Зиёда аз сад математики муваффақ. Умари Хайёми Нишопурӣ
Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайём 18-уми майи соли 1048 дар Нишопури Эрон таваллуд шудааст. Ў дар замони давлатдории Салҷуқиён умр дидааст ва чун файласуф, риёзидон, ситорашинос ва шоири форс дар саросари ҷаҳон маъруф аст. Хайём ҳамчун шоири барҷаста, муаллифи силсилаи рубоиҳои фалсафӣ шинохта шуда, шоири маъруфи халқҳои Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон ҳисоб меёбад. Зодгоҳаш дар шаҳри Нишопури Хуросон воқеъ аст.
Умар писари хаймадўз буд ва хоҳари аз худаш хурд бо исми Ойиша дошт. Дар синни 8-солагӣ ў ба омўзиши амиқи математика, астрономия ва фалсафа шурўъ кард. Умар дар синни 12-солагӣ шогирди мадрасаи Нишопур шуд. Баъдан дар мадрасаҳои Балх, Самарқанд ва Бухоро таҳсил кард. Дар он ҷо курси ҳуқуқ ва тибби исломиро бо баҳои аъло хатм намуда, соҳиби тахассуси ҳаким, яъне табиб шуд. Вале амалияи тиббӣ ба ў чандон маъқул набуд. Асарҳои риёзидон ва ситорашиноси машҳур Собит ибни Курра ва математикҳои Юнониро меомўхт.
Хайём аввалин талафоти вазнинро аз сар гузаронд: дар синни шонздаҳсолагӣ эпидемия аввал падар ва баъд модараш вафот карданд. Умар хонаю устохонаи падарашро фурўхта ба Самарқанд, ки дар он замон маркази илмию фарҳангии дар Шарқ эътирофшуда буд, кўчид. Хайём дар Самарқанд нахуст шогирди яке аз мадрасаҳо шуд, вале пас аз чанд суханронӣ дар мубоҳисаҳо бо дониши худ ҳамаро чунон мутаассир кард, ки дарҳол ўро устоди худ қарор доданд.
Солҳои омўзгории Хайём пур аз офатҳо ва оворагардӣ буданд ва барои ў на маводи моддӣ ва на вақти кофӣ барои омўзиши илмӣ наоварданд. Дар он айём олимон метавонистанд танҳо дар дарбори ҳоким, мансабҳои котибӣ, шоирӣ, табиб ё мунаҷҷимро ишғол намоянд ва рӯз гузаронанд. Аммо сахттарин вабои ин давра ҷангҳои ваҳшиёнае буданд, ки боиси харобии тамоми шаҳру кишварҳо гардиданд. Душвориҳоеро, ки Хайём аз сар гузаронд, бешубҳа, аз он сабаб боз ҳам вазнинтар мегардиданд, ки айёми ҷавонии ў ба солҳои аввали истилои Салҷуқиён рост омад. Баъдтар Хайём дар муқаддимаи «Алгебра»-и худ суханони талх менависад: «Мо шоҳиди марги олимон будем, ки аз паси худ як гурўҳи хурди пурсабрро монда будем. Сахтии тақдир дар ин айём намегузорад, ки худро ба такмил ва амиқтар кардани илми худ комилан сарф кунанд. Аксари онҳое, ки дар ҳоли ҳозир худро олим вонамуд мекунанд, аз доираи дурўягиву чоплусӣ дар илм берун набаромада, ҳақиқатро бо дурўғ мепўшонанд. Ва агар бо шахсе вомехўранд, ки бо ҷустани ҳақ ва дўстдори ҳақ, талоши рад кардани дуруғ ва риё ва аз лоф ва фиребу найранг даст кашидан аз худ фарқ мекунад, ўро мавриди таҳқиру тамасхури худ қарор медиҳанд».
Умар мисли дигар олимони бузурги он замон дар ягон шаҳре дер назистааст. Ҳамагӣ пас аз чор сол ў Самарқандро тарк карда, ба Бухоро рафт ва дар он ҷо дар хазинаҳои китоб ба кор шурўъ кард. Дар давоми даҳ соле, ки олим дар Бухоро умр ба сар бурд, доир ба риёзиёт чор рисолаи бунёдӣ навишт.
