Зикри Борбад дар адабиёти классикии тоҷику форс

ҲАКИМ ФИРДАВСИИ ТӮСӢ. “ДОСТОНИ БОРБАДИ РОМИШГАР”

Ҳаме ҳар замон шоҳ бартар гузашт,

Чу шуд соли шоҳиш бар бисту ҳашт,

Касеро набуд бар дараш кори бад,

Зи даргоҳаш огоҳ шуд Борбад.

Бад-ӯ гуфт: ҳар кас, ки “шоҳи ҷаҳон,

Гузидаст ромишгарон аз меҳмон,

Ки гар бо ту ӯро баробар кунанд,

Туро бар сари Саркаш афсар кунанд”.

Чу бишнид мард он, биҷӯшид оз,

Агарчи набудаш ба чизе ниёз.

Зи кишвар бишуд то ба даргоҳи шоҳ,

Ҳамекард ромишгаронро нигоҳ.

Чу бишнид Саркаш, дилаш тира гашт,

Ба захми суруд андарун хира гашт.

Биёмад ба наздики солори бор,

Дирам карду динор чанде нисор.

Бад-ӯ гуфт: “Ромишгаре бар дар аст.

Ки аз ман ба соли ҳунар бартар аст.

Набояд, ки дар пеши Хусрав шавад,

Ки мо кӯҳна гаштему ӯ нав шавад”

Зи Саркаш чу бишнид дарбони шоҳ,

Зи ромишгарон сода барбаст роҳ.

Чу рафтӣ ба наздики ӯ Борбад,

Ҳамаш кор бад буд, ҳамаш бор бад.

Надодӣ варо бор солори бор,

На низаш будӣ мардуме хосгор.

Чу навмед баргашт аз он боргоҳ,

Або Борбад шуд сӯи боғи шоҳ.

Куҷо боғбон буд Мардуй ном,

Шуд аз диданаш Борбад шодком.

Бад-он боғ рафтӣ ба Наврӯз шоҳ.

Ду ҳафта бибудӣ бад-он ҷашнгоҳ.

Сабук Борбад назди Мардуй шуд,

Ҳамон рӯз бо мард ҳамбӯй шуд.

Чунин гуфт ба боғбон Борбад.

Ки “гӯё ту ҷониву ман қолбад.

Кунун орзу хоҳам аз ту яке,

Ки он ҳаст назди ту сахт андаке,

Чу ояд бад-ин боғ шоҳи ҷаҳон,

Маро роҳ деҳ, то бубинам ниҳон.

Ки то чун бувад шоҳро ҷашнгоҳ,

Бубинам нуҳуфтӣ яке рӯи шоҳ”.

Бад-ӯ гуфт Мардуй: “Эдун кунам,

Зи меҳри ту андеша берун кунам”.

Чу Хусрав ҳамехост, к-ояд ба боғ,

Дили мизбон гашт равшанчароғ.

Бари Борбад шуд, бигуфт он ки “шоҳ

Ҳаме рафт хоҳад бад-ин ҷашнгоҳ”.

Ҳаме ҷомаҳо Борбад сабз кард,

Ҳам он барбату руди нангу набард.

Бишуд, то ба ҷое, ки Хусрав шудӣ,

Баҳорон нишастангаҳаш нав шудӣ.

Яке сарв буд сабзу баргаш гашан,

Бару шох чун размгоҳи Пашан.

Бар он сарв шуд Борбад андар канор,

Ниҳонӣ ҳаме буд то шаҳриёр.

Аз айвон баромад бад-он ҷашнгоҳ.

Биёрост полизбон ҷои шоҳ.

Биёмад паричеҳрае майгусор,

Яке ҷом бар каф бари шаҳриёр.

Ҷаҳондор бистуд зи кӯдак набид,

Булӯр аз маи сурх буд нопадид.

Бад-он гоҳ, ки хуршед баргашт зард,

Ҳамебурд, то гашт шаб лажвард.

Зананда ба-он сарв бардошт руд,

Ҳам он сохта “Паҳлавонӣ” суруд.

Яке нағз дастон бизад бар дарахт,

К-аз он хира шуд марди бедорбахт.

Суруде ба овози хуш баркашид,

Ки акнун ту хониш “Додофарид”.

Бимонданд як маҷлис андар шигифт,

Ҳаме ҳар касе рои дигар гирифт.

Аз он захма Саркаш чу беҳуш гашт,

Бидонист, к-он кист, хомӯш гашт.

Ки чун Борбад кас чунон захма руд,

Надонад, на он “Паҳлавонӣ” суруд.

Бад-он номдорон бифармуд шоҳ,

Ки “ҷӯед сартосар ин ҷашнгоҳ”,

Фаровон биҷустанду боз омаданд,

Ба наздики Хусрав фароз омаданд.

Ҷаҳондида Саркаш сухан баргирифт,

Ки аз бахти шоҳ ин набошад шигифт.

Ки гардад гулу сарв ромишгараш,

Ки ҷовид бодо сару афсараш.

Биёвард ҷоме дигар майгусор,

Чу аз хубрух бистуд ин шаҳриёр.

Зананда дигаргун биёрост руд,

Баровард ногоҳ дигар суруд.

