Зарурати чопи нави “Тазкираи адабиёти бачаҳо” дар чӣ буд?
Соли 2015 ба ҷомеаи фарҳангии кишвар хабари чопи ҷилди аввали “Тазкираи адабиёти бачаҳо” расид, ки бидуни шак як рӯйдоди фараҳбахш ба ҳисоб мерафт. Албатта, ин аввалин талоши чопи баргузидаи осори адибони кишвар барои бачаҳо набуд, балки қаблан ҳам ин гуна иқдомҳо буданд ва китобҳо чоп шуданд. Вале Иттифоқи нависандагони кишвар тасмим гирифт “Тазкираи адабиёти бачагон”-ро дар чор ҷилд мураттаб ва ба чоп расонад. Чаро?
Посухи ин суол хеле муфассал ва дақиқ дар сарсухани устоди марҳум Меҳмон Бахтӣ, ки он замон Раиси Иттифоқи нависандагон буданд, омадааст. Сарсуханро комил меорем.
***** **** ****
Донишмандон таърихи чопи нахустин китоби бадеиро барои кўдакони тоҷик соли 1927 донистаанд. Ин солест, ки олими дақиқназар Тўрақул Зеҳнӣ як китобашро бо номи «Таронаи бачаҳо» ба табъ расонд. Яъне, таърихи адабиёти кўдакони тоҷик аз соли нашри ҳамин китоб оғоз меёбад.
Дуруст аст, ки хеле пештар аз ин китобҳои дарсии зиёде барои таълиму тадриси бачаҳо ба табъ расида, мувофиқи мавзўъ ва муҳтавояшон барои кўдакон шеъру ҳикоя ва нақлу ривоятҳои бисёре иншову тарҷума шудаанд. Аммо интишори маҳз осори бадеӣ барои кўдакон дар таърихи ҳаёту адабиёти навини тоҷик ба ҳамин китоб мансуб аст. Ин китоб, чунон ки аз номаш пайдост, маҷмўаи шеърҳост. Бисёр рамзист, ки адабиёти кўдакон бо шеър сар мешавад, зеро асоси ин адабиётро ҳам шеър ташкил медиҳад. Мавқеи ин навъи асари бадеӣ дар адабиёти шифоҳии кўдакон ҳам хеле устувор аст, зеро кўдакон ба мусиқӣ шавқу рағбати бештар доранд ва дарку эҳсоси шеър, ки дар қолаби мусиқӣ назокату таровати дигар мегирад, барояшон аз аллаи модар шурўъ мегардад. Афсонаҳо ҳам, агар бо шеър ё хитобаҳои хушоҳанг оро ёфта бошанд, шавқангезу писандидатаранд.
Дар поягузорӣ ва рушду нумўи адабиёти кўдакон, аз ҷумла бахши назми он, аз устодон Айниву Лоҳутӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризодаву Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакару Маҳмуд Диёрӣ, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Ғаффор Мирзову Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷабу Наримон Бақозода то бисёр қаламкашони хурду бузурги гузаштаву имрўза заҳмат кашидаанду ҳиссагузорӣ кардаанд. Шеъри кўдакони мо ба пояҳои баланди эҷодӣ расида, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума шуда, сазовори қадршиносӣ ва ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шўравӣ ва байналмилалӣ гардидааст, ки ин ҳама бешак боиси хушнудист.
Ин буд, ки «Тазкираи адабиёти бачагон» иборат аз панҷ ҷилд (Душанбе, «Маориф», 1979- 1986) интишор ёфт. Баъдан «Тазкираи адабиёти советӣ барои кўдакон» иборат аз ду ҷилд ( Душанбе, «Адиб», 1989- 1990) рўӣи чопро дид, ки дар тарҷумаи он бисёр адибони мамлакат ширкат варзиданд. Ҷилди нахустини ин тазкираҳо ҳам аз шеър иборат буд.
Сипас, баъди ба истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни зиндагии мо дигаргуниҳои зиёде падид омаданд, арзишҳои адабиву фарҳангӣ тағир ёфтанд, дар шеъри кўдакон ҳам гирумонҳои тозаи чашмрасе пайдо шуданд. Зарурате пеш омад, ки ин соҳаи адабиётро ҳам бо диди нав омўзему баҳогузорӣ кунем, на танҳо ба мавзўъву мазмуни асарҳо, балки ба ҳунар ва шеърияти онҳо низ эътибор диҳем.
