Зеҳни китобхон қавию қалбаш равшан

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ ва рушди тафаккуру ҷаҳонбинии насли наврас пайваста маҳфилу чорабиниҳои маърифативу адабӣ баргузор мегарданд. Яке аз чунин маҳфилҳо таҳти унвони «Зеҳни китобхон қавию қалбаш равшан» роҳандозӣ гардидааст.
Маҳфили навбатии мазкур 13-уми август дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид.
Маҳфил дар шакли озмун ва бо иштироки ду гурӯҳи хонандагон доир шуда, ҳадафи асосии он бедор намудани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти суханвариву сухандонӣ, ташаккули рақобати солим ва омодасозии хонандагон ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буд. Чунин нишастҳо, ки ба рушди фарҳанги мутолиа ва маърифати насли наврас нигаронида шудаанд, дар фаъолияти Китобхонаи миллӣ ҷойгоҳи хос доранд.

Маҳфилро ровӣ Раҳмонов Ҳусайнҷон бо қироати чанд мисраи шеърӣ оғоз намуда, иштирокдорон ва ҳозиринро хайрамақдам гуфт:
Салом гӯям ба фарзандони тоҷик,
Ба обу хоку кӯҳистони тоҷик.
Салом гӯям, ки мо тоҷикзабонем,
Саломи гарми худро мерасонем.
Сипас, ровӣ тартиби баргузории озмунро ба иштирокдорон шарҳ дод. Мувофиқи шартҳои озмун ду гурӯҳ аз рӯйи се шарт бо ҳам сабқат намуданд.
Шарти аввал ба суолу ҷавоб вобаста ба осори адабии ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» воридшуда бахшида шуд.
Дар шарти дуюм иштирокдорон дониши луғавии худро аз адабиёти классикии тоҷик санҷиданд.
Шарти сеюм бошад, ба суолу ҷавоби озод миёни гурӯҳҳо бахшида шуд.
Дастаҳои иштирокчӣ ба номи ду чеҳраи барҷастаи адабиёти тоҷик — сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ва устод Мирзо Турсунзода — номгузорӣ шуда буданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти шартҳои озмун дастаи ба номи устод Садриддин Айнӣ бо нишон додани донишу маҳорати бештар ғолиби маҳфили навбатӣ гардид.
Дар рафти озмун шавқу завқи иштирокдорон ва тамошобинон ба таври равшан эҳсос мешуд. Ҳозирин бо қарсак ва истиқболи самимӣ ба ҷавобҳои дурусти иштирокчиён вокуниш нишон дода, барои боз ҳам рангинтар гардидани маҳфил хонандагон шеърҳои ба мавзӯи Ватан ва Тоҷикистон бахшидашударо қироат намуданд.

Баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ ва маърифатӣ барои баланд бардоштани завқи мутолиа, рушди тафаккури кӯдакону наврасон ва омода намудани онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, интизор меравад, ки маҳфили «Зеҳни китобхон қавию қалбаш равшан» дар оянда низ бо иштироки бештари хонандагон ва дар шакли ҷолибу рангин идома ёбад.
Инобат Бобоева
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа
Китобхонаи миллӣ