Зарурати захираҳои электронии матбуоти даврӣ
Солҳои 2023-2024 дар шуъбаи матбуоти даврӣ маҳз бо ташаббус ва дастгирии директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода ба шуъба дастгоҳи ҳозиразамони нусхабардорӣ ва диски нигоҳдории ҳаҷмаш калон, харидорӣ ва насб карда шуд. Маҳз ҳамин андешаҳои созгору солим сабаби пешрафт дар самти рақамикунонии фонди шуъба тавассути дастгоҳи нусхабардорӣ, яъне ба шакли PDF (сканер) ба хонандагони манзур намудани фонди матбуоти даврӣ даст дод. Дар ин росто ҷамъоварӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ ва харидории маводи электронӣ аз тарафи Китобхонаи миллӣ аз шахсони алоҳида ва сарчашмаҳои гуногун роҳандозӣ гардид, ки дар як соли охири фаъолият адади онҳо ба 25985 саҳифа расид.
Захираи фонди шуъбаи матбуоти даврӣ ҳамчун манбаи иттилоотии муҳим ва яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини иттилоот, таҳқиқот ва пажӯҳиш барои истифодабарандагон маҳсуб мешавад. Фонди матбуоти даврӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи хонандагон, унвонҷўён, муҳаққиқон, рўзноманигорон ва зиёиён қарор мегирад. Бинобар ин, муайян намудани як қатор масъалаҳо барои ҳифзи фонди матбуоти даврӣ дар китобхонаҳо, махсусан махзанҳои универсалӣ аз аҳамият холӣ нест.
Бояд қайд намуд, ки яке аз самтҳои муҳими нигоҳдории фонди матбуоти даврӣ дар замони муосир ин ба таври электронӣ муназзам намудани ин махзани гаронмоя мебошад, ки ҳам бехатарии нигоҳдории ин навъи ҳуҷҷатро таъмин менамояд ва ҳам ба таври фаврӣ рўзномаву маҷалларо ба истифодабаранда манзур мегардонад.
Ба огаҳон вазъи иҷтимоиву иқтисодии солҳои 90-уми асри гузашта маълуму рўшан аст, ки муҳимтарин махзанҳои арзишманди китобхонаҳоро ба харобӣ расонда буд ва аксари нусхаҳои зарурӣ, махсусан рўзномаву маҷаллаҳоро дар фондҳои китобхонаҳо нопурра гардонид. Аз ҷумла норасоии нусхаҳои ҳатмӣ, нопуррагии бастаҳо ва муқовасозӣ нашудани нусхаҳои мавҷуда аз зумраи ин мушкилот буд. Рушди иқтисоди кишвар дар солҳои минбаъд, албатта, шароити хубтареро барои беҳтар намудани вазъи нигоҳдории рўзномаву маҷаллаҳо ва дар маҷмуъ махзанҳо фароҳам намуд. Яъне китобхонаҳо бо имкони моддӣ ва техникии худ метавонанд аз нусхаҳои ҳатмӣ ва обунавӣ нигоҳдории захираи фонди давриро ба шакли электронӣ дар фонди худ ҳифзу нигоҳдорӣ намоянд. Аз ин нигоҳ, имрўз дар кишвар нашрияҳои зиёди даврӣ мавҷуданд, ки тибқи омор номгўйи рўзномаву маҷаллаҳои соҳавию расмӣ тақрибан наздик ба 400 номгў расидааст. Бояд зикр кард, ки маҳз имрӯз масъалаи истифода аз технологияи муосири электроникунонии фонд ва пешниҳод намудани нусхаҳои электронӣ (дар қолаби PDF ва ё JPEG) ба мақсад мувофиқ менамояд. Зеро, чуноне ки ишора намудем, ин раванд метавонад ҳам бехатарии нусхаҳои аслиро таъмин намояд ва ҳам дархости хонандагонро саривақту ба шакли муосир фароҳам созад.
Аз ин лиҳоз, давоми солҳои 2023-2024 дар шуъбаи матбуоти даврӣ маҳз бо ташаббус ва дастгирии директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода ба шуъба дастгоҳи ҳозиразамони нусхабардорӣ ва диски нигоҳдории ҳаҷмаш калон, харидорӣ ва насб карда шуд. Маҳз ҳамин андешаҳои созгору солим сабаби пешрафт дар самти рақамикунонии фонди шуъба тавассути дастгоҳи нусхабардорӣ, яъне ба шакли PDF (сканер) ба хонандагони манзур намудани фонди матбуоти даврӣ даст дод. Дар ин росто ҷамъоварӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ ва харидории маводи электронӣ аз тарафи Китобхонаи миллӣ аз шахсони алоҳида ва сарчашмаҳои гуногун роҳандозӣ гардид, ки дар як соли охири фаъолият адади онҳо ба 25985 саҳифа расид.
Дар баробари харидорӣ ва туҳфа аз шахсони алоҳида ва дигар сарчашмаҳои маводи электронӣ фонди матбуоти даврӣ, дар давраи ишорашуда кормандони шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ низ рўзномаву маҷаллаҳои фондро ба таври электронӣ бадал намуданд, ки инҳо: “Адабиёти сотсиалистӣ”- солҳои 1932-1938 – 852 саҳифа, “Шуълаи инқилоб” (шумораҳои 1 то 91, солҳои 1919-1921) – 200 саҳифа ,“Бигиз” (шумораҳои солҳои 1935-1936) – 50 саҳифа, “Калтак”(шумораҳои солҳои 1932-1933) – 2 нусха, “Адиб” (нашри соли 2012) – 4 нусха, “Бедории тоҷик” (солҳои1925-1928) – 200 саҳифа, “Шарқи сурх”(солҳои1946-1955) – 1500 саҳифа, рўзномаи “Правда”(соли 1937) – 78 саҳифа, “Коркуни партиявӣ”(солҳои1938-1940) – 2162 саҳифа, “Маданияти Тоҷикистон” (солхои1957-1959) – 1256 саҳифа, “Мактаби советӣ” (солҳои 1938-1948) – 2230 саҳифа иборат аст.
Ҳамзамон, дар ин давра рўзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ” “Миллат”, “Мароми пойтахт”, “Чархи гардун”, “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои шарқ”(солҳои 2006-2023 бо теъдоди 32640 саҳифа) ва ғайра мубадал ба шакли электронӣ шуданд, ки дар умум зиёда аз 46957 саҳифа нусхаи электронии фонди захиравии матбуоти даврии Китобхонаи миллиро фаро мегирад.
Умуман, рақамигардонии фонди матбуоти даврӣ дар Китобхонаи миллӣ бо маром идома дошта, боварии комил дорем, ки дар ояндаи наздик махзани комили электронии рўзномаву маҷаллаҳо манзури хонандагон гардонида мешавад.
Шавкат АМИНОВ, сардори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ.