҳими фаъолияти занон дар он аст, ки онҳо дар корҳои сиёсию ҳизбӣ иштироки густарда доранд. Занон ба ҳизбу ҳаракатҳои созанда шомил гардида, талош мекунанд, ки аз тариқи ташкилотҳои сиёсӣ фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро нуронитар кунанд. Сарварере надидаем, ки чун сарвари мо нисбат ба зан -модар ин қадар ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ карда бошанд.
Пешвои миллат махсусан зикр намудаанд: “Пас аз марги падару модар аз аҳволи фарзандони падар хабардор бошанд, ақалан як бор дари хонаи онҳоро кушода аз аҳволашон пурсон шаванд”. Бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони арҷманди мо минбаъд низ ҷавобан ба ин қадар ғамхорию дастгириҳои Пешвои муаззами миллат барои ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, таълиму тарбияи онҳо рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат, ободии Ватани хеш Тоҷикистони азизи хеш нақши арзишманди худро мегузоранд.
Фароғат Толибова, Раиси Шӯрои бонувони Китохонаи миллӣ.