Зикри Парчам дар суханрониҳои Пешвои миллат ва осори адибони тоҷик
Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нируманди замона ба ҳисоб мерафт.Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷонисориҳои ниёгони мо мебошад.
**** **** ****
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.
**** **** ****
Эҳсоси муҳаббат ба Парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ, мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад.
**** **** ****
Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандўстию ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёди мост.
**** ****
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
**** **** ****
Фахриддин Асадии Гургонӣ:
Ба базм андар чи хуршеди дирафшон,
Ба рамз аз шеру аз пилон сарафшон.
Асадии Тусӣ:
Чаҳорум чу бар зад, ки аз хур дирафш,
Замин гашта зи ў зарду гардун бунафш.
**** **** ****
Забон чун дирафшу даҳон чун тағор,
Якояк пароканда бар дашту ғор.
**** **** ****
Зи ёқут як пораи лаълфом,
Дирафшон яке хонаи обод ном.
**** **** ****
Ҳама пушти пилон дурафшон дирафш,
Зи дебо ҷаҳон сурху зарду бунафш.
**** **** ****
Амир Муъизӣ:
Эй карда дили хасм хилофи ту бунафш,
Мушт аст дили хасму хилофи ту дирафш.
**** **** ****
Саноӣ:
Ту як соат чу Афредун ба майдон бош, то он пас,
Ба ҳар ҷониб ки руй орӣ, дирафши ковиён бинӣ.
**** **** ****
Он кас, ки дирафши ковиён ёфт,
Аз ҷабри ду мор кай зиён ёфт.
**** **** ****
Ҳаво сурху зарду бунафш,
Зи тобидани ковиёни дирафш.
**** **** ****
Абдурраҳмони Ҷомӣ:
Ҷаъди ломаш чу зулфи хубон ҳам,
Бар ливои зафар бувад парчам.
**** **** ****
Бадрии Кашмирӣ:
Ба нури номаш алам дар олам афрошт,
Алам, яъне ливои мотам, афрошт.
**** **** ****
Дар фарҳанги аллома Деҳхудо:
Ламъан ва дурахшиш (аз зайли ақрабу-л маворид ба нақл аз тоҷ). Ва руҷуъ ба дарафс ва дарафш шавад.
**** **** ****
Фарҳанги Онандроҷ:
Дирафш дар асл порчае буда, аз қумоши сегўша, ки бо зар мунаққаш гардида, бар сари алам ва кулоҳ мебастанд ва ба туркӣ байрақ гўянд ва он порча ҳамеша аз бод дар ҷунбиш буда, меларзида. Дар давраи Сосониён ҳар воҳиди сипоҳии кўчактар аз «Ганд» ва бузургтар аз «Ватан» дирафш ё алами махсус дошт.
(Иқтибос аз китоби «Эрон дар замони Сосониён»).
**** **** ****
Фарҳанги «Мунтаҳи –л-араб»
Ал-ливоъ (исм)-дирафши лашкаркашон духтан.
**** **** ****
Ливоъ- дирафши лашкаркашон.
Фарҳанги «Маздоясно»
Дирафши кобиён, дирафши ковиён (саҳ 365)
Руҷуъ ба Дирафши ковиён шавад.
– Дирафши кофиён, дирафши ковиён:
Ҳаёти давлати Кисро абрвези пайваста ба пирўзӣ чун дирафши ковиён мансур ва афрошта буд.
**** **** ****
«Бурҳони қотеъ»
Дирафш-исми футтае, ки дар рўзи ҷанг бар болои дастор ва худ печанд, ки ба туркӣ дулуға гўянд.
**** **** ****
Аламеро гўянд, ки дар рўзи ҷанг барпо кунанд.
**** **** ****
Дирафшон.Саҳфа, сифати баёни ҳолат аз дирафшидан.
**** **** ****
Дирафш. Барқ, фурўғ ва равшанӣ.
**** **** ****
Парчам дар «Фатҳнома»
Чун садои нафир ва наъраи карнай ба гӯш расид, аламдорон аламҳоро барафроштанд.
**** **** ****
Аз китоби Иброҳим Пирмуҳаммадзода “Парчам”. Душанбе 2015.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар толори хониши шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бихонанд.
Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА, мутахасиси пешбари шуъбаи хидматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд.