Зикри Борбад дар адабиёти классикии тоҷику форс

Аз Амир Хусрави Деҳлавӣ. «ШИРИН ВА ХУСРАВ»: Нағмасароии Борбад дар базми Хусрав ва сохтани навоҳои чоргонаи «Ганҷи бодовард» ва «Шодирвони марворид».
Ҳар оташ, к-он наво дар ҷонаш афрўхт,
Зи бода равғанаш медоду месўхт.
Чу кори ошиқ аз ғам зор бошад,
Шавад девона, гар ҳушьёр бошад.
Ду чиз афзун кунад дар ошиқ оташ,
Шароби ҷоннавозу нағмаи х(в)аш.
Лабе, к-аз вай кушояд дил фуқое.
Ба май боз ояду ё дар самое,
Самою ошиқию майпарастӣ,
Сабаб шуд ин се чиз аз баҳри мастӣ.
Чу ин ҳарсе ба мастӣ ҷуз яке нест,
Май, ар бо май даромезӣ, шаке нест.
Чунон бар Борбад хуш гашт ҷонаш,
Ки як дам хост бахшидан ҷаҳонаш.
Тараб дар мутриб овард он дами рост,
Гаронбор аз атои шоҳ бархост.
Ба шодӣ бурд «Шодирвон» ба хона,
Забон тар кард дар дигар тарона.
Навое сохт аз май табъгустар.
Басе аз «Ганҷи Бодовард» хуштар,
Наворо ном «Шодирвон ба раҳ буд,
Ки он парда ба шодирвон-шаҳ буд.
Чу марворидҳои тар фишондаш,
Ки «Шодирвони Марворид» хондащ.
***
Бирешимзан раҳи «Ушшоқ» мезад,
Сурудаш бар дили муштоқ мезад.
***
Баромад боз ҳам бар нисбати дўш
Навои арғунуну нағмаи «Нўш».
***
Малик биншаст рўзе хурраму шод,
Ба бахшиш «Ганҷи Бодовард» бикшод.
Зи нузҳат базмгаҳро сохт гулшан,
Зи мавҷи зар заминро кард равшан.
Дур афшонд андар он боғи биҳиштӣ,
Кафи дарёвашаш киштӣ ба киштӣ.
Ҳама рўз он хизона шод медод,
Зи бодаш бистаду бар бод медод.
Ҳамегуфт он, ки «худ надҳад зари хеш»,
Чунин тороҷ бинад гавҳари хеш.
Диҳам беҳ ё бирезам дар мағокаш,
Ки аз бодаш барам, бидҳам ба хокаш.
Ба бонги кўс медод аз дару бом,
Салои ом бар ҳар хосаву ом.
Чунон шуд хонаву кў пурхазоин,
Ки кас муфлис намонд андар Мадоин.
Аз он бахшиш, ки дод офоқро баҳр,
Масал шуд «Ганҷи Бодовард» дар даҳр.
Сухангўён суханро тоза карданд,
Саноҳоро баландовоза карданд.
Фаровон рехт аз лўълўи маншур,
Ба домони Бузургуммеду Шопур,
Навосозе, ки будаш Борбад ном,
Навое сохт он рўз обгинфом.
Ниҳод аз захма чун барзад тамомаш,
Навои «Ганҷи Бодовард» номаш.
Чу дар маҷлис навозищ кардаш аз уд,
Баровард аз димоғи ошиқон дуд.
Дили шаҳро, ки буд реш аз дарунтар,
Ба ҳар захма хароше ёфт аз сар.
Ҳар оташ, к-он наво дар ҷонаш афрўхт,
Зи бода равғанаш медоду месўхт.
Ба ҳамроҳӣ Бузургуммеду Шопур,
Сатозан Борбад бо руду танбўр.
***
Навои Борбад бар моҳ мешуд,
Дили Зўҳра зи раҳ бероҳ мешуд.
Ба руд аз ҳар тарона об мерафт,
Ба ҳар сў одамӣ дар хоб мерафт.
***
Зи ромишгар ситад чанги хушовоз,
Равон дасте фурўд овард бар соз.
Наворо бар тариқе соз мекард,
Ки гўши Борбадро боз мекард.
Чу шуд пардохта тартиби созаш,
Навозиш ёфт лаҳни ҷоннавозаш.
Баланду хушнавоӣ кард бар кор,
К-аз он шуд фитнаҳои хуфта бедор,
Ба нўги захма «Марворид» месуфт,
Ки «Шодирвони Марворид» мегуфт.
Наво чун гуфта шуд, бикшод нав-нав,
Зи роҳи «Хусравонӣ» ишқи Хусрав,
Бурун бурд аз дили ҷўшон халалро,
Зи ҷўши дил баровард ин ғазалро.
***
Даромад Борбад танбўр дар даст,
Пиёла нўш карду шод биншаст.
Дар ин ҷониб Накисои хушоҳанг,
Бихорид аз ранги нохун раги чанг.
Навое мезаданд он ду навосанҷ,
Ки ҷон аз тан бурун мерафт беранҷ.
Зи захма Борбад гашт арғунунсоз,
Ғами деринаро дардод овоз.
Чунон, к-аз сабр кард андешаро тоқ,
Фурў гуфт ин ғазал бар расми «Ушшоқ».
***
Чу дасти Борбад з-ин нағма тар гашт,
Замин пурқанду маҷлис пуршакар гашт.
***
Навои Борбад ҷоне дигар дод.
Хароби ишқро мастӣ зи сар дод.
Бад-он сон ин ғазал зад роҳи «Ширин»,
Ки оташ зад ба Хусрав оҳи Ширин.
***
Чу руди Борбад з-ин хуш тарона,
Пуроби зиндагонӣ кард хона.
Накисо з-ин рафиқи гавҳарогин,
Шаробе рехт дар ҷоми нигорин.
***
Рубоби Борбад шуд сеҳрпардоз,
Ба захма чун чаконид аз раги соз.
Чунон к-аз сина ғамро бех барканд,
Фурў гуфт ин ғазалро дар «Наҳованд».
***
Чу руди Борбад ин нағма пардохт,
Накисо арғунуни хеш бинвохт.
Зи мавзунӣ бар он гуна, ки дил хост,
Равон кард ин ғазал дар пардаи «Рост».
***
Гараш Ширин нахонӣ, Борбад ҳаст,
В-агар ҷон нест, боре колбад ҳаст.
МАНБАЪ: “Борбаднома”. Душанбе, “Маориф”, 1989.
Таҳияи Сафармоҳ ШЕРАЛИЕВА,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.