Зиндагӣ бо шафқату меҳрубонӣ зебост

ФирӯзаМуассисаи давлатии маҷаллаи “Фирӯза”, ки муассисаш Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз нашрияҳои дӯстдоштаи бонувони кишвар буда, аз рӯзгору кори бонувони комёб ва шоиста қисса мекунад.

Муассисаи давлатии маҷаллаи “Фирӯза” дар шумораи охарини соли 2025 (№ 11-12, 2025)  аз кору фаъолияти яке аз кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноат Набиева матлабе бо номи “Макони меҳрубонӣ” ба чоп расонидааст.

Саноат Набиева сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд буда, дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи мазкур ҳамарӯза мекӯшад, то сатҳи хизматрасонӣ ба муштариёни шуъба боз ҳам беҳтар бошад. Бонуи серғайрат ва  ташаббускор – Саноат Набиева пайваста паи барпо намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ талош меварзад ва дар ин ҷода муваффақ ҳам ҳаст. Ҳар маҳфилу чорабиние, ки дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд таҳти роҳбарии Саноат Набиева баргузор мешавад, хотирмон буда, дар фазои гарми самимияту меҳрубонӣ ва шодиву сурур ҷараён мегирад.

Ин аст, ки бонуи фаъолу ташаббускор Саноат Набиева дар арафаи Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Дар ҳошияи “Макони меҳрубонӣ” Китобхонаи миллӣ аз ҳамкориву таваҷуҳи маҷаллаи “Фирӯза” изҳори сипос менамояд.

Фирӯза” дар ин шумораи худ (№ 11-12, 2025) нуктаҳо аз Паёми Пешвои миллат, бардоштҳо аз Паём, ҳадяи “Шоҳнома”-и безавол аз тарафи Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон, ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой сазовор гаштани роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар даврони истиқлол, дар як озмун сазовори нуҳ ҷоиза гаштан ва инчунин саҳми занони фаъолу комёб ҳикоят мекунад.

Бояд гуфт, ки маҷалла чанд саҳифаашро ба бонувони шоёни таҳсину ифтихори миллат: Қосимова Мукаррама Набиевна (равонашон шод бод), Сурайё Дӯстмуродзода, Дилрабо Раҳимӣ, Майрам Урозова, Муборак Шафиева, Фариса Холиқова бахшида, маводҳое ҳам доир ба эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу либоси миллӣ, сабабҳои гирифторӣ ва роҳҳои тавонбахшӣ ба мубталоёни “синдроми Дауна”, тарзи таҳияи хӯришҳои солинавӣ ва инчунин ақидаи ситорашиносон, ки дар соли асп моро чӣ интизор аст ихтисос додааст.

Дар зимн, Муассисаи давлатии маҷаллаи “Фирӯза” бо Китобхонаи миллӣ ҳамкориҳои пайваставу судманд дошта, нусхаҳои ҳатмии маҷалла сари вақт ба Китобхона дастрас мешаванд.

Муҳидинова Махфират, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа