“Зиёда аз сад математики муваффақ”. Эварист Галуа (1811 – 1832)

Соли 1830 дар осмони илм ситораи ғайриодии дурахшон бо исми “Эверист Галуа” фурўзон гашт. Бо ҳамин суханон математики машҳури немис Феликс Клейн пайдоиши нобиғаи соҳаи математикаро истиқбол гирифта буд. Ба ҷавонии худ нигоҳ накарда (дар синни 21 солагӣ ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид) Эварист Галуа дар илми математика натиҷаҳоеро соҳиб шудааст, ки номи ўро дар сафи поягузорони асосҳои алгебраи муосир ба таври абадӣ ҷойгир сохтаанд.
Галуа дар Бург – ла – Рейн дар наздикии Париж тавлид ёфтааст. Падараш омўзгори синфҳои ибтидоӣ буд. Соли 1823 Галуаи ҷавон аз макони зисташ берун рафта, дар синфи чоруми литсейи ба номи Людовики Кабир дохил шуд. Дар синни 15 солагӣ ў бо суханпардозии (риторикаи) математика, ки барои хонандаи синф ҳатмӣ набуд шинос шуда, пас аз якчанд ҳафтаи шиносоӣ бо геометрияи Лежандр нуқтаи назари хешро иброз кард. Ҳанўз дар вақти дар литсей хонданаш ў дар маҷаллаи математикӣ мақолаи илмӣ навишт чоп кард, сипас таҳқиқотҳои корҳои анҷомдодаи худро дар шакли кори илмии калонҳаҷм ба суроғаи Академияи Илмҳои Париж фиристод. Мутаассифона, дастнависи Галуа, ки бешубҳа идеяҳои гениалии садсоларо дарбар гирифта буд, гум шуд. Тасаввур кардан мушкил аст, ки Галуа ду маротиба дар Мактаби политехника имтиҳонро супорида натавониста ноком гашт. Аз рўи тасавуроти ў супоришҳои имтиҳонӣ хеле сода буданд ва навишти мухтасари овардаи олими оянда аъзои ҳакамонро қонеъ гардонида натавонистанд.
Соли 1830 Галуа ба Мактаби муқарарӣ дохил шуд, аммо бо сабаби дар матбуот кушодани хислати дурўягии директори мактаб дар табадулоти июлӣ аз мактаб хориҷ карда шуд. Баъди ба тахт нишастани Людвиг Филипп Галуа дар муборизаи сиёсӣ дар сафи партияи республикавии чаправ “Дўстони халқҳо” ширкати фаъолона нишон додааст. Барои рўйрост ва ошкоро бар зидди ҳокимияти шоҳӣ баромад карданаш ўро ду маротиба зиндонӣ кардаанд. Ҳангоми дар маҳбас буданаш ў аз Академия Илмҳо мактуб гирифт, ки он ҷавоби номаи маротибаи дуюм фиристода ба дастхаташ буд. Математики машҳури замона Пуассон, ки кори ўро тақриз дода буд, чунин хулосаро муносиб донистааст. ”… мо қобилияти фаҳмидани фикри асосии муаллифро надорем”.
Баробари аз маҳбас озод шудани Галуа рақибони сиёсиаш фитна ангехта ўро ба дуэл ташвиқ карданд. Ў дар дуэл ба ҳалокат расид.
Таҳқиқотҳои асосии Галуа ба ҳалшавандагии муодилаҳои алгебравӣ бахшида шудаанд. Ў исбот кард, ки муодилаи алгебравии дилхоҳи дараҷааш аз 4 боло дар радикалҳо ҳалнашаванда нест. Яъне ҳалли чунин муодиларо бо решаҳо ифода кардан ғайриимкон аст. Музаффарияти бузурги Галуа дар ёфтани шартҳои зарурӣ ва кифоягие мебошанд, ки онҳоро муодилаи дараҷаи додашуда, ҳангоми дар радикалҳо ҳал шуданаш бояд қонеъ созад. Барои ҳосил кардани ин натиҷа Галуа назарияи тамоман ҷадидро бо номи назарияи гурўҳҳо, асос гузошт, ки ҳоло дар таърихи илм бо номи “Назарияи Галуа” маъруф аст. Ў дар он як қатор мафҳумҳои асосиро аз қабили ҷисми алгебравӣ ва гурўҳи алгебравӣ ворид сохт. Назарияи гурўҳҳои Галуа на танҳо дар инкишофи илми алгебра, балки дар инкишофи тамоми математикаи асри XIX нақши арзанда гузоштааст. Ҳоло ҳам идеяҳо ва методҳои назарияи гурўҳҳо мунтазам дар механикаи квантии муосир ва кристалография татбиқ мегарданд.
Галуа, инчунин, бо назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ машғул шудааст. Пеш аз марг дар мактуби ба дўсташ А. Шевале Галуа пурра назарияи муодилаҳои алгебравии хешро навишта буд. Дар он хоҳиш карда буд, ки дўсташ ин кашфиётҳои ўро ба Гаусс ва Якоби нишон диҳад ва фаҳмад, ки онҳо нисбати ин кор чӣ фикр доранд.
Мутаассифона, корҳои илмии Галуа танҳо пас аз 14 соли вафоти ў ба чоп расонида шуданд.
МАНБАЪ: Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе, 2025.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