ЗИЛЗИЛАИ саду ёздаҳ сол пеш. САРЕЗ дар ривоят ва воқеият
Сарез — кӯлест дар кӯҳсори Рӯшони Помир, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.
Ривоятест миёни мардуми Помир, ки деҳаи Сарез қабл аз зери об монданаш зеботарин ва калонтарин рустои дарёбоди Мурғоби водии Бартанги Бадахшон будааст. Мардуми деҳоти ин мавзеъ аз шарофату баракати табиати дарраву пуштаҳои он ба чизе ниёз надоштанд. Ҷангалҳои пур аз хазандаву парандагон, пуштаҳою чарогоҳҳои макони нахчиру қутос, сойҳои пур аз моҳиён, манбаъи ғизои эшон буданд. Ғаллаву мева низ фаровон мерӯид.
Хазонрез чун ҳосилро ҷамъоварӣ ва дар анборҳои хеш захира мекарданд, то баҳорон машғули шикору бозиҳои варзишӣ мешуданд. Ҷавгонбозӣ, бузкашиву, пойга, мерганию гуштингирӣ аз шуғлҳои дустдоштаи мардумон буданд, ки тамоми зимистон машқу тамрин карда, дар иди Наврӯз мусобиқаҳо меоростанд. Аз ибодату зӯҳд, сахову марҳамат, шукру шукргузорӣ ба даргоҳи офаридагор фаромӯш сохта буданд.
Боре ҳангоми бозии навбатии ҷавонон дар чавгонбозӣ гӯйи чавгон зери ях ғутидаву фурӯ рафт. Бозингарон хеле саргарми бозӣ буданд ва мунтазири овардани гӯйи нав нашуда, кулчаҳои хушки нонро, ки бо худ доштанд, ба замин партофта, чун чавгон ба бозӣ гирифтанд.
Мусофири ғарибе, ки чанд рӯз пеш дар Сарез пайдо шуда буд, онҳоро аз ин кор боздошт ва насиҳат кард, ки дар даргоҳи Худованд аз шаробмаст дида «хамирмаст» (масти нону ғизо) гунаҳкортар аст. Аммо онҳо суханҳои пири мусофирро ба масхара гирифтанд ва худи ӯро сахт озор доданд. Пиразане, ки бо набераи худ ба тамошо омада буд, мусофири пирро аз чанголи мазаммати ҷавонон раҳонида, ба хонаи хеш бурд ва бо нону шир зиёфат дод. Пири ғариб ангушти хешро ба шир тар карда ба даҳон бурд ва кулчаи ҷавинро ба лабонаш расонда бӯса карду рӯи дастархон гузошт. Сипас, пиразанро гуфт, ки баъди намози хуфтан набераву анҷоми зарурии хешро гирифта назди Мазори Чилтанон барояд ва худ бидуни он ки аз дари хона берун ояд, ба якборагӣ дар ҷойи нишасти худ ғайб зад.
Пиразани дар шигифтмонда назди сарони деҳа рафт ва аз дидаҳои хеш барояшон қисса кард:
– Бовар кунед ин мусофир гадо набудааст. Ӯ ба гумонам Ҳазрати Хизр буд. Ман дар кӯдакӣ аз падарам шунида будам, ки гоҳ-гоҳе Ҳазрати Хизр дар андому симои одамӣ зуҳур карда, байни мардуми роҳгумкардаю азхудрафта даромада, онҳоро мушоҳидаву насиҳат мекунад. Нишонаҳояш ин аст, ки қоматаш зери офтоб соя надорад, нарангушти панҷааш аз ангуштҳои дигар дарозтар аст ва вақти роҳгардӣ шарфаи пой надорад. Ман ин ҳама нишонаҳоро дар ин мусофир дидам ва ӯ маро огоҳ кард, ки бо набераам шабонгоҳ деҳаро тарк кунам, гуфт пиразан.
Аммо касе мушоҳидоти ӯро бовар накард, гуфтаҳояшро ба ҷидд нагирифт ва ҳарфҳояшро нашунид.
Шаб Пиразан бо набераи хеш зери санги Мазори Чилтанон аз сардию намнокии ҳаво меларзид. Борон мерехту мерехт ва садои бориши он тамоми водиҳои дарраро фаро гирифт. Нимаи шаб замин ҷунбид, ларзид, болову поин рафт ва ҳама ҷою ҳама чиз дар водӣ чаппаву харобу зеру забару таги об шуд.
Субҳдам расида бошад, ҳам атроф хеле торик буд, аммо дида мешуд, ки водӣ ба кӯли бузурге мубаддал шудааст. Чун равшантар гардид, рӯйи оби кули бузург тахтапорае сӯи пиразан ва наберааш шинокунон наздик меомад, ки рӯи он бузу ғалбер, хурусу кафшҳои наберааш низ буданд. Аз тамоми мавҷудоти зиндаи водӣ танҳо ҳаминҳо наҷот ёфтанд ва водӣ кӯли Сарез шуд. Ин ривоят миёни мардуми аввом басо маъруф буд…
Аммо дар асл…
Саду ёздаҳ сол қабл аз ин субҳи 6 феврали соли 1911 дар кӯҳистони Бадахшон замин сахт ларзид, ончунон ҷунбид, ки амвоҷи ларзиши онро таҷҳизоти маркази зилзиласанҷии Пуликови шаҳри Петербург дар масофаи 3860 километр эҳсос ва зикр кард. Пас аз ду ҳафта 18-уми ҳамон моҳ соати 23,17 дақиқаю 55 сония такони аз аввала шадидтар рух дод. Дар тангнои деҳаи Усойи дараи Бартанг, кӯҳи бузурге аз ғаллаёну ҳарорату фишори шадиди зеризаминӣ боло хеста мисли дарахти тӯфонкандаю бурида чаппагардон шуд ва рӯи дарраро пӯшонд. Чангу ғубори ба ҳаво хеста чаҳор шабонарӯз фазои дарраро тираву хира намуд.
Субҳидами рӯзи сеюм мардуми деҳоти болообу поёноб, ки хонаҳои онҳо низ харобу валангор шуда буданд, аз аҳволи худ даргузашта ба хабаргирии аҳволи мардуми деҳаи Усой, ки садои даҳшатноки таркидану ғалтидани кӯҳ ва чангу ғубор аз онҷо хеста буд, раҳсипор шуданд. Аммо оби рӯдхонаи Мурғоб хушк шуда ва роҳи дарраро садди бузурги кӯҳтӯдаи ғалтида гирифта буд.
Деҳаи зебои Усой бо пиру барнои хеш, бо дарахтону боғоташ, зери кӯҳи гарон ба хоби абадӣ рафта буд… Тибқи як ҳисоб дар ин ҳодисаи даҳшатноку фоҷиабор дар Бадахшон 835 тан ҳалок шуда буданд.
Зиндамондагони ҳамсоядеҳаҳо, чароғи шаҳидони зери кӯҳтӯдаи Усой мондаро рӯшан, анҷому афзори рӯзгорро ҷамъ, аспу улоғҳои хешро зин кардаю бор баста, чорворо пеш-пеш андохта, деҳаҳои хешро, ки зина ба зина таги об мерафтанд, тарк карданд. Ба ҳисобе 54 ва ба ҳисоби дигар бештар аз он хонаҳо бо соҳибони хеш дар ин деҳаи ободон зери кӯҳ монданд. Танҳо се тан, Миршаиб, Натмит ва Силтмамад, ки ба меҳмонии деҳаи дигар рафта буданд, аз марг наҷот ёфтанд.
Биноҳои деҳоти дигар аз ҷумла рустои калонтарин ва зеботарину биҳиштосои водии Бартанг Сарези нозанин низ фурӯ рафта, ҷойи харобаҳои онҳоро лаҳза ба лаҳза кӯли бузурге бо ҳамин ном фаро мегирифт. То ду сол оби дарёи Мурғоб банд монду кӯл истод ва танҳо тирамоҳи соли 1913 дар баландии беш аз 279 метр аз синаи садди кӯҳтӯдаи фурӯрафта, чашмаҳо заҳидаю дамида шаршара шуданд ва рӯдхонаи Мурғоб аз нав зинда шуда, акнун оби он, ки хеле софу тоза буд, ба рӯди Ғудара омехта, дарёи Бартангро аз сари нав пуроб гардонд….
Навиштаи Сардор Раҳдоров
(Идома дорад)