Зикри Борбад дар адабиёти классикии тоҷику форс. Низомии Ганҷавӣ

Навоҳое бад-ин сон ромишангез,

Ҳамезад Борбад дар пардаи тез.

Ба гуфти Борбад, к-аз бод беҳ гуфт,

Забони Хусраваш сад бор «зеҳ» гуфт.

Ба ҳар парда, ки ў бинвохт он рўз,

Малик ганҷе дигар пардохт он рўз.

Ба ҳар парда, ки ў барзад навое,

Малик додаш пур аз гавҳар қабое.

Лаболаб карда соқӣ ҷоми чун нўш,

Паёпай карда мутриб нағма дар гўш.

Нишаста Борбад барбат гирифта,

Ҷаҳонро чун фалак дар хат гирифта.

Ба дастон дўстони қиссапардоз,

Ба захма захми дилҳоро шифосоз.

Зи дуди дил гиреҳ бар уд мезад,

Ки удаш бонг бар «Довуд» мезад,

Ҳамон нағма димоғаш дар ҷарас дошт,

Ки мусиқори Исо дар нафас дошт.

Зи дилҳо карда дар миҷмарфрўзӣ,

Ба вақти удсозӣ, удсўзӣ.

Чу бар дастон задӣ дасти шакаррез,

Ба хоб андар шудӣ мурғи шабовез.

Бад-он сон гўши барбатро бимолид,

К-аз ў молиш дили барбат бинолид.

Чу бар захма фиганд абрешими соз,

Баровард «Офариниш»-ро ба овоз.

Накисо ном марде буд чангӣ,

Надиме хос амири сахтсанге.

К-аз ў хушгўтаре дар лаҳни овоз

Надид ин чангпушти арғунунсоз.

Зи руд овози мавзун ў баровард,

Ғиноро расми тақтеъ ў даровард.

Навоҳое чунон чолок мезад,

Ки мурғ аз дард пар бар хок мезад.

Чунон бархостӣ алҳони мавзун,

Ки Зўҳра чарх мезад гирди гардун.

Чўз ў, к-афзун шумурд аз Зўҳра худро,

Надодӣ ёрие кас Борбадро.

Дар он маҷлис ба айш оғоз карданд,

Ба як ҷо чангу барбат соз карданд.

Навои ҳарду соз аз барбату чанг.

Баҳам дарсохта чун бўй бо ранг.

Тараннумшон хумор аз гўш мебурд.

Яке дил доду дигар ҳуш мебурд.

Ба нола синаро сўрох карданд,

Ғуломонро ба шаҳ густох карданд.

Муғаннӣ монду шоҳаншоҳ Шопур,

Шуданд он дигарон аз боргоҳ дур.

Сатои Борбад дастон ҳамезад,

Ба ҳушёрӣ раҳи мастон ҳамезад.

Наво бар тарзи ин хиргоҳ мезан,

Раҳе, к-ў гўядат, он роҳ мезан.

Аз ин сў Борбад чун булбули маст,

Зи дигар сў Накисо чанг бар даст.

Наво бозикунон дар пардаи чанг,

Ғазал гесўкашон дар домани чанг.

                           ***

Накисо чун зад ин афсона бар чанг,

Сатои Борбад бардошт оҳанг.

Ироқивор бонг аз чарх бугзошт,

Ба оҳанги «Ироқ» ин бонг бардошт.

***

Чу барзад Борбад з-ин сон навое,

Накисо кард аз он хуштар адое.

Шукуфта чун гули наврўзу навранг,

Ба «Наврўз» ин ғазал дархостӣ бо чанг.

***

Накисо чун зад ин тайёра бар чанг.

Сатои Борбад бардошт оҳанг.

Ба овози ҳазин чун узрхоҳон,

Равон кард ин ғазалро дар «Сипоҳон».

***

Чу руди Борбад ин парда пардохт,

Накисо худ ба чанги хеш бинвохт.

Дар ин парда, ки хонандаш «Ҳисорӣ»,

Чунин бикре баровард аз иморӣ.

***

Накисо чун зад ин афсона бар соз,

Сатои Борбад бардошт овоз.

«Наво»-ро пардаи «Ушшоқ» орост,

Дарафганд ин ғазалро дар раҳи «Рост».

Чу Ширин дастбурди Борбад дид,

Зи дасти ишқ худро кор бад дид.

Навое баркашид аз синаи танг,

Ба чангӣ дод, к-ин дарсоз бо чанг.

Бизан роҳе, ки ба бероҳ гардад,

Магар, к-ин доварӣ кўтоҳ гардад.

***

Накисо чун зи шоҳ оташ барангехт,

Сатои Борбад обе ў рехт.

Ба устодӣ навое кард бар «кор»,

К-аз ў чанги Накисо шуд нагунсор.

Чу Хусрав гўш кард ин қавли чолок,

Зи ҳолат кард холӣ ҷомаро чок.

Ба сад фарьёд гуфт, Эй Борбад, ҳон!

Қавӣ кун ҷони ман дар колбад, ҳон!

***

Чу барзад Борбад бар хушкруде,

Бад-ин таррӣ, ки баргуфтам суруде.

Пас он гаҳ гуфт, к:-Ин овози дилсўз,

Чӣ овоз аст, розаш дар ман омўз.

Навои Борбад лаҳни Накисо,

Ҷабини Зўҳраро карда заминсо.

Гаҳе гуфтӣ, соқӣ нағмаи руд,

Бидеҳ ҷоме, ки бод ин айш падруд

Гаҳе бо Борбад гуфтӣ, май аз ҷом,

Бизан, к-имсол некат бод фарҷом.

***

Гаҳе мекард шаҳди Борбад нўш,

Гаҳе мегашт бо Ширин ҳамоғўш.

Чу тахту Борбад Ширину Шабдиз,

Бишуд ҳар чор нузҳатгоҳи Парвиз.

***

(Идома дорад)

МАНБАЪ: “Борбаднома”. Душанбе, “Маориф”, 1989.

Таҳияи Сафармоҳ ШЕРАЛИЕВА,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир  ба  фарҳанг  ва  ҳунар.