Зиёда аз сад математики муваффақ. Якоб Штейнер (1796-18630)
Якоб Штейнер соли 1796 дар оилаи сокини деҳаи Утсендорф дар наздикии Солотурни Швейтсария таваллуд шудааст. Ў илми математикаро мустақилона омўхтааст. Махсусан, пас аз шиносоӣ бо идеяҳои Песталотси ў ба илми геометрия меҳр пайдо кард. Соли 1815 ба Гейделберг омада, бо фаъолияти омўзгорӣ машғул гардид.
Ў дар ин давра ба писари вазир фон Ҳумболдт дарсҳои иловагӣ дод ва ин барояш имкон фароҳам овард, ки ба Институти педагогӣ дохил шавад. Соли 1834 вазир ва бародари ў Александр, бо мақсади ба идеяҳои Песталотси тақвият бахшидан, Штейнерро ба Берлин даъват карда, махсусан барои ў дар Университет кафедра таъсис доданд. Ў, инчунин, ба узвияти Академияи Илмҳои Берлин пазируфта шуд.
Дар Берлин Штейнер дар лаҳзаҳои охирини ҳаёташ зиндагӣ кардааст. Штейнер намояндаи бо истилоҳ «Геометрияи соф» ҳисоб меёфт. Мувофиқи ақидаи Штейнер геометрияро беҳтар аст, агар назариявӣ омўзанд. Ў тасдиқ мекард, ки ҳисобҳо тафаккурро суст мегардонанд ва геометрия ин фикррониро тақвият мебахшад.
Хидматҳои Штейнер дар геометрия бузурганд. Ў тавонистааст, ки ин фанро бо теоремаҳои аҳамияти хоса дошта пурра гардонад. Вале аз овардани исботи теоремаҳо худдорӣ кардааст. Далелҳои беисбот овардаи Штейнер ба ганҷинаи идеяҳои тайёр ворид гардида, математикҳои оянда онҳоро ба асос гирифтаанд ва дар инкишофи илм саҳм гузоштаанд.
Бо ёрии яке аз методҳояш, ки методи чоршарнирӣ ном дорад, Штейнер хеле заковаткорона исбот кард, ки доира аз байни ҳамаи фигураҳои ҳамворӣ, ки бо хатҳои каҷи периметри баробар маҳдудбуда фигураи дорои масоҳати калонтаин мебошад.
Штейнер бо геометрияи элементарӣ низ машғул шудааст. Исбот кардааст, ки ҳамаи фигураҳои геометрияи Эвклидро танҳо бо ёрии хаткашак тасвир кардан мумкин аст, агар дар ҳамворӣ давра ва маркази он дода шуда бошанду халос. Ана, масалан конструксияи Штейнер, ки он созиши Штейнер ном гирифтааст, дар мавриди бо воситаи фақат хаткашак хатти росте кашидан мумкин аст, ки бо порчаи додашудаи миёнаҷояш маълум параллел аст. Дода шудаанд: Порчаи АВ, миёнаҷойи он S, инчунин нуқтаи Р-и дар хатти рости АВ ҷойгир набуда. Талаб карда мешавад: Хатти росте гузаронида шавад, ки он аз нуқтаи Р гузарад ва бо АВ параллел бошад.
Хонандаҳои азиз! Ин ва даҳҳо ба ин монанд мақолаҳои ҷолибро аз таърихи илми риёзӣ шумо метавонед аз китоби Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода “Зиёда аз сад математики муваффақ” бихонед. Ин китоб, ки соли 2025 чоп шудааст, дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти
табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.