ЗОДРӮЗИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО БА ҲАР ФАРДИ МИЛЛАТ ХУҶАСТА БОД!
Ибни Синоро дар Ғарб Авитсенна меномад ва ӯ бузургтарин пизишк, табиатшинос, файласуфи асрҳои миёна буд. Вай тавонист донишҳо дар бораи анатомия ва тиббро, ки инсоният дар тӯли таърих ба даст овардааст, ба ҳам орад.
Абу Алӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Али ибни Сино — чунин аст номи пурраи яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёнаи Шарқ –Ибни Сино. Ибни Сино, яъне писари Сино.
Сино — исми яке аз пешгузаштагони олими номвар аст. Ҳусейн ибни Сино дар рустое бо номи Афшона дар наздикии шаҳри Бухоро соли 370 ҳиҷрӣ (980 милодӣ) ба дунё омадааст. Тибқи тақвими исломӣ моҳи таваллуди ӯ низ маълум аст: сафар, ки мутобиқ ба нимаи дуюми моҳи август ва нимаи аввали моҳи сентябр мебошад.
Абдуллоҳ ибни Сино ба он хотир ба Бухоро омада буд, ки писаронашро соҳибмаълумот кунад. Вай аз Ҳусейн умедҳои калон дошт, ки аз овони хурдсолӣ аз худ истеъдоду маҳорат ва шавқу рағбат ба омӯзиш нишон медод. Дар панҷсолагӣ вай китоби муқаддаси Қуръонро пурра ҳифз карда буд. Ҳамаи донишмандони мусалмон омӯзишҳои худро аз Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) оғоз мекарданд, вале на ба ҳама муяссар мешуд, ки ҳатто дар синни балоғат ҳам шарҳи Қуръону ҳадисро донанд.
Бухоро, пойтахти давлати Сомониён, як шаҳри бузург ва калонтарин маркази илмии замон буд. Падараш Ҳусейнро аввал ба мактабе гузошт, ки ҳамсоя сохта буд. Дар ин мактаб бачаҳоро риёзӣ меомӯхтанд. Баъдан Ҳусейни ҷавонро барои омӯзиши фиқҳ ба мактабе равон карданд, ки миёни муҳассилин аз ҳама ҷавон буд. Аммо хеле ба зудӣ ҳатто бузургсолтарин донишомӯзони мактаб ба ақли гирову дониши фарохи Ҳусейн эҳтиром қоил шуданд ва ба назди ӯ меомаданд, то машварат пурсанд, ҳарчанд синни ӯ аз 12 боло набуд. «Муштарии худро чӣ гуна аз сӯдхӯри бераҳму золим бояд наҷот дод?”, “Чӣ гуна метавон дар додгоҳ гунаҳгорро фош кард?”, “Ҳангоми ҷудоӣ аз ҳамсар кадом калимаро бояд ба забон овард, ки ақалан даричае барои бозгардонидани зан ба хонаи шавҳараш боқӣ монад?”-бо чунин суолҳо ба Ҳусейн муроҷиат мекарданд ва ҳар кадоми онҳо посухе дарёфт мекарданд, ки қонеъкунанда буд.
