Зикри Борбад дар адабиёти классикии тоҷику форс
Аз Умари Хайём:
«Паҳлавӣ»
Рўзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,
Абр аз рухи гулзор ҳамешўяд гард.
Булбул ба забони «Паҳлавӣ» бо гули зард
Фарьёд ҳамекунад, ки май бояд хў (ва) рд.
Аз Азрақӣ:
«Кинаи Сиёвуш», «Сабзаи баҳор»
Хуррам туро аз баҳор сарояд бар зеру бам,
Гаҳ «Кинаи Сиёвуш»-у гаҳ «Сабзаи баҳор».
Бо дарди ганҷ ҳар гаҳ бар ў захма мезанад,
Ҳам «ганҷи гов» ёбаду ҳам дурри шоҳвор.
Аз Асириддини Ахсикатӣ:
«Рост», «Салмак»
Ҳаме то бияфзояд аз зери ромаш,
Ҳаме то бияфзояд аз «Рост»-у «Салмак».
Аз Ҳаким Носири Хусрав:
«Ровак»
Дилат ҳамраҳи нузҳате бод доим,
Гуфт: Ҳамраҳи бода, эй боди «Ровак».
Аз Фахриддини Гургонӣ:
«Нўшинлабон», «Гул»
Зи як сў мутрибон ноланда бар мул,
Дигар сў булбулон ноланда бар «Гул».
Накўтар карда май «Нўшинлабон»-ро,
Чу хуштар карда булбул мутрибонро.
Зи ҳар боғеву ҳар роғе дуруде,
Ба гўш омад дигаргуна суруде.
Аз Анварӣ:
Боз дар пардаи алҳон булбул,
Мутриби базмгаҳи мастонаст.
К-аз паи таҳнияти наврўзӣ,
Боғро боди сабо меҳмон аст.
Ҷому навои Борбадӣ, к-асл хушдилист,
Бар шохсори бораз алҳони сор ёфт.
“Хусравонӣ»
Рав роҳи «Хусравонӣ»-и булбул бизан аз он-к,
Ширинлиқо намуд зи ҳар марғзори гул.
Аз Масъуди Саъди Салмон:
«Ганҷи гов», «Сабзаи баҳор»
Чу бода будӣ бар дасти ман, биёвардӣ,
Навои Борбаду «Ганҷи гов»-у «Сабзаи баҳор».
«Паҳлавонӣ», «Хусравонӣ»
Бишнаву некў шунав нағмаи хунёгарон,
«Паҳлавонӣ»-и самоъу ба «Хусравонӣ» тариқ.
Аз Заҳири Форёбӣ:
«Мусиқор»
Зи бас тараннуму аҳлони мутрибон дар вай,
Ҳамеша мағзи фалак пур навои «Мусиқор».
Аз Ҷалолуддини Балхӣ:
«Ироқ»
Дидам нигори худро, мегашт даври хона,
Бардошта рубобе, мезад яке тарона.
Бо захмаи чу оташ мезад яке таронае хуш,
Масту харобу дилкаш аз бодаи шабона
Дар пардаи «Ироқӣ» мезад ба номи соқӣ,
Мақсуд бода будаш, соқӣ будаш баҳона.
Аз Амир Муъизӣ:
«Чаковак»
То «Чаковак» баст мусиқор бар минқори хеш,
Арғунун гаштаст булбул бар дарахти арғунун.
Аз Наҷиби Ҷурҷонӣ:
«Косагарӣ»
Ҳолати сарв чунон аст, ки завқе дорад,
Нафаси булбулу он дабдабаи «Қосагарӣ».
Аз Саъдӣ:
«Ҳиҷозӣ»
Баландовози нодон гардан афрохт,
Ки доноро ба бешартӣ бияндохт.
Намедонад, ки оҳанги «Ҳиҷозӣ»,
Фурў монад зи бонги табли ғозӣ.
«Ушшоқ», «Хуросон», «Ҳиҷоз»
Овози хуш аз кому даҳону лабу ширин,
Гар нағма кунад в-ар накунад дил ба фарёд
Дар пардаи «Ушшоқ»-у «Хуросон»-у «Ҳиҷоз»-аст,
Аз ханҷараи мутриби макрўҳ назебад.