Бо ҳамин мақсад Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои нашри нави «Тазкираи адабиёти бачаҳо» камар баст.
Дар омода кардани қисмати назми тазкираи нав, албатта тазкираи пешин як заминаи боэътимод дониста шуд, зеро мураттибони қисмати назми тазкираи пешин- Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Бобо Ҳоҷӣ, дар пажўҳишу гулчини асарҳо заҳмати зиёде кашидаанд.
Тазкираи пешин дар замони худ аз мукаммалтарин ва беҳтарин маҷмўаи осори адибони кўдакон ба шумор мерафт. Бисёрии ин асарҳо имрўз ҳам арзиши адабиву бадеии худро гум накардаанд ва дар радифи беҳтарин шеърҳои даврони мо қарор доранд. Табиист, ки қисмати муайяни ин адабиёт вазифаи таърихии худро анҷом додаанд, аз ин рў ба нашри такрориашон ҳоҷат намондааст.
Дигар, дар тазкираи пешин аз достонҳои шоирони гуногун порчаҳо дарҷ гардидаанд, ки чандон мувофиқи мақсад нестанд. Зеро ин порчаҳо мазмуну муҳтаво ва ғояву ҳадафи достонҳоро возеҳу равшан ифода карда наметавонанд. Аз ин хотир достонҳои нисбатан беҳтару хурдтар пурра оварда ва порчаҳои достонҳои бузургтар аз тазкира бароварда шуданд ва ба ҷояшон намунаи шеърҳои дигари муаллифон, ки ба мазмуну мундариҷаи ин тазкира мувофиқанд, гулчин гардиданд.
Дар тазкираи нав намунаи шеъри бисту ду шоири дигар, ки баъдан ба майдони ин адабиёт ворид шуданд ё дар тазкираи пешин набуданд, илова гардид ва кор чунин бурда шуд, ки аз рўӣи имкон асарҳои беҳтарини даврони истиқлолият гирд оварда шавад.
Бар замми ин, чанд шеъри устод Садриддин Аӣнӣ дар бораи мактабу маориф, шеърҳои «Гурба амакҷонат нест» – и устод Абулқосим Лоҳутӣ, «Панҷ туҳфаи майдаяк»-и Ғаффор Мирзо, «Гўсолаи алоча» – и Амнҷон Шукўҳӣ, «Меҳмонон» – Абдумалик Баҳорӣ ва монанди инҳо, ки намунаҳои хубу марғуби шеъри кўдаконанд, барои тазкираи нав интихоб гардиданд.
Ҳамчунин лозим дониста шуд, ки намунаи шеърҳои шоири маъруф – Маҳмуд Диёрӣ, ки умрашро сарфи шеъри кўдакон кардааст ва бо кадом сабабе аз тазкираи пешин берун мондааст, дар тазкираи нав ҷой дода шавад.
Нашри нави «Тазкираи адабиёти бачаҳо» дар шакли чор китоб мурратаб шудааст, ки ду китоби аввал аз назм ва ду китоби сонӣ аз наср иборат мебошад.
Умедворем, ки ин тазкира аз ҷониби хонандагон ва муннақидони адабиёти кўдакон хуш пазируфта шуда, минбаъд бо асарҳои нав ба нав пурратару мукаммалтар мегардад.
Аз муаллимону муррабиён, мутахассисон ва ихлосмандони адабиёти кўдакон хоҳишмандем, ки барои беҳбудии нашрҳои ояндаи ин китоб, ки оинаи шеъри тақрибан садсолаи кўдакони тоҷик аст, андешаву мулоҳизаҳои арзишманди хешро ба воситаи матбуот иброз доранд ва ё ба нишонии зерин фиристанд: Душанбе, Исмоили Сомонӣ, 8 , Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Меҳмон Бахтӣ
Раиси Иттифоқи
Нависандагони Тоҷикистон
Хонандагони азиз “Тазкираи адабиёти бачагон”-ро метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи якуми бинои Китобхона мутолиа кунанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.
Теги: кӯдакон ва наврасон