Баъдан Ҳусейн мантиқ ва фалсафа, геометрия ва ситорашиносиро таҳти роҳбарии Абу Абдуллоҳи Нотилӣ, донишманди маъруф (аз олимони машҳури асри Х, соҳиби асарҳо оид ба фалсафа ва илоҳиёт аст. Нотил яке аз шаҳрҳои қадимии Табаристон-ҳоло Мозандарон мебошад), ки нав ба Бухоро омада буд, омӯхт. Он замон Ҳусейн ба ситорашиносӣ баъди мутолиаи китоби Батлимус (Клавдий Птоломей) “Сохтмони бузург” рағбати беандоза пайдо кард. Дар кутоҳмудда, чуноне борҳо шуда буд, шогирд аз устод пеш гузашт. Дар бисёр ҳолатҳои ҳангоми суҳбатҳои Нотилӣ танҳо шунаванда буду Ҳусейнро бо камоли майл гӯш мекард. Дар асари тарҷумаиҳолиаш менависад: “Вақте ки ман илми мантиқро аз ӯ (Нотилӣ) меомӯхтам ва масъалаҳои мушкил ва печдарпечи онро бо далелу бурҳон, бошитоб ҷавоб медодам, ки ҳаргиз ӯ нашунида буд, устод бениҳоят дар ҳайрат мемонд ва масъалае, ки ба ман мегуфт, аз вай беҳтар тасаввур мекардам. Ин шахс падари маро огоҳ намуд, ки ман ба ғайр аз омӯхтани дониш ба ҳеч кори дигар набояд саргарм шавам. Баъд аз он ба омӯхтани “Маҷастӣ” (“Ал-маҷастӣ”-китоби Балтимус (Птоломей) оид ба риёзӣ,, физика ва ситорашиносӣ) майл намудам. Вақте аз муқаддимоти он огоҳ шудам, ба шаклҳои ҳандасӣ расидам, устоди ман Нотилӣ гуфт: Акнун худат ба хондан машғул бош ва масъалаҳоро низ худат мустақил ҳал намо. Агар ягон мушкил пеш ояд, биё ва бар ман арз кун, то дуруст ё нодурустии онро ба ту баён намоям”.
Дар синни 13—14 солагӣ Ҳусейнро дигар дониши устодон қонеъ намекард ва ӯ ба худомӯзӣ пардохт. Аз тарҷумаи ҳоли то ба замони мо омада расида маълум мешавад, ки Ҳусейн бо кадом майлу рағбати беандоза ба омӯзиши геометрия, ситорашиносӣ, мусиқӣ машғул мешуд. Ва ҳамаи ин барояш басо ба осонӣ даст медод, ҳаддиақал то замоне, ки бо асари “Мобаъд-ут-табиат” (“Метафизика”)-и Арасту ошно шуд. Дар тарҷумаи ҳоли худ ба ёд меорад, ки ин асарро борҳо хондава, вале нафаҳмид. “Андешаи муаллифи он бар ман пӯшида монд, то чиҳил бор ин китобро хондам ва матни онро азбар кардам ва бо вуҷуди ин ҳам онро намефаҳмидам ва мақсади муаллифро фарқ накардам. Аз худам маъюс шудам ва гуфтам: “Ин китобест, ки маро барои фаҳмидани он роҳ нест!” (“Пирӯзинома”, Душ. 1990, с.17).
Аммо ҳодисаи тасодуфие сабаб шуд, ибни Сино ба умқи навиштаҳои Арасту расад. Боре як тоҷир дар бозор барояш шарҳи файласуфи машҳури замон Абунасри Форобӣ (солҳои 870-950) ба китоби “Мобаъд-ут-табиат” -и Арастуро фурӯхт. Ҳодисаи харидани ин китобро низ дар тарҷумаи ҳолаш басо ҷолиб овардааст: “Дар ҳамон рӯзҳо чоштгоҳ ба бозори китобфурӯшон рафтам. Даллоле дар дасташ китобе дошт ва бо овози баланд мардумро ба харидани он даъват мекард. …Ман онро сахт рад кардам. Вале он даллол аз нав маро ба харидани китоб даъват кард ва изҳор намуд, ки : “Китоб арзон аст, онро ба чаҳор дирам мефурӯшам, соҳиби китоб ба он пул муҳтоҷ аст”. Ниҳоят он китобро ба ҳамон маблағ харидам. Вақте бодиққат хондам, дидам, ки “Мобаъд-ут-табиат” – и Арасту аст, ки Абунасри Форобӣ (Муҳаммад бинни Тархон ё ки Абӯнасри Форобӣ донишманди маъруф, ки соли 260 ҳиҷрӣ дар деҳаи Васиҷ, наздикии Фороб таваллуд шуда, сӣ сол пеш аз ба дунё омадани Сино фавтидааст. Ӯро баъди Арасту муаллими сонӣ лақаб додаанд. Муаллифи 120 ҷилд китоб аст. Шарҳи Арасту аз беҳтарин китобҳои ӯст) онро ба унвони “Ағрози “Мобаъд-ут-табиат” –и Арасту” навиштааст.
