“Зиёда аз сад математики муваффақ”. Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ

Ғиёсуддин Ҷамшеди КошонӣҒиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ – олими форсинажод, яке аз математикҳои муваффақ ва ситорашиноси барҷастаи асри XV, яке аз раҳбарони расадхонаи Самарқанд, тақрибан, соли 1380 дар шаҳри Кошон дар шимоли Эрон ба дунё омада, дар мадраса таҳсил кардааст. Олими ҷавон, ки аз ҷониби Мирзо Улуғбек, барои гузаронидани таҳқиқот ба Самарқанд даъват карда шуда, дар он ҷо яке аз аъзои маркази илмии таъсискардаи Улуғбек гардид.

Ҷадвали астрономии «Зиҷи Ҳоқон» (1414), ки аз ҷониби ал- Кошӣ мураттаб шудааст, таҷдиди «Зиҷи Илҳон»-и Насриддин ат – Тўсӣ мебошад. Дар рисолаи «Зинабони осмон» (1407) ал – Кошӣ дар бораи масофа то Моҳ ва Офтоб, ҳаҷми онҳо, масофа то ба сайёраҳо ва доираи ситораҳои собита баҳс мекунад.

Рисолаи «Тафсири асбобҳои мушоҳида» (1416) асбобҳоеро, ки дар астрономияи мушоҳидавӣ истифода бурда мешаванд, тавсиф мекунад.

Дар рисолаи «Лаззати боғҳо» асбоби сохтаи ал- Кошӣ тавсиф карда шудааст, ки бо ёрии он арзу тули равшанидиҳандаҳо, масофаи онҳоро то Замин ва ғайра муайян кардан мумкин аст. «Рисолаи нуҷум» ва «Рисолаи оид ба ҳалли пешниҳодҳо дар бораи Миррих» низ маълум аст.

Дар соҳаи математика ал- Коши музаффариятҳои зеринро соҳиб аст:

  1. 1. Дар рисолаи худ «Калиди арифметика» системаи шастии ҳисобро истифода бурдааст. (Дар рисолаҳои астрономии юнониёни қадим танҳо қисми касрии адад дар системаи шастӣ навишта шуда, тамоми қисм бо системаи анъанавии ионӣ навишта шудааст. Ал – Кошӣ пешниҳод кардааст, ки тамоми қисм низ дар системаи ҳисоби шастӣ навишта шавад. Ҳамин тариқ, ў воқеан ба шакли сабте баргашт, ки онро бобилиёни қадим истифода мебурданд, аммо худаш дар ин бора шояд намедонист.) Дар ҳамон рисола Ал-Кошӣ касрҳои даҳиро муаррифӣ мекунад ва қоидаҳои асосии амалиётро бо онҳо ва роҳҳои табдил додани касрҳои даҳӣ ва баръаксро тартиб медиҳад.
  2. 2. Дар рисолаи худ оид ба доира дарозии давраро мувофиқи тавсияи Архимед ҳамчун миёнаи арифметикии байни периметрҳои бисёркунҷаҳои дарункашидашуда ва берункашидашуда ҳисоб мекунад. Ин ба ў барои 2П қимати тақрибии 6,2831853071795865 – ро дод. Ин қиммат, ки 16 аломати даҳиро дарбар гирифтааст, аз баҳое гирифта шудааст, ки ў қаблан дар касрҳои шастӣ бо 9 – аломати даҳии дошта ҳисоб карда буд. Бо ин вай рекорде гузошт, ки он то соли 1956, то замоне ки Людолф ван Зейлен адади П-ро бо 35 аломати даҳӣ ҳосил кард, боқӣ монд. Илова бар ин, бешубҳа метавон гуфт, ки ин асари Ал-Кошӣ аввалин намунаи таърихан сабтшудаи табдили каср аз як системаи ҳисоб ба системаи дигар буд.

3 Дар «Китоби хорда ва синус», ки то ба мо нарасидааст (мо дар ин бора аз осори Козизода ар – Румӣ ва як қатор муаллифони дигар маълумот дорем), Ал- Кошӣ усули итератсионии ҳалли муодилаи тирексияи кунҷро пешниҳод кардааст. Муодилаи трисексияро ҳар кас метавонад ба таври худ нависад. Ал – Кашӣ онро дар шакли хоса пешниҳод мекунад.

МАНБАЪ: Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе,  2025.

Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