Зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити муосир
Яке аз василаи муҳиме, ки дар дарозои таърих моро бо пешрафти тамаддунаҳо ошно месозад, пеш аз ҳама, забон мебошад. Воқеъан забон дар омӯзиши фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳои дигар нақши мондагор дорад. Агар ба таърихи гузаштаи забони тоҷикӣ чашм андозем, бемуҳобот метавон дид, ки ин забони тамаддунофар рисолати хешрро кайҳо боз дар назди соҳибонаш иҷро намудааст, зеро донишмандону суханшиносони ин забон, амсоли Рӯдакиву Фирдавсӣ ё Шайхурраис ибни Синову Мавлоно Ҷалоллиддини Балхӣ асарҳои мондагори хешро маҳз бо ин забони ноб иншо кардаанд, ки имрӯз пажӯҳандагону муҳақиқон ва донишандӯзони мухталиф аз он баҳра меҷӯянд.
Дар мавриди масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ омӯзгорон ва мутафаккирони барҷастаи хориҷӣ, амсоли Ф. Энгельс, К. Маркс, М.В. Ломоносов, Д. Писарева, К.Д. Ушинский, Н. Крупская, М. Калинина, В. Сухомлинский, Л. Выготский, Л.В. Щерби, И.Л. Бим, И. Зимни, Н.Д. Галскова ва дигарон андешаҳои пурарзишро изҳор дошта, мавқеи забонро дар ташаккули шахсият, ақлу хирад ва ахлоқу маънавиёти он таъкид мекунанд. Ҳанӯз дар асри 18 файласуфи барҷастаи фаронсавӣ Ф. Волтер гуфта буд, ки «донистани забонҳои бисёр маънои доштани калидҳои зиёди як қулфро дорад». Мутафаккири бузурги немис И. Гёте робитаи забонҳоро қайд намуда, гуфтааст: «Касе, ки забонҳои хориҷиро намедонад, ба забони модарии хеш чизеро намефаҳмад». Бояд тазаккур дод, ки дониши забони хориҷӣ пеш аз ҳама дар инкишофи қобилияти тафаккури инсон нақши муҳимтарин ва ҳалкунандаро мебозад. Дониши забонҳои хориҷӣ барои ворид шудан ба гузаштаи халқҳо, донистани имрӯзи онҳо, дурандешии ояндаи онҳо мусоидат мекунад; барои расидани ба қадри осори маданияти ҷаҳонӣ ва вусъат додани тайёрии филологии донишҷӯён ёрӣ мерасонад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо омӯзишу таҳқиқ ва аз бар намудану донистани забонҳои хориҷӣ дар кишвари мо мавқею манзалати хоса пайдо кард. Азму талошҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рӯи кор омадани як қатор барномаҳои омӯзишӣ заминаи мусоид фароҳам овард, дар ин замина таваҷҷуҳи ҷомеа ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва равобити мардуми тоҷик бо кишварҳои мухталифи Осиёву Аврупо бештар гардид, ҳамкориҳо созмонҳои хориҷӣ тавсеа ёфт.
Забони хориҷӣ объективи арзиши иҷтимоӣ аст, бинобар ин ба барномаи таҳсилоти олӣ дохил кардани он талаботи иҷтимоии ҷомеа мебошад. Забони хориҷӣ мисли забони модарӣ дар ҷомеа дар алоҳидагӣ вуҷуд надорад ва наметавонад дошта бошад. Он бо тамоми соҳаҳои ҷомеа: иқтисод, сиёсат, санъат, маориф, соҳаи низомӣ ва ғайра робитаи зич дошта, тафаккур ва фарҳанги кишвареро, ки намояндагӣ мекунад, инъикос мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус русиву англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди ин масъалаҳо чораҳои зарурӣ андешида, бо мақсади омода намудани мутахассисони касбӣ ва рақобатпазир дар бозори меҳнат, Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар се давраро қабул намуд. Аз ҷумла, бори аввал Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 2003, таҳти №1047 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар натиҷа як қатор пешравиҳои назаррас дар муассисаҳои таълимии кишвар ба чашм расид. Бори дуюм соли 2014 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забоҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» қабул гардид. Бо мақсади боз ҳам бисёр намудани шароити таълим ва омӯзиши забонҳои мазкур маротибаи сеюм бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019, таҳти №438 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардида, айни ҳол мавриди татбиқ қарор дорад. Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2020-2030 қабул гардидааст, ҳадафу муҳтавои махсуси худро доро буда, аз рӯйи мушоҳидаҳо натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст. Мақсади асосии барномаи мазкурро пеш аз ҳама ҳали мушкилоти мавҷуда дар соҳаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию бисёрзабонӣ ва роҳҳои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.
