Зикри Борбад дар адабиёти классикии тоҷику форс

Унсурӣ:

«Қолус», «Қулфи Румӣ»

Булбул ҳамесарояд чу Борбад,

«Қолус»-у «Қулфи румӣ»-ю «Ҷолинус».

Фррухӣ

«ШАҲНОЗ»

Сарв  соқию моҳ руднавоз,

Парда барбаста дар раҳи «Шаҳноз».

“РОСТ”

Гар сухан гўяд, бошад сухани ў раҳи «Рост»,

З-ў дилором, дилангез бояд хост.

    ***

То ҳазорово аз сарв барорад овоз,

Гўяд ўро мазан, эй Борбади руднавоз.

Ки ба зории ваю захми ту шуд дурудароз,

Обидонро ҳама дар савмиа пайванди намоз.

Ту бад-ў гўй, ки эй булбули хушгўй, маноз.

Ки маро дар дил аз ишқ аст, ин нолаи зор.

«МЕҲРГОНИ ХУРДАК», «СИПАҲБАДОН».

Қумрӣ ҳамесарояд ашъор чун Ҷарир.

Сулул ҳаменавозад баму зер.

Чун мутрибон зананд наво «Тахти Ардашер»,

Гаҳ «Меҳргони хурдак»-у гаҳе «Сипаҳбадон».

«МОВАРОУННАҲРӢ»

Ҳар гаҳ ки занад қумрӣ роҳи «Мовароуннаҳрӣ»,

Гўяд ба гули хумро: «бода биситон булбул».

Захмаи рудзан на пасту на тез,

Зулфи соқӣ на кўтаҳу на дароз.

НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ:

«ХУСРАВ ВА ШИРИН»

Чаҳорум рўз маҷлис тоза карданд,

Ғиноҳоро баландовоза карданд.

Ба бахшидан даромад дасти дарьё,

Замин гашт аз ҷавоҳир чун Сурайё.

Малик чун шуд зи нўши соқиён маст,

Ғами дидори Ширин бурдаш аз даст.

Талаб фармуд кардан Борбадро,

В-аз ў дармонталаб шуд дарди худро,

СӢ ЛАҲНИ БОРБАД

Даромад Борбад чун булбули маст,

Гирифта барбате чун об дар даст.

Зи сад дастон, ки ўро буд дар соз,

Гузида кард сӣ лаҳни хушовоз.

Зи белаҳнӣ бад-он сӣ лаҳни чун нўш.

Гаҳе дил додиву гаҳ бистадӣ ҳуш.

Ба барбат чун сари захма даровард.

Зи руди хушк бонги тар даровард.

«ГАНҶИ БОДОВАРД»

Чу бод аз «Ганҷи Бодовард» рондӣ,

Зи ҳар боде лабаш ганҷе фишондӣ.

«ГАНҶИ ГОВ»

Чу «Ганҷи гов»-ро кардӣ навосанҷ,

Барафшондӣ замин ҳам гову ҳам ганҷ.

«ГАНҶИ СӮХТА»

Зи «Ганҷи сўхта» чун сохтӣ роҳ,

Зи гармӣ сўхтӣ сад ганҷро оҳ.

«ШОДИРВОНИ МАРВОРИД»

Чу «Шодировони Марворид» гуфтӣ,

Лабаш гуфтӣ, ки марворид суфтӣ.

«ТАХТИ ТОҚДИСӢ»

Чу «Тахти Тоқдисӣ» соз кардӣ,

Биҳишт аз тоқҳо дар боз кардӣ.

«НОҚУСӢ”, “АВРАНГ”

Чу «Ноқусӣ»-ву «Аврангӣ» задӣ соз,

Шудӣ авранг чун ноқус аз овоз.

“ҲУҚҚАИ КОВУС”

Чу қанд аз «Ҳуққаи Ковус» додӣ,

Шакар колои ўро бўс додӣ.

«МОҲ ДАР КӮҲОН”

Чу лаҳни «Моҳ бар кўҳон» кушодӣ,

Забонаш моҳ бар кўҳон ниҳодӣ.

«МУШКДОНА»

Чу баргуфтӣ навои «Мушкдона»,

Хутан гаштӣ зи бўи мушк хона.

«ОРОИШИ ХУРШЕД»

Чу зад – «Ороиши Хуршед» роҳе,

Дар ороиш будӣ хуршед моҳе.

«НИМРӮЗ»

Чу гуфти «Нимрўз»-и маҷлисафрўз,

Хирад бехуд будӣ то нимаи рўз.

«САБЗ АНДАР САБЗ»

Чу бонги «Сабз  дар сабз»–аш шунидӣ,

Зи боғи зард сабза бардамидӣ.

«ҚУФЛИ РУМӢ”

Чу «Қуфли румӣ» овардӣ дар оҳанг,

Кушодӣ қуфли ганҷаз Руму аз Занг.

«САРВИСТОН»

Чу бар дастони «Сарвистон» гузаштӣ,

Сабо соле ба сарвистон нагаштӣ.

«САРВИ САҲӢ»

В-агар «Сарви саҳӣ»-ро соз додӣ,

Саҳисарваш ба хун хат боз додӣ.

«НӮШИБОДА»

Чу «Нўшибода»-ро дар парда бастӣ,

Хумори бодаи нўшин шикастӣ.

«РОМИШИ ҶОН»

Чу кардӣ «Ромиши ҷон»-ро равона,

Зи ромиши ҷон фидо кардӣ замона.

«НОЗИ НАВРӮЗ»

Чу дар парда кашидӣ «Нози Наврўз»,

Ба Наврўзӣ нишастӣ давлат он рўз.

«МАШКУЯ”

Чу бар «Машкуя» кардӣ мушкмолӣ,

Ҳама мушкў шудӣ пурмушк холӣ.

«МЕҲРГОНӢ»

Чу нав кардӣ навои «Меҳргонӣ»,

Бибурдӣ ҳўши халқ аз меҳрубонӣ.

«МАРВОИ НЕК»

Чу бар «Марвои нек» андохтӣ фол,

Ҳама нек омадӣ мурвои он сол.

«ШАБДИЗ»

Чу дар шаб баргирифтӣ роҳи «Шабдиз»,

Шудандӣ ҷумлаи офоқ шабхез.

«ШАБИ ФАРРУХ»

Чу бар дастон «Шаби фаррух» кашидӣ,

Аз он фархундатар шаб кас надидӣ.

«ФАРРУХРӮЗ»

Чу ёраш рои «Фаррухрўз» гаштӣ,

Замона фарруху фирўз гаштӣ.

«ҒУНЧАИ КАБКИ ДАРӢ»

Чу кардӣ «Ғунчаи кабки дарӣ» тез.

Бибурдӣ ғанҷаи кабки диловез.

«НАХҶИРГОН»

Чу бар «Нахчиргон» тадбир кардӣ,

Басе чун Зўҳраро нахчир кардӣ.

«КИНИ СИЁВУШ»

Чу захма рондӣ аз «Кини Сиёвуш»,

Пур аз хуни Сиёвушон шудӣ гўш.

«КИНИ ЭРАҶ»

Чу кардӣ «Кини Эраҷ»-ро сароғоз,

Ҷаҳонро кини Эраҷ нав шудӣ боз.

«БОҒИ ШИРИН»

Чу кардӣ «Боғи Ширин»-ро шакарбор.

Дарахти талхро ширин шудӣ бор.

(Идома дорад)

МАНБАЪ: “Борбаднома”. Душанбе, “Маориф”, 1989.

Таҳияи Сафармоҳ ШЕРАЛИЕВА,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир  ба  фарҳанг  ва  ҳунар.