Зеби дунёст Душанбе

ДушанбеАз сӣ сол зиёд шоҳиди воқеаву дигаргуниҳои шаҳри ободони Душанбе ҳастам. Дар ҳамин шаҳри зебо зодаву ба камол расидаам. Мактаби миёнаи №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро хатм кардаам.

Соли пешомад Душанбеи дилоро ҳамчун пойтахти давлати тозабунёд дар садаи 20-ум 100-сола мешавад. Душанбе аз соли 1925 (шаҳр аз соли 1925, солҳои 1929-1961 Сталинобод) пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар миқёси Осиёи Марказӣ яке аз шаҳрҳои ҷавонтарин бошад ҳам, дар ҳудуди ҳозираи он ба тахмин 2300-2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ пайдо буд. Ковишҳо ва бозёфтҳои археологҳо-харобаҳои шаҳристон, боқимондаи димна, арку қалъа, дахмаву дафнгоҳҳо ва сиккаҳои қадимии аз ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфтшуда далели гуфтаҳои болоянд. Бостоншиносон таърихи Душанберо ба се давра: давраи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав (асосӣ) тақсим кардаанд.

Барои ман шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрҳои олам зебову дилрабо ва ҳамеша ҷавон мемонад ва онро наметавонам ба дигар шаҳрҳо қиёс намоям. Зеро пойтахти мо зеботарину ободтарин шаҳри рӯйи олам аст.

Дар ду давраи ин шаҳри бостонӣ – замони ҳокимияти советӣ ва давраи навини он зиндагонӣ дидаам. Аз соли 1925 то 1991 дар шаҳри Душанбе ободиҳои зиёде кардаанд. Ба мисли биноҳои давлатӣ, фарҳангӣ, маориф, коргоҳҳои саноатӣ, биноҳои ду, чор, шаш, нуҳ ва дувоздаҳошёнаи истиқоматӣ сохтаву ба истифода додаанд. Инкор наметавон кард, зеро ин ҳама аз мост ва он то ба имрӯз шаҳри Душанберо асос гузошта буд.

Биноҳои зебову хуштарҳи Сирки давлатӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Кохи Борбад, китобхонаи Фирдавсӣ, музейи кишваршиносии ба номи К. Беҳзод, (ҳозира Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, чойхонаи “Роҳат”, “Истаравшан” ва “Саодат”, муҷассамаҳои шоирони бузурги тоҷик чун устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Садриддин Айнӣ ва даҳҳои дигар барои сокинони пойтахт муътабаранд. Он чи зикр шуд, нишоне аз таърихи 66-сола (1925-1991) – и пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Душанбе аст.

Давраи навин аз соли 1991 то 1997 ва ҳам то 2000-ум ба сари сокинони шаҳри Душанбе мушкилиҳои зиёде ба бор овард. Дар зарфи 24 соли ахир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон гул-гул шукуфт, қабои нав ба бар кард.

Дар давраи начандон тулонӣ, дар шаҳри Душанбе паёпай иншооти зиёде мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маҷмааи меъмории “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” бо ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони “Дӯстӣ” аз аввалин ободкориҳост. Баъдан дар шаҳр биноҳои хуштарҳи Қасри миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишон ва Парчами давлатӣ, Маркази Исмоилия, Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, бозорҳои Султони Кабир, Меҳргон ва Корвон, маҷмаи тандурустии “Истиқлол”, қасри теннис,  меҳмонхонаҳои “Sheraton”, “Hyatt Regency Dushanbe”, “Asia Crand Hotel” “Серена”, “Кангурт” ва ғайра бунёд ёфта, ба пойтахти кишвар шукуҳ бахшиданд. Кулли дастовардҳо албатта аз ваҳдат ва сулҳу салоҳи сартосарии кишвар дарак медиҳад.

Ҳамчунон бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар барои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва гардишгарони хориҷӣ боғи устод Рӯдакӣ, боғи Парчами миллӣ, боғи фарҳангиву фароғатии МД “Наврӯзгоҳ”, боғҳои ба номи Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, боғи Ирам ва ғайра бо услуби зебову замони муосир бунёд шуданд.

Навгоние, ки дар давраи охир, шуруъ аз соли 2005, дар 19 сол дар шаҳри Душанбе ба вуқуъ пайваставу ба шаҳрвандони кишвар ва ҳатто хориҷи кишвар, бахусус барои ҷавонони тоҷик нишотовар аст, ин бунёд ва ба кор даровардани чанд шабакаҳои телевизионӣ аст.

Зикр бамаврид аст, ки дар давраи советӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ – ТВ “Тоҷикистон” аз соли 1960 мавҷуд буду халос. Имрӯз ин шабака “Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон” унвон дорад.

Дар давраи Истиқлолият дар шаҳри Душанбе шабакаҳои зерини телевизионӣ бунёд ва ба фаъолият пардохтаанд: Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” (2005), МД телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон”( 2006), ТВ “Пойтахт” (Душанбе НD) (2007), МД “Ҷаҳоннамо” (2008), Телевизиони “Варзиш” (2016), Телевизиони “Синамо” (2016),  Телевизиони “Футбол” (оғози 2017),  МД Телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” (2017), МД Телевизиони “Илм ва табиат”, МД Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”.

Он ҳама бунёдкорӣ, дастовардҳо, сохтмонҳоро ба як бор наметавон зикр кард, зеро шумораашон беохиранд. Ин ҷо дигар аз бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маҷмаҳои савдо, роҳҳо ва пулҳои ду-сеқабата ҳарф намезанем.

Имрӯз шаҳри гулбасари Душанбе зеби дунё гаштааст. Ҳамчун шаҳри амнтарини рӯйи олам эътироф гардиданаш мояи ифтихори мост. Баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, маъракаву чора-биниҳои сатҳи баланд мақому мартабаи шаҳри азизи мо – Душанберо оламгир намудааст.

Ба қавли шоир, шаҳри Душанбе воқеан ҳам зеби дунёст!

Манижа ШЕРХОНОВА,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон.

P.S. Ин мақолаи ҳамкорамон дар “Ҷавонони Тоҷикистон” чоп шудааст ва бознашр аз он аст.