“Зиёда аз сад математики муваффақ”. Карл Густав Якоб Якоби (1804 – 1851)
Кард Густав Якоб Якоби дар Потсдам дар оилаи банкири берлинӣ ба дунё омадааст. Бародари калонии ў шахси маъруф физики номӣ, профессори Петербург буд. Вақти зиёди хешро ба илми дўстдоштааш дар мактаби миёна сарф кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна омўзиши математика ў дар Берлин идома додааст. Ў яку якбора дар ҷодаи илм ба музаффарият расидааст.
Тирамоҳи соли 1825 ба Якоби, ки дар он давра 21 – сола буд, дараҷаи илмии доктор дода шуд. Баҳори соли оянда ў ба Кенигсберг рафта, барои кор ба Университет дохил шуд. Мувофиқи ақидаи аксарият Якоби педагоги олиҷаноб будааст. Кор дар Университет дониши математикии ўро чуқуртар гардонид. Дар Кенигсберг ба ў унвони дотсент, пас аз як сол (1827) унвони профессори эксординарӣ дода, ўро соли 1836 ба узвияти Академияи Илмҳои Берлин пазируфтанд.
Якоби аз ҷумлаи созандагони назарияи функсияҳои эллиптикӣ мебошад. Ў як қатор қоидаҳоро доир ба назарияи ададҳо, алгебраи хаттӣ муқарар кард, муодилаи дифференсиалии динамикаро таҳқиқ кард, бо муодилаҳои тартиби яки дорои ҳосилаҳои ҷузъӣ (хусусӣ) машғул шуд. Аз болои чандин проблемаҳои математикӣ андеша кард. Мушкил аст ёфтани соҳаи математика, ки Якобӣ дар он таҳқиқот набурда бошад. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ў педагоги хеле барҷаста буд. Асари асосии Якоби «Назарияи нави функсияҳои эллиптикӣ» ба шумор меравад.
Якоби, инчунин, бо сиёсат ҳам машғул буд. Дар аввал ба сафи тарафдорони шоҳ дохил буд, вале, минбаъд он қадар ҷиддӣ набошад ҳам, ба тарафи инқилобчиён гузашт. Дар корҳои минбаъдаи илмӣ Якоби бо проблемаҳое машғул шуд, онҳоро Гаусс ва Лагранж ба миён гузошта буданд. Ў ҷадвали қиматҳои муодилаи Х= А-ро, ки Гаусс то адади 89 идома додааст, то охир расонид. Якоби ин ҷадвалро барои ҳамаи ададҳои то 1000 расонид.
Ў, ҳамчунин, корҳои оғозкардаи Лагранжро аз рўи муодилаи тақсими давра ва кори Гауссро доир ба назарияи ададҳо идома дод. Соли 1829 Якоби корҳои таҳқиқотиро доир ба функсияҳои аналитикӣ оғоз кард. Соли 1834 ў корҳои хешро доир ба шаклҳои квадратӣ чоп кард. Диққати ўро, инчунин, қонунияти ҷойгиршавии ададҳои бутун ба худ ҷалб карда буд. Якоби идеяи пешниҳод кардани адади дилхоҳи бутунро дар шакли суммаи квадратҳои ададҳои бутун амалӣ кард ва кўшиш кард, ки назарияи функсияҳои эллиптикиро дар геометрияи аналитикӣ татбиқ намояд, масалан, бо ёрии интеграли эллиптикӣ эллипсоидро ба ҳамворӣ ба таври конформӣ инъикос кард.
Кори илмии бо шиддат организми ҷавонро лоғар гардонид. Соли 1843 Якоби барои бо табобат машғул шудан, аз Кенигсберг ба Италия сафар кард. Аз он ҷо ба Берлин баргашта, боз якчанд таҳқиқоти муҳимро анҷом дод.
Якоби 18-уми феврали соли 1851 дар синни 26-солагӣ дар шаҳри Берлин аз бемории обила (гул) фавтидааст.
Академияи Илмҳои Берлин солҳои 1881- 1891 дар ҳаҷми 8 ҷилд Асарҳои мунтахаби Якобиро пурра нашр кард.
МАНБАЪ: Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе, 2025.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