Зикри чанд омили худкушӣ дар як китоби нав

худкушӣ Ин китоб “Худкушӣ ва омилҳои он” ном дошта, чанде пеш дар нашриёти “Меҳроҷ-граф” ба теъдоди 100 нусха чоп шудааст. Муаллифони китоб Зокирҷон Бобоёров ва Шаҳром Шарифзода буда, ба ин назаранд, ки масъалаи худкушӣ аз печидатарин ва пурдоғи мавзуи ҷаҳони муосир шинохта шуда, муаллиф дар ин маҷмуа ба мақсади ифшо намудани омилҳои пайдоиши худкушӣ ва роҳҳои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб андешаҳои қобили мулоҳиза баён доштааст, ки бардошт ва қазовати он ба кулли алоқамандон тавсия шудааст.

Муаллифон дар муқаддимаи китоби худ аз ҷумла навиштаанд, ки мардуми тоҷик имрӯзҳо ба бунёди ҷамъияти навини демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона машғул аст. Маълум аст, ки сохтори нави ҷамъиятӣ дорои низоми меъёр ва арзишҳои нав мебошад ва ташаккул додани тафаккури мувофиқ ба ин замон вақти муайянро тақозо мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба фаъолияти ҳаётии мардум бе таъсир намемонад. Дар ин миён ҳодисаҳои гуногун, аз қабили ҳуқуқвайронкуниҳо, каҷрафториҳо, терроризм ва ғайра зуҳур мекунанд.

Масъалаи рафтори аутоагрессивӣ дар психологияи муосир торафт равшантар мегардад, зеро таваҷҷуҳ ба ин масъала, пеш аз ҳама ба якчанд ҳолатҳо вобаста аст, ки вазъи кунунии донишҳои умумии психологиро дар бораи рафтори аутоагрессивӣ тавсиф мекунанд. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ танҳо шумораи худкушӣ, ки як шакли шадиди рафтори аутоагрессивӣ ба шумор меравад, дар миёни наврасон ба ҳисоби миёна ду маротиба афзоиш ёфтааст. Ин вазъият бо дараҷаи баланди тағйироти диссонанси ботинии сохтори шахсияти наврас, имконнопазирии мутобиқшавии иҷтимоӣ – психологии наврас, афзоиши фишори психологӣ, ки боиси холигии экзистенсионалӣ ва гум шудани маънои ҳаёт мегардад, тавсиф кардан мумкин аст.

Омӯзиши рафтори аутоагрессивӣ дар маҷмуъ аз тамоюлҳои асосии психологияи рафтори девиантӣ ва психологияи клиникӣ бармеояд ва бо мафҳуми зерини муҳаққиқи амрикой Э.Шнейдман (1975) муайян карда мешавад: «рафтори аутоагрессивӣ амалҳое, ки ба расонидани зарар ба саломатии соматикӣ ё психологии худ мебошанд». Он доираи васеи падидаҳо, аз қабили меъёрҳои иҷтимоии рафтор, ҷанбаҳои психологӣ – иҷтимоии масъалаи иҷтимоишавии кӯдакон ва ҷавонон, масъалаҳои ҳувийяти ҷинсӣ, мутобиқшавӣ ва худтанзимкунӣ, инчунин намудҳои гуногуни ихтилофҳои иҷтимоӣ, масъалаи одамони гирифтори вайроншавии  стрессии пас аз осебӣ ва рафтори агрессивиро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, зарурати таҳия ва омӯзиши асосҳои назариявӣ ва амалии рафтори аутоагрессивӣ ба миён меояд.

Яке аз шаклҳои васеъ паҳн шудаи рафтори аутоагрессивӣ- худкушӣ ба шумор меравад, ки мутаассифона, солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон афзудааст.

Маълум нест, ки дар ҷарёни таъсир инсон кай аввалин маротиба ба худкушӣ даст задааст, вале онро, ки ӯ ин корро дониста мекунад, ба ҳама маълум аст. Инро антропологҳо баъд аз тадқиқотҳои васеъашон дар нимаи якуми асри ХХ исбот намудаанд. Дар он давра, дар рӯи замин бисёр вазъиятҳое буданд, ки одамон аз рӯи одатҳои зинаи аввали ҷомеаи ибтидоӣ умр ба сар мебурданд. Дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон як қисми қабилаҳо худкуширо кори шахсии ҳар кас медонистанд ва дар минтақаҳои дигар бошад, тибқи расму русум ва анъанаҳои ба он хос барои худкушӣ ё кӯшиш ба он ҷазои сахт медоданд. Олимон дар нимаи аввали асри XIX аз болои ҳаёти сокинони галаҷазираҳои Малайзия, ки сохти ибтидоӣ зист доштанд, назорат бурданд. Дар он ҷо худкушӣ ҳамчун як намуди ҷазо ҳисобида мешуд ва ин дар чорчӯбаи қонун сурат мегирифт.

Дар Мисри Қадим ҳуқуқи ба хоҳиши худ аз ҳаёт рафтан ба шаҳрвандон фақат дар баъзе мавридҳо иҷозат дода мешуд. Намуди худкуширо ҳамон шахсе, ки ба қатл хукм карда шуда буд, интихоб мекард. Масалан, Суқроти бузург низ аз ҷумлаи онҳо буд, ки заҳр хӯрда фавтид. Худкушие, ки бе иҷозати ҳукумат сурат мегирифт, маҳкум карда мешуд ва он шахсро пас аз марг шармсор мекарданд.

Дар тамоми дунё то имрӯз худкуширо маҳкум мекарданд ва мекунанд. Чунин муносибат на танҳо ба шахсони майл ба худкушидошта, балки ба аҳли оилаи онҳо низ таъсир мерасонад. Дар ҷомеа вобаста ба ин масъала ҳар гуна нақлу ривоятҳое мавҷуданд, босуръат дар байни мардум паҳн мешаванд ва вазъи шахсони ба худкушӣ майлдоштаро бад мегардонанд.

Худкушӣ то имрӯз дар бисёр мамлакатҳо ҳамчун кори шахсии ҳар фард эътироф шудааст, аммо онро ҳамчун гуноҳ ва аломатҳои бемории руҳӣ эътироф мекунанд. Ин мавзуъро на танҳо психологҳо, балки нависандагон, файласуфҳо, исломшиносон, ҷамъиятшиносон ва намояндагони дигар илмҳои мавҷуда таҳлил менамоянд.

Хоҳишмандон метавонанад китоби “Худкушӣ ва омилҳои он” -ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд