Зикри Борбад дар адабиёти классикии тоҷику форс
Аз Манучеҳрӣ:
«Рост», «Модда»
Кабк ноқусзану шорак сантўрзан аст,
Фохта нойзану бат шуда танбурзано.
Пардаи «Рост» занад нору бар шохи чанор,
Пардаи «Модда» занад қумрӣ бар норвано.
«Ганҷи Гов», «Ганҷи Бод»
Булбули боғӣ ба боғ дўш навое бизад,
Хубтар аз Борбад, хубтар аз Бомшод.
Вақти саҳаргаҳ «Чаков» хуш бизанад дар «Таков»,
Соатаке «Ганҷи гов», соатаке «Ганҷи бод»
«Боғи Шаҳриёр», «Тахти Ардашер»
Сулсул ба лаҳни Зулзул вақти сапедадам,
Ашъори Бўнавос ҳамехоҳанду Ҷарир.
Бар бед андалиб занад «Боғи шаҳриёр»,
Бар сарв зандбоф занад «Тахти Ардашер».
«Сабзаи баҳор»
Гаҳе зери арғувон гаҳе зери гуланор
Мастӣ куниву бода хўрӣ солу солиён.
Шаккар газиву нўт мазӣ шоду шолхор,
Бар сабзаи баҳор нишиниву мутрибат
Бар сабзаи баҳор занад «Сабзаи баҳор».
«Баҳман», «Қайсарон»
Фурў бурда мастон сар аз беҳушӣ,
Бароварда овоз хунёгарон.
Ба ҷўш андар он деги Баҳманҷанаҳ,
Ба гўш андар он «Баҳман»-у «Қайсарон».
«Қолус», «Шаккартавин».
Ҳосидам гўяд, ки: «Шеъри ў бувад танҳову бас,
Боз нашносад касе Борбад зи ҷанги Ромтин.
На ҳама ҳикмат андар яке шоир ниҳод,
На ҳама бўе бувад дар нофаҳои мушки Чин,
Шоире ташбиб донад, шоире ташбеҳу мадҳ,
Мутрибе «Қолус» донад, мутрибе «Шаккартавин».
«Сарвистон», «Баскана», «Наврузӣ Бузург»
Соқиён бар майсара, хунёгарон бар маймана,
Соқиёни ту фиканда бода андар ботия.
Ходимони ту фиканда анбар андар мадҳана.
Мутрибон соат ба соат бар навои зеру бам,
Гоҳ «Сарвистон» зананд имрўзу гоҳе «Ашкана».
Гоҳ «Зери қайсарон»-у гаҳ «Тахти Ардашер»,
Гоҳ «Наврӯзи Бузург»-у гаҳ навои «Баскана».
Гаҳ навои «Ҳафт ганҷ»-у гаҳ навои «Ганҷи гов».
«Деврахш», «Арҷана», «Кабки дарӣ».
Гаҳ навои «Деврахш»-у гаҳ навои «Арҷана»,
Навбате «Полизбон»-у навбате «Сарви саҳӣ».
Навбате «Равшанчароғ»-у навбате «Говизана»,
Соате «Севори тир»-у соате «Кабки дарӣ».,Соате «Сарви сито»-у соате «Боравзана».
«Лабино», «Чакак», «Дана»
Бомдодон бар «Чакак» чун чоштгоҳон бар «Шахаҷ»,
Нимрўзон бар «Лабино» шомгоҳон бар «Дана».
Моҳи Фарвардин ба «Гулчам» моҳи Дай бар «Бодранг»,
Меҳргон бар «Наргис»-у фасли дигар бар «Савсана».
«Порсӣ», «Мовароуннаҳрӣ, «Варшон»
Наврўз даромад, эй Манучеҳрӣ,
Бо лолаи лаълу бо гули хумрӣ.
Мурғони забонгирифта як сар боз,
Бикшода забони Румиву Ибрӣ.
Як мурғ «Суруди Порсӣ» гўяд,
Як мурғ «Суруди Мовароуннаҳрӣ».
Дар замзама шуд чу мутрибон булбул,
Дар замзама шуд чу мўбадон қумрӣ.
Монад «Варашон» ба мутриби куфӣ,
Монад «Варашон» ба қумрии басрӣ.
«Банди шаҳриёр», «Сабзаи баҳор»
Чун «Сабзаи баҳор», бувад нои андалиеб,
Чун «Банди Шаҳриёр» бувад савти титавӣ.
Булбул ба захма гирад най бар сари чанор,
Чун хоҷаи хатир барад дастро ба май.
«Ушшоқ», «Сарви саҳӣ»
Бар сари сарв занад, пардаи «Ушшоқ» тазарв
«Варашон» най занад бар сари ҳар муғрусе.
Бизанад нору бар сарви саҳӣ «Сарви саҳӣ»,
Бизанад булбул бар тораки гул «Қолусе».
«Най бар сари Кисро», «Шишам»
Яке «Най бар сари Кисро», дувум най бар сари Шишам»,
Се дигар пардаи «Саркаш», Чаҳорум пардаи «Лайлӣ».
«Афсари Сагзӣ», «Хамохусрав»
Бигир бодаи нўшину нўш кун ба савоб,
Ба бонги «Шишам», бо бонги, «Афсари Сагзӣ».
Ба лафзи порсиву чиниву «Хамохусрав»,
Ба лаҳни «Мўяи Зол»-и қасидаи луғазӣ.
«Зер», «Сито»
Рўи гули сурх биёростанд,
Зулфаки шамшод биперостанд.
Кабкакон бар кўҳ ба так хостанд,
Булбулакон «Зер»-и «Сито» хостанд,
Фохтагон ҳамбари миностанд,
Нойзанон бар сари шохи чанор.
«Наврўзи Бузург», «Наврўз»
«Наврўзи Бузург»-ам бизан, эй мутриб имрўз.
Зеро ки бувад навбати Наврўз ба «Наврўз».
Барзан ғазале нағзу дилангезу дилафрўз,
В-ар нест туро, бишнавӣ аз мурғи навомўз,
К-ин фохта з-он гавз дигар фохта з-он ҷўз,
Бар қофияи хуб хамехонад ашъор.
«Шаккартавин»
Фохта чангу чалаб, сохта чангу рубоб,
Дида ба шаккарлабон, гўш ба «Шаккартавин».
«Ганҷи Фаридун»
Бар тали тар андалеб «Ганҷи Фаридун» задаст,
Лашкари Чин дар баҳор хайма ба ҳомун задаст.
«Шишам», «Қолус»
Дурроҷ кашад «Шишам»-у «Қолус» ҳаме,
Бе пардаи танбўраву бе риштаи чанг.
«Зер», «Сито»,
Ҳар фохтае сохта ное дорад,
Ҳар булбулаке «Зер»-и «Сито»-е дорад.
«Дилангезон»
Дар боғ ба «Наврўз» дирамрезон аст,
Бар норванон лаҳни «Дилангезон» аст.
«Сарвистон»
Гул дар сари дастон бинмуда дар он дастон чист?
Ин навоҳо ба гул аз булбули пардастон чист?
Дари сарвистон боз аст ба «Сарвистон» чист?
Аврамазд аст хуҷастасолу сари моҳ.
«Нуши лабино», «Сиёвушон»
Қумриён роҳи «Гул»-у «Нуши Лабино» доранд,
Сулсулон «Боғи Сиёвушон», або «Сарвситоҳ».
«Ганҷи гов»
Ду гўшат ҳамеша сўи «Ганҷи гов»
Ду чашмат ҳамеша сўи дилбарон.
МАНБАЪ: “Борбаднома”. Душанбе, “Маориф”, 1989.
Таҳияи Сафармощ ШЕРАЛИЕВА,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.