Шитобон ба хона баргашта, ба хондани он машғул шудам. Азбаски онро азёд карда будам, дар ҳамон замон мақсадҳои вай барои ман ошкор шуд. Пас ман аз ин пешомад шод шудам. Рӯзи дигар ба шукронаи он ба бечорагон чизи бисёре садақа додам”.
Дар оянда Сино дар навиштани асарҳояш борҳо ба фалсфаи Арасту рӯ меорад ва ҳамзамон аз шореҳони машҳури асарҳои Арасту мегардад ва асосҳои таълимоти ин донишманди маъруфро шарҳ медиҳад.
Мо ҳоло намедонем чӣ водор кард, ки Ҳусейни 14-сола ба тиб рӯ орад. Аммо метавонем тасаввур кунем, ки дар ин илм то куҷо комёб шуд, вақте Ҳусейни 16-соларо даъват мекунанд, ки амири Бухоро ибни Мансурро муолиҷа кунад. Вай бемории амирро басо дуруст ташхис кард ва дору навишту табобат намуд.
Ба нишони эҳтирому ташаккур амир ба олими ҷавон бо хоҳиши худи ӯ иҷоза дод, ки аз китобхонаи дарбор истифода кунад. Дар ин китобхона, ки бузургтарин маъхази китоб дар Шарқ буд, Ҳусейн рӯзҳоро пурра пушти сар мекард, бо асарҳои олимони қадим ошно мешуд. Дар ин китобхона вай китобҳои физика, ҷуғрофия, механика, риёзиёт, ботаника, зоология, таърих, фалсафаро пайдо кард. Дар омӯзиши рисолаҳои тиббӣ вақти зиёдро сипарӣ кард. Маҳз дар ҳамин китобхона ба натиҷа расид, ки зарурати ба ҳам овардану ҷамъбаст кардани хонадаҳояш ва мушоҳидаҳои шахсияш оид ба тибб дар шакли як дастури раҳнамо ба миён омадааст.
Дар тарҷумаи ҳолаш Ибни Сино менависад: “Ман ба омӯзиши тиб машғул будам, ба хондаҳо мушоҳидаҳоямро аз табобати беморон зам мекардам ва ин ба ман имкон дод усулҳои зиёди муолиҷаро пайдо кунам, ки дар китобҳои хондаам, ёфт намешуд”.
Ишғоли Бухоро аз ҷониби туркон ва суқути давлати Сомониён Ибни Синоро водор кард, ки соли 1002 Бухороро тарк кунад, вале хотираи ин шаҳр, ки беҳтарин айёми наврасиву ҷавониашро дар оғӯши он гузаронидааст, тамоми умр осмони хотироташро тарк намекунад.
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард,
Пирит ба кофуре ниҳон натвон кард.
Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ,
Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.
Аз Бухоро ба Урганҷ, ба дарбори ҳокимони Хоразм рафт. Дар Хоразм барояш муяссар шуд, ки бо бисёре аз олимоне шинос ва ҳамсуҳбат шавад, ки асарҳояшонро дар китобхонаи амири Бухоро хонда буд.
Солҳои аввали омаданаш ба Урганҷ оромтарин солҳо ва хушбахттарин дар ҳаёти Ибни Сино буданд. Вай вақти зиёди худро барои танзиму тартиб додани қонунҳои давлатӣ сарф кард. вале қонуншинос нашуд, баъдтар бо ҳамон шавқу рағбати пешина ба фалсафа ва тиб баргашт.
Беморон бо камоли майл ба ӯ муроҷиат мекарданд ва боз кам набуданд касоне, ки назди Ҳусайн меомаданд, то онҳоро ба шогирдӣ қабул намояд. Онҳо ба ӯ ёрӣ мерасониданд, ки беморонро аёдат кунад, ба дардашон дармон бахшад, ва баъдан менишанстанд ва маърӯзаҳои илмиашро дар бораи касалиҳо гӯш мекарданд. Бӯалӣ беҳтари мураббӣ шуд, беҳтарин устод шуд. Якеро табибӣ меомӯхт, ба дигарон нишон медод, ки аз рустаниҳо ва минералҳо чӣ гуна метавон дору тайёр кард.
