Зиё Абдулло. Тозаҳо
Дар ҷавониҳо хаёли пириям буд панде аз дуре,
Рўзи пирӣ меҳмони нозанинам аз ҷавонӣ ёд.
***
Осмонро ҳазор девор аст,
Ҳама аз мо ниҳодаву чида.
Хокдонро ҳазор чашми боз
Аз нигоҳи ситора афтида:
Чи занони ба Меҳр ҷонбозе,
Чи ғуломони зи Меҳр нашнида,
Чи ятимони ба кўй овора,
Содаҳои ба лутф макрида
Зери девори осмон гирён,
Шавад оё зи нам бикўчида,
Лек деворҳои гардунҳо
Қад кашад з-ин нигоҳи пуркида…
***
Нигар мағзи шўхат ба ором луч,
Чи бисёр мезояд андеша пуч…
***
Мураккаб ишқро ҳамсоя бошад,
Ки баҳси ҳар ду дар як поя бошад.
Чуноне сода ҳамкўй аст бо меҳр,
Ки нози ҳар ду бепероя бошад.
***
Ҳар гиёҳе аз Миҳан реша дар танам дорад,
Медиҳад ҳавояш нам, зиндагулшанам дорад.
Зардуҳишт аз он овард аз ду оламам берун,
То ба ҳастии аслӣ роҳи рўшанам дорад.
Ин ҷаҳони суратро ончунон дамидам ҷон,
То Замин зи ҷўши ҷон чархазан фанам дорад.
Ў ба сўи гардуни покии баландам хонд,
Ин ба пасти ғажди худ, ғажди Миҳанам дорад.
Мебарад хирад боло, зери по кашонад ҷаҳл,
Он бихоҳад Инсонам, ин саги манам дорад.
***
Ҳоли Фирдавсӣ ба оғўшам чунон афтодааст,
Гўиё тифле канори моми ҷон афтодааст.
***
Покии моро Худованд ошкоро гуфтааст,
Ғаждпироён варо беҳуда пинҳон мекунанд.
ҒАМИ РАВОНИ МАСЪУД
Ватанёре чу ман дигар набошад,
Ватандорам, вале нашнохт, нашнохт;
Ба душман дод он бо хешшўӣ,
Ба пулшўӣ, дигар, Миҳан пас андохт…
Басе сардори «шўх»-е ҳам зи ҳар сў
Ба «кўдакбозӣ»-и тозӣ бупардохт.
На шарм аз шоҳию не чашми кўдак,
Куҷо кафтор бо ин «кор» восохт.
Дилам сўзад ба поки нози Зардуш,
Чунин ғажде ба сардорӣ сар афрохт.
***
Ҳазору чорсадсола дурўғаш,
Кушодам рўи шарҳи «Шоҳнома».
Ниҳодам рўбарўи ориёнаш
Ки худро бинад аз ин роҳнома.
Авасто рост мегўяд, ки гуфта:
«Куҷо бад нек шуд аз «Гоҳнома»[1].
Хитоби равони Зардушт
Ай инсоне, ки ҳастиношиносӣ,
Зи Зебои Бузургаш дар ҳаросӣ!
Туро Ҳастӣ зи шаш сў Меҳр борад,
Ба чашми Неки ту зебо гузорад,
Ниҳодатро ҳам аз ин Рост орост,
Ба покиҳо туро раъно биперост.
Чи хубон бо вуҷуди ў, ки буданд,
Ҳунарҳо зода Ҳастиро кушуданд.
Ба растохез дида хўи дунё,
Суруданд он ҳама мастии бўё.
Ба хушхўӣ надидӣ масти Ҳастӣ,
Ба худхорон кашидӣ дасти Ҳастӣ.
Сурудандозҳоро ҳам шикастӣ,
Ба об андохтиву кунда бастӣ.
Нигар, эй оҷиз, ин бинои Ҳастӣ,
Ба чашму гўши ту гўёи Ҳастӣ!
Дилатро кай бубинӣ чашми Ҳастӣ?!
Ба гулчинӣ[2] нашинӣ чашми Ҳастӣ…
Чу Ҳомеру[3] Башору[4] Рўдакӣ[5] дид,
Чӣ сон аз чашми бинои ту афтид??!
ШАРҲ:
- Асли аз Зардушт расидаи Авасто.
- Ба чидани гули чашм, сафедӣ, ки ба чашм афтад, агар бичинанд, чашм бино шавад.
- Ҳомер – шоири модарзод нобинои Юнони Қадим, сарояндаи «Илиада» ва «Одисей».
- Башшор ибни Бурд – шоири модарзод нобинои асри 7–8-и арабзабони тоҷики тахористонӣ.
- Асосгузори шеъри тоҷикии форсӣ, шоири хирачашм.