Ки “Пайкор гурд”-аш ҳамехондаанд,

Ҳаме ном аз овози ӯ рондаанд.

Чунин ромишӣ гуфту Хусрав шунид,

Ба овози ӯ ҷоми май даркашид.

Бифармуд, к-инро ба ҷой оваред,

Ҳама боғ яксар ба пой оваред.

Биҷустанд бисьёр ҳар сӯи боғ,

Бибурданд зери дарахтон чароғ.

Надиданд чизе ҷуз аз беду сарв

Хиромон ба зери гул андар Тазарв.

Шаҳаншоҳ пас ҷоми дигар бихост,

Ба овози он сар баровард рост.

Баромад дигарбора овози руд,

Дигаргунатар сохт бонги суруд.

Ҳамон “Сабз дар сабз” хонӣ кунун,

Бар ингуна созанд макру фусун.

Чу бишнид Парвиз бар пой хост,

Яке ҷоми май гулшанорой хост.

Ки буд андарин ҷом як ман набид,

Ба як дам маи равшан андар кашид.

Чунин гуфт, к:–“ин гар фаришта будӣ,

Зи мушку зи анбар сиришта будӣ,

В-агар дев будӣ, нагуфтӣ суруд,

Ҳамон низ нашнохтӣ захми руд.

Биҷӯед дар боғ то ин ин куҷост,

Ҳама боғу гулшан чапу дасти рост.

Даҳону бараш пур зи гавҳар кунам,

Бар ин руд созон-ш меҳтар кунам.

Чу бишнид ромишгар овози ӯй,

Ҳамон хубгуфтори дамсози ӯй.

Фуруд омад аз шохи “Сарви саҳӣ”.

Ҳамерафт бо ромишу фарраҳӣ.

Биёмад, бимолид бар хок рӯй,

Бад-ӯ гуфт Хусрав: “Чӣ мардӣ, бигӯй”.

Чунин гуфт: “Шоҳо яке бандаам,

Ба овози ту дар ҷаҳон зиндаам”.

Саросар бигуфт ончи рафт аз буна,

Ки буд андар он якдилу яктана.

Ба дидори ӯ шод шуд шаҳриёр,

Ба сони гулистон ба моҳи баҳор.

Ба Саркаш чунин гуфт, к—“эй бадҳунар!

Ту чун ханзалӣ, Борбад чун шакар!

Чаро дур кардӣ ту ӯро зи ман?

Дареғ омадат руд аз ин анҷуман?

Бар овози ӯ шод май баркашид,

Ҳамон ҷоми ёқут бар сар кашид.

Бад-ингуна то сар сӯи хоб кашид.

Даҳонаш пур аз дурри хушоб кашид.

Бишуд Борбад, шоҳи ромишгарон,.

Яке номдоре шуд аз меҳтарон.

Сар омад кунун қиссаи Борбад,

Мабодо, ки бошад туро кор бад.

Басе меҳтару кеҳтар аз ман гузашт,

Нахоҳам ман аз хоб бедор гашт,

Нахустин, ки бинҳод “Ганҷи Арӯс”.

Зи Чину зи Бартосу аз Ҳинду Рус,

Дигар “Ганҷ Бодовар”—аш хонданд,

Шумораш бикарданду дармонданд.

Дигар он, ки номаш ҳаме бишнавӣ,

Ту хонӣ варо дебои “Хусравӣ”.

Дигар номвар “Ганҷи Афросиёб”,

Ки касро набуд он ба хушкиву об.

Дигар ганҷ к-аш хондӣ “Сӯхта”,

К-аз он ганҷ буд кишвар афрӯхта,

Дигар он ки буд “Шодварди бузург”.

Ки гӯяд ромишгарони сутург.

Зи ромишгарон Саркашу Борбад,

Ки ҳаргиз нагаштиш бозор бад.

ШЕВАНИ БОРБАД БАР ХУСРАВ

Кунун шеваи Борбад гӯш дор,

Сари меҳри меҳтар ба оғӯш дор.

Чу огоҳ шуд Борбад з-он ки шоҳ,

Бипардохт нокому берой гоҳ.

Биёмад бад-он хона ӯро бидид,

Шуда лаълрухсори ӯ шанбалид.

Ҳаме “Паҳлавонӣ” бар ӯ мӯя кард,

Ду рухсори зарду дил пур зи дард.

Куҷот он шабистону ромишгарон.

Куҷот он дижу боргоҳи сарон.

Куҷот он сухангӯи ширинзабон,

Куҷот он дилу рои равшангарон.

Ба Яздону номи ту, эй шаҳриёр,

Ба Наврӯзу Меҳру ба Хуррам баҳор,

Агар дасти ман з-ин пас низ руд,

Бисозад, мабодо ба ман бар дуруд.

Бисӯзам ҳама сози хешро,

Бад-он то набинам бадандешро,

Бибуррид ҳар чор ангушти хеш,

Бурида ҳамедошт дар мушти хеш.

Чу дар хона шуд, оташе барфурӯхт,

Ҳама сози хеш яксар бисӯхт.

МАНБАЪ: “Борбаднома”. Душанбе, “Маориф”, 1989.

Таҳияи Фирўза Таурова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир  ба  фарҳанг  ва  ҳунар.