Умари Хайём соли 1074 ба Исфаҳон – маркази давлати Салҷуқиён ба дарбори Султон Маликшоҳи 1 даъват шуд. Бо ташаббус ва сарпарастии сарвазири шоҳ Низомулмулк ба мураббии Умар ба рўҳияи султон табдил ёфт. Пас аз ду сол Меликшоҳ ўро сардори расадхонаи қаср, ки яке аз калонтарин дар ҷаҳон буд, таъин кард. Умари Хайём, ҳангоми дар ин вазифа кор кардан, на танҳо таҳсили риёзиётро идома дод, балки ситорашиноси машҳур низ гардид. Бо як гурўҳи олимон тақвими офтобиро таҳия кард, ки аз тақвими григорианӣ дақиқтар буд. Ҷадвалҳои астрономии Маликшоҳро тартиб дод, ки ба он феҳристи хурди ситораҳо дохил карда шудааст. Дар ин ҷо се китоб навиштааст: дар китобҳои дуюм ва сеюм назарияи таносубҳо ва таълимоти ададро таҳқиқ кардааст. Аммо соли 1092 баъди даргузашти Султон Маликшоҳ ва вазир Низомулмулк, ки ўро сарпарастӣ мекарданд, давраи зиндагии хуши ў ба охир мерасад. Солҳои ҳукмронии бевазани Маликшоҳ Туркон Хотун ва ҷонишини ў Султон Санҷар барои Хайём хеле душвор буданд. Шоир маҷбур шуд, ки пойтахти Салҷуқиёнро тарк кунад.
Умари Хайём дар замони ҳукмронии Султон Маликшоҳ (1055-1092) асари таърихиеро бо номи «Наврўзнома» эҷод кард, ки он аз таърихи пайдоиш ва аз ҷониби кадом подшоҳон ҷашн гирифтани ҷашни Наврўзи Аҷам маълумоти муфассал медиҳад. Ин китоб дар соли 2012 аз ҷониби нашрияи «Адиб» ба табъ расонида шудааст.
Охирин соатҳои зиндагии Хайём аз суханони ҳамзамонаш Байҳақӣ, ки ба суханони домоди шоир ишора мекунад, чунинанд: «Боре Умари Хайём, ҳангоми мутолиаи китоби Абуалӣ ибни Сино «Китоби шифо», наздик шудани маргро ҳис кард (дар он вақт синни ў аллакай аз ҳаштод гузашта буд), аз мутолиа дар бахше, ки ба мушкилтарин саволи метафизикӣ бахшида шуда буд ва «Як дар чандгона» ном дошт, аз мутолиа даст кашид ва дандоншикаи тиллоиро, ки дар даст дошт, дар байни варақҳо китоб гузошт ва ҷилди онро пўшид. Баъд ба хешу табор ва шогирдонаш васият кард ва баъд аз ин аз хўроку нўшокӣ даст кашид. Намози хоби наздикро адо карда, ба замин хамида, зону зада гуфт: «Худоё! То ҳадди имкон кўшиш кардам, ки Туро бишносам. Мебахшӣ! Аз он даме ки Туро мешиносам, ба Ту наздиктар шудам». Бо ин суханон дар лаб, 4-уми декабри соли 1131, Умари Хайём ҷон супурд.
Кор дар соҳаи математика: Мулоҳизаҳои Хайём дар бораи душвориҳои баъзе постулатҳои осори Евклид. Хайём «Рисолаи исботи масъалаҳои алгебра ва ал- муқобала» дорост, ки дар он таснифи муодилаҳоро оварда, роҳи ҳалли муодилаҳои дараҷаи 1,2 ва 3-ро баён мекунад. Хайём дар бобҳои аввали рисола усули алгебравии ҳалли муодилаҳои квадратиро баён кардааст, ки онҳоро ал- Хоразмӣ тавсиф карда буд. Дар бобҳои минбаъда ў усули геометрии ҳалли муодилаҳои кубиро, ки аз Архимед бармеояд, таҳия мекунад: решаҳои ин муодилаҳо дар ин усул ҳамчун нуқтаҳои умумии буриши ду қисми конусии мувофиқ муайян карда шудаанд. Хайём асосноккунии ин усул, таснифоти навъҳои муодилаҳо, алгоритми интихоби навъи бахши конус, арзёбии шумораи решаҳо (мусбат) ва бузургии онҳоро додааст. Хайём пай набурд, ки муодилаи кубӣ метавонад се решаи мусбии ҳақиқӣ дошта бошад. Хайём натавонист, ки то он дараҷаи формулаҳои алгебравии Кардано бирасад, аммо изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда роҳи ҳалли возеҳ пайдо мешавад. Умари Хайём дар муқаддимаи рисолаи боло таърифи аввалини алгебраро ҳамчун илме, ки то мо расидааст, медиҳад ва мегўяд: алгебра илми муайян кардани бузургиҳои номаълум, дар баъзе робитаҳо бо миқдорҳои маълум аст ва чунин муайянкунӣ бо роҳи тартиб додан ва ҳалли муодилаҳо робита дорад…
Идомаи ин матлабро аз китоби Асадулло Шарифзода, Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ” бихонед. Китоб соли 2025 чоп шудааст ва чанд нусха аз он дар Китобхонаи миллӣ низ мавҷуд аст.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.