Мусаллам аст, ки омӯзиши забонҳои дигар ба доираи васеи иттилоот ва донишҳо дастрасӣ медиҳад. Дониши забонҳои хориҷӣ ба толибилмон ва донишандӯзон имкон фароҳам меорад, ки бо донишҷӯён, коршиносон ва олимони кишварҳои дигар муошират кунанд. Агар бештари маълумот ва таҳқиқ перомуни мавзӯе, ки ба он донишандӯзон таваҷҷуҳ доранд, бо забонҳои дигар таълиф шуда бошад, муҳаққиқонро зарур аст, ки ин забонҳоро аз худ карда бошанд, зеро бидуни донистани забонҳои хориҷӣ наметавон масъалаи омӯзишро дарк намуд. Илова бар ин, дониши забонҳои хориҷӣ имкони иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои байналмиллалӣ, курсҳо, вебинару семинарҳо ва намудҳои мухталифи омӯзишро дастрас мегардонад. Ҳамин тариқ, донишандӯзон дар раванди тадрис малакаву салоҳияти хешро инкишоф мебахшанд. Бояд ишора намуд, ки бисёре аз сарчашмаҳои илмӣ ва дигар маводи илмии арзишмандро аксар вақт танҳо ба забони модарӣ дастрас кардан мушкил аст ва ин имконияти пайдо намудани маълумот ва аз худ намудани донишҳои замонавиро, ки бештар ба забони хориҷӣ дастрасанд, ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ душвор мегардонад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади дастрасӣ пайдо намудан ба донишҳои замонавӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми қаламрави кишвар, аллакай аз синни томактабӣ, яъне аз боғча оғоз гардида, дар тамоми зинаҳои таҳсилот идома меёбад.
Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои хеш азхуднамоии забонҳои хориҷӣ ва донистани на кам аз ду забони дигар ба ғайр аз забони давлатиро, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро таъкид менамояд. Бахусус, Сарвари давлатамон дар яке аз паёмҳои хеш ба аҳли маорифи кишвар таъкид менамоянд, ки «аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро оғоз карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монанд».
Як нуқтаро бояд тазаккур дод, ки заминаи асосии аз худ намудани забони хориҷӣ, пеш аз ҳама, хуб донистани забони модарӣ аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Омили дигари дуруст аз худ намудани забони хориҷӣ ин таколуми наздик бо соҳибзабонон ба шумор меравад. Дар ин росто, байни Тоҷикистон ва кишварҳои англисзабон барномаҳои табодули донишҷуёну донишандӯзон роҳандозӣ мегардад, ки барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Инчунин, бояд ишора намуд, ки навовариву дигаргуниҳо дар соҳаҳои мухталифи илму технология, алалхусус технологияҳои инноватсионӣ бо забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ ва арабӣ интишор мегарданд. Дар ин замина, истифодаи воситаҳои техникии ҳозиразамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон дар сатҳи хуб донистани забонҳои хориҷиро талаб мекунад. Барои пурра ва дуруст истифода бурдани имкониятҳои таҷҳизоти техникии ҳозиразамон мутахассис бояд забони кории таҷҳизотро дар сатҳи баланд донад.
Каримов Ш.Б.,
доктори илмҳои филологӣ,
декани факултети забони англисӣ
ва забонҳои Шарқи ДДОТ ба номи С.Айнӣ.
Ин мақола дар маҷмуаи “Масъалаҳои мубрами методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, забоншиносӣ, назария ва амалияи тарҷума” чоп шудааст. Маҷмуаи мазкур маводҳои конфренсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ, бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» ва амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро, ки 21-уми феврали соли 2023 баргузор шудааст, фароҳам овардааст.
Хоҳишмандон метавонанд поёни ин мақола ва матни суханрониҳои дигарро аз китоби ёдшуда дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази “Забони
тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ”