Зебарниё Муллоаҳмадшоҳ «Шарҳи ҳоли илмии Фирдавсӣ дар асоси «Шоҳнома»

ШоҳномаКитоб ба таҳқиқи рӯзгори ҳамосасарои бузург Абулқосим Фирдавсӣ бахшида шудааст. Муаллиф барои муайян намудани лаҳзаҳои норӯшани рӯзгори Фирдавсӣ ба «Шоҳнома»-и безаволи шоир ба сифати беҳтарин манбаъ такя намудааст.

Тавре дар сарсухан мехонем, ҳадафи аслии таълифи китоб пажӯҳиши рӯзгори Фирдавсӣ бо такя ба «Шоҳнома» буда, зимнан шарҳи ҳоли илмии ӯ дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Барои мушарраф шудан ба мақсадҳои асосӣ ба роҳ гузоштани доираи мабоҳиси зайл амри муҳим ба шумор меояд:

  • Омӯзиши вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии замони таълифи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ
  • Баррасии шарҳи ҳоли Фирдавсӣ дар сарчашмаҳо ва осори таҳқиқотӣ, муқоисаи далелҳои овардашуда
  • Таҳлили муқаддимаи «Шоҳнома» аз дастнависи Флоренсия, муқаддимаи севуми «Шоҳнома», ки бисёри ҳодисаву воқеаҳои зиндагии Фирдавсӣ ва таърихи навишта шудани «Шоҳнома» дар ин муқаддима омадааст, охирин муқаддимаҳои дастнависи «Шоҳнома», ки хеле маъруф аст, бо исми муқаддимаи Бойсунғурӣ.
  • Овардани намунаҳо аз нахустин накду таҳқиқ дар аҳволи Фирдавсӣ, шарҳи ҳоли шоир аз нигоҳи донишмандони аврупоӣ ва осиёӣ
  • Зикри санаҳои рӯзгори Фирдавсӣ, муносибати хонаводагии суханвар дар «Шоҳнома» бо мақсади рушанӣ андохтан ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии Фирдавсӣ

Дар ин китоб бори аввал шарҳи ҳол ва рӯзгори суханвари тусӣ аз рӯйи сарчашмаҳо ва осори таҳқиқотӣ дар қиёс бо ҳамдигар тадқиқ шудааст. Дар ҷараёни баррасиҳо нуктаҳои зерин тадқиқ шудаанд, ки метавон онҳоро ба унвони навоварӣ муаррифӣ намуд:

Рӯзгор ва осори шоири достонсаро аз рӯи чор муқаддимаи «Шоҳнома» дар муқоиса бо ҳамдигар мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Бобати нахустин нақду баррасӣ ва таҳқиқот дар бораи осору аҳволи шоир аз сарчашмаҳои таърихӣ далелҳо оварда шуда, ҳамчун падидаҳои муҳими адабӣ омӯхта шудаанд.

Санаи таваллуди Фирдавсӣ, хонаводаи шоир ва даврони ҷавонии ӯ мувофиқи сарчашмаҳои таърихиву адабӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, муҳимтар аз ҳама таҷассуми симои шоир дар шоҳасараш нишон дода шудааст.

Натиҷаҳои аз таҳқиқи мавзуъ ба даст омада, имкон дорад, ки дар омӯзиши курси таърихи адабиёти классикӣ, тартиб додани роҳнамоҳо, курсҳои ихтисос, семинарҳои махсус, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ мавриди истифода қарор гиранд. Ҳамчунин маводи китобро барои таълифи таърихи адабиёти тоҷик, комплексҳои таълими-методӣ истифода бурдан мумкин аст.

Ин китоб ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.