Аз Хоҷа Ҳофиз:
«Ушшоқ»
Ҳофиз, ки сози мутриби «Ушшоқ» соз кард,
Холӣ мабод арсаи ин базмгоҳ аз ў.
«Паҳлавӣ»
Булбул ба шохи сарв ба гулбонги «Паҳлавӣ»,
Мехонд дўш дарси мақомоти маънавӣ.
«Ироқ», «Исфаҳон»
Навои маҷлиси моро чу баркашад мутриб,
Гаҳе «Ироқ» занад, гоҳе «Исфаҳон» гирад.
«Хусравонӣ»
Муғаннӣ, навое ба гулбонги руд
Бигўю бизан «Хусравонӣ» суруд.
Равони бузургон зи худ шод кун,
Зи Парвизу аз Борбад ёд кун.
Аз Салмони Соваҷӣ:
«Рост», «Ҳиҷоз»
Дорам оҳанги «Ҳиҷоз», эй бути «Ушшоқ»–навоз,
«Рост» кун сози навое зи паси роҳи «Ҳиҷоз».
«Чаковак»
Булбули пардасаро савти «Чаковак» бинвохт,
Мутриби нағмасаро пардаи «Анқо» овард.
***
Аз паи Хусраву гул булбули ширингуфтор,
Нағмаи Борбаду савт Накисо овард.
Аз Таъсир:
«Ҳисор»
Гул, нагў, Таъсир, аз он ораз ҳисорӣ гаштааст,
Нағмасанҷӣ мекунад булбул дар оҳанги «Ҳисор».
Аз Туғро:
«Бастанигор»
Аз ин роҳ ҳур бар савташ нисор аст,
Ки нақши чуниниш «Бастанигор» аст.
Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ:
«Рост»
Биё, мутрибо, з-он ки вақти навост,
Бизан, ин наворо дар оҳанги «Рост».
«Наво», «Нуҳуфт»
Биё, мутрибо, зеру бам соз ҷуфт,
Биёр ошкор ин «Наво» аз «Нуҳуфт».
«Дилкаш»
Биё, мутрибо, захма бар чанг зан,
В-аз он парда ин «Дилкаш» оҳанг зан.
Аз Шайх Каҷаҷи Табрезӣ:
«Хамохусрав»
Барад ҳушу ҷон зи ман хунёгаронаш,
Чу ба ғанаб андар «Хамохусрав» навохт.
Аз Зуҳурӣ:
«Наврўз», «Рост»
Зи рухсори худ парда як гўшаи нав,
Бале, шоҳиди нағма дар пардаи нав.
Сабо бар зад аз ҷайби «Наврўз» сар,
Баҳори гул, нағма омад дигар.
Зи ғам қомати бенавоён дутост,
Қадат бад чун қавли «Ушшоқ» «Рост».
Ба ҷонам зад ҳар «Мухолиф» навоз,
Бизан, барҳадде ҳой роҳи «Ҳиҷоз».
«Хусравонӣ»
Диҳад аз ҷониби Хусрав ин Ҷамам,
Диҳӣ гар аз он «Хусравонӣ» хушам.
Аз Сафоии Исфаҳонӣ:
«Наво», «Раҳовӣ»
Булбул занад «Сифохон», сулсул занад «Ироқ»,
Норуст дар «Раҳовӣ»-ву соруя дар «Наво»-ст.
Аз Дўстӣ Самарқандӣ:
«Ушшоқ»
Арўсе, ки нағма дар парда аст,
Ба оҳанги «Ушшоқ» парварда аст.
Аз Пиндори Розӣ:
«Уроманӣ», «Хусравӣ»
Лаҳни «Уроман»-у байти “Паҳлавӣ»,
Захми руду самои «Хусравӣ».
МАНБАЪ: “Борбаднома”. Душанбе, “Маориф”, 1989.
Таҳияи Сафармоҳ ШЕРАЛИЕВА,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.