Соли 1012 вазъ маҷбур мекунад, ки Бӯалӣ Хорамзро тарк кунад ва ба Эрон сафар намояд. Маҳз дар Эрон вай асарҳои асосии тиббии худро навишт. Дар маҷмуъ вай 450 асар эҷод кардааст, ки то замони мо танҳо 274 асари вай омада расидааст.
“Ал-қонун-фӣ-тибб” китобе шуд, ки барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аз асрҳои XII то XYII пизишкони оянда дар Шарқ ва Ғарб алифбои саводи тибии худро аз “Қонун”-и Абӯалӣ ибни Сино мегирифтанд.
Дар асри XII ин асарро дар Толедо (Испаниё) аз арабӣ ба лотинӣ, ки забони байналмилалии илм дар он замон буд, тарҷума карданд. Шахсияти маъруфе чун Леонардо да Винчи яке аз хонандагони хеле ботаваҷҷуҳи ин асар буд.
Дар ин асари машҳури худ Ибни Сино он нуктаро меомӯзад, ки саломатии инсонро чи гуна бояд ҳифз кард ва чи гуна бояд бемориҳоро табобат намуд. Дар китоби аввали “Қонун” Ибни Сино маълумотҳои умумиро дар бораи анатомия ва сабаби бемориҳо меорад. Бахши ҷудогонае дар ин китоб ба набз ихтисос дода шудааст. Ва ба мафҳуму муҳимияти набз дар дар организм Ибни Сино борҳо рӯ овардааст.
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Дар маърифатат чун нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.
Тибқи анъана Ибни Сино шеърро барои ифодаи дидгоҳҳои илмияш истифода кард. Чунончӣ,
Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харист,
Ҳар к-у на хар аст, кофараш мехонанд.
Дар китоби дуюми “Ал-Қонун” Ибни Сино доруҳои хеле одиеро номнавис мекунад. Вай аз 785 воситаи дорувории рустанигӣ, ҳайвонӣ ва минералӣ ёд кардааст. Бисёре аз ин доруҳо барои олимони асри бостон маълум набуданд.
Дар китоби сеюми “Ал-қонун-фӣ-тибб” дар бораи бемориҳои ҷудогона ва шеваҳои табобати онҳо муфассал нақл кардааст.
Дар китоби чорум дар бораи касалиҳои умумии бадан, табобати табларзаҳои мухталиф, масъалаҳои гуногуни ҷарроҳиро ба риштаи таҳлили илмӣ кашидааст.
Китоби панҷум аз номгӯи доруҳои “мураккаби” гуногун ҳикоят мекунад.
Дар “Ал-қонун-фӣ-тибб” Ибни Сино ин фарзияро дар миён гузошт, ки касалиҳо метавонанд аз тариқи ким-кадом махлуқоти хурдтарин ба вуҷуд оянд. Онҳо обро ифлос мекунанд ва бемориҳоро паҳн мекунанд. Вай аз аввалин касоне буд, ки ба сироятӣ будани нағзак таваҷҷуҳ кард, фарқият миёни вабо ва тоунро муайян намуд, дар бораи махав маълумот дод ва онро аз касалиҳои дигар ҷудо кард, як қатор бемориҳои дигарро омӯхт.
Ибни Сино соли 1037 дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Пеш аз маргаш вай фармон дод, ки ҳамаи ғуломонашро озод кунанд, ба ҳамаи онҳо бахшишҳо кард, ҳама амволашро ба бенавоён тақдим намуд. Мегӯянд ин чор мисраъ охирин шеъре буд, ки Бӯалӣ суруд:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушуда шуд, магар банди аҷал…
Аз “Донишномаи биология”, соли 2020.