“Зиёда аз сад математики муваффақ”. Георг Фридрих Бернхард Риман (1826 – 1866)

  Роҳи инкишофи математикаи муосир, асосан бо шарофати корҳои анҷомдодаи олими намоёни асри XIX- и немис Георг Фридрих Бернхард Риман муайян карда шудааст. Риман дар оилаи пастори деҳотӣ таваллуд шудааст. Бо тавсия ва хоҳиши падараш ў сараввал ба факултети теологии Университети Геттинген дохил шуд, вале дере нагузашта майлу рағбати ба илмҳои дақиқ, аз ҷумла ба математика доштааш, боло гирифтанд ва донишҷўи ҷавон пурра ба математика дода шуд.

Риман дар аввал лексияҳои Гауссро шунид, сипас дар Донишгоҳи Берлин аз лексияҳои чунин математикҳои барҷаста ба мисли Дирихле, Якоби, Штейнер баҳравар гардид. Аз байнашон Дирихле барои Риман ҳам мураббӣ гардиду ҳам устод ва ҳам дўст. Ин ба инкишофи истеъдоди Риман таъсири мусбӣ расонид. Дар соли 1851 дар Геттинген рисолаи докториашро доир ба назарияи функсияҳои комплексӣ ҳимоя карда, соҳиби унвони илмии доктори илми математика гардид. Пас аз се сол, баъди пешниҳод кардани ҷуфти корҳои «Доир ба имконияти пешниҳод кардани функсия дар шакли қатори тригонометрӣ» ва «Доир ба гипотезаҳо дар асосҳои геометрия» ўро ба вазифаи приват дотсент (дотсенти ғайриштатӣ) таъин карданд. Кори аввалини ин ҷуфт ба таҳқиқи шарти Дирихле оид ба қатори Фурие паҳн кардани функсия бахшида шуда буд. Дар ин кораш ў натиҷаҳо ҳосилкардаи устодаш Дирихлеро пурра сохта, онҳоро умумӣ  гардонидааст.

Кори дуюм доир ба геометрия барои инкишофи идеяҳои математикӣ ва физикӣ аҳаммияти хеле муҳим касб карда буд. Гап дар он ки Риман ҳамаи геометрияҳои мавҷуда, аз ҷумла ғайриэвклидиро низ, ба синфҳо ҷудо карда, имконияти сохтани шумораи дилхоҳи фазоҳоро нишон додааст. Ин таҳқиқот барои Эйнштейн дар ошкор сохтани назарияи нисбӣ роҳ кушод. Бо гузашти айём Риман дар Донишгоҳи Геттинген ба кори педагогӣ оғоз кард. Мегўянд, ки агар дар лексияи нахустини ў ҳамагӣ 8 нафар шунаванда ширкат варзида бошад, дар лексияи дуюмаш боз ҳам камтар шунавандагон иштирок карданд. Сабаб дар он буд, ки Риман, ҳангоми хондани лексия ба мушкилӣ дучор омад ва шунавандагон ўро намефаҳмиданд. Вале пас аз чандин лексияҳо ў аз симои шунавандагон пай бурда омўхт, ки оё онҳо лексияро фаҳмида истодаанд ё онро барояшон содатар баён намояд. Дар лексияҳояш Риман маводеро изҳор мекард, ки ҳоло дар ягон сарчашмаи илмӣ чоп нагардида буданд.

Пас аз вафоти Риман, шунавандагон лексияҳои ўро ҷамъ оварданд ва дар шакли мукаммал ба Маҷмуаи асарҳои ў ҳамроҳ карда, пас аз 40 соли фавташ ба чоп расониданд. Овардани методҳо, теоремаҳо, проблемаҳо, ки номи Риманро гирифтаанд гувоҳӣ медиҳанд, ки ин олими бузург дар ҳаёташ чӣ коре кардааст ва чиро аз худ боқӣ гузоштааст: теоремаи Риман – Рох доир ба функсияҳои алгебравӣ, фазои Риман, интеграли Риман, леммаи РиманЛебег доир ба интегралҳои тригонометрӣ, геометрияи Риман, гипотезаи Риман, Матритсаҳои Риман дар назарияи функсияҳои Абелӣ, Зета- функсияи Риман, методи Риман оиди ҳалли муодилаҳои бо ҳосилаҳои ҷузъии типи гиперболӣ ва ғайраҳо.

Ба он нигоҳ накарда, ки Риман он қадар корҳои зиёд эҷод накардааст ва аз ин ҳам камтар ба чоп расонидааст, ҳар як кори анҷомдодаи  ў хеле муҳим арзёбӣ карда шудааст, зеро идеяҳои нав ба навро дар бар гирифтаанд.

   Афсус, ки касалии сил хеле барвақт ҳаёти ин олими бузургро ба поён расонид. Ў соли 1866 вафот кард.

                   МАНБАЪ: Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе,  2025.

Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

адабиёти табиатшиносӣ,

техникӣ ва илмҳои дақиқ