ЗОДРӮЗИ ОДАМУШШУАРО БА КУЛЛИ ФОРСЗАБОНОН ХУҶАСТА БОД! Дар Китобхонаи миллӣ аз Рӯдакӣ ва дар бораи ӯ чӣ метавон хонд?
Ҳар сол 22-уми сентябр чун “Рӯзи Рӯдакӣ” дар саросаи кишвар таҷлил мешавад. Ҳамарӯза аз ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ хабарҳо мерасанд, ки бо баргузории мизҳои гирд, конфронсҳо, ҳамоишҳо бо ширкати донишмандон ва дӯстдорони каломи бадеъ аз ин рӯз ёд кардаанд.
Рўдакӣ Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад соли 858 дар деҳаи Рўдак, ҳозира Панҷрўди ноҳияи Панҷекат ба дунё омадааст. Бачагиаш дар деҳаи хурди номашҳури канори силсилаи кўҳҳои Зарафшон гузаштааст. Дар ин ҷо ў аз халқ суруду мусиқӣ меомўхт, аз манзараҳои рангини табиат ва рўзгори мардуми меҳнатдўсти кўҳистон илҳом мегирифт. Бо суруду наво аз кўдакӣ шавқи беҳад дошт. Овози дилкаш ва ҳунари мусиқидонии ў ба яке аз навозандагони моҳир, ки Бахтиёр ном дошт, хеле хуш омад. Ба ривояте пас аз чандин сол Бахтиёри мўйсафед чангашро ба Рўдакӣ бахшидааст, то ки дар деҳоти кўҳистон гашта, дилу рўҳи мардумро бо таронаву навоҳо шод намояд. Рўдакии ҷавон ҳамчун чангӣ овоза пайдо кард, аммо ташнаи дониш буд ва ба даргоҳи илму маърифат, ба мадрасаҳои Самарқанд рў овард. Пас аз солҳои зиёде овозаи сарояндагиву навозандагии Рўдакӣ ва дониши фаровони ў ба гўши сарварони мамлакат расид ва ў ба пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро даъват шуд.
Рўдакӣ дар андак муддат шоири бузурги дарбор гардид, овозаи ў сар то сари мамлакат паҳн шуд, вале ў зодгоҳаш – деҳаи хурдакаки Рўдакро, ки даврони бачагиаш он ҷо гузашта, аввалин шодмониҳои шоири халқ буданро он ҷо ҳис карда буд, фаромўш накард, номи онро барои худ тахаллус гирифт.
Рўдакӣ дар даргоҳи Сомониён шуҳрат ва сарвати фаровоне ёфт, вале ин ҳама хушбахтии яклаҳзаина ва фиребанда буд. Ўро маҷбур карданд, ки дар ситоиши шукўҳи дарбор, салтанати шоҳ ва дурўғу фиреби дарбориён шеър гўяд, ки ин барои чунин як шоири соҳибистеъдод фоҷиаи бузурге буд. Мувофиқи ривояти солноманависони дарбор шоир дар охири умр аз давлатдорон беилтифотӣ дида, дар ҳолати пириву нотавонӣ аз дарбор ронда мешавад ва ба ривояте мил ба чашмонаш кашида, кўраш кардаанд, ба ривояти дигар Рўдакӣ гўё кўри модарзод будааст. Сабаби аз дарбор рондани Рўдакӣ маълум нест. Рўдакӣ аз замонадорон беилтифотӣ дида бошад ҳам, ҳамдиёронаш иззату эҳтироми ўро ба ҷо меоварданд ва шоир ниҳоят дар солҳои 941-ум дар байни ёру дўстонаш аз дунё даргузашт.
Антрополог М. М. Герасимов, ки аз рўи косахонаи сари шоир сурати зоҳирии ўро барқарор намудааст, ба хулоса омад, ки Рўдакӣ дар синни камолот кўр карда шудааст. Дар адабиётшиносии имрўза бисёр масъалаҳои баҳсноке марбут ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Рўдакӣ, ному насаб, куния, соли таваллуду вафот, нобиноии Рўдакӣ, муносибати ў бо ҷараёни қарматия, миқдори абёти шоир, мансубияти он асарҳо ба ў ва ғайра ба миён омадаанд, ки ҳамаашон дар монографияи пурарзиши А. Т. Тоҳирҷонов «Рўдакӣ. Ҳаёт ва фаъолияти ў. Таърихи омўзиш» мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз соли 1958 ба ин тараф дар якчанд шаҳрҳои Тоҷикистон маҷлисҳои илмие бо номи «Солонаи Рўдакӣ» баргузор шуданд. Матни маърузаву гузоришоти маҷлисҳои мазкур дар китоби «Ёдбуди устод Рўдакӣ» (Душанбе, 1978) ба табъ расидаанд. Порчаҳои ашъори пандуахлоқӣ ва маснавиҳое, ки аслан дар мавзуи ахлоқ эҷод шудаанд: «Даврони офтоб», «Синдбоднома», «Калила ва Димна» (тарҷума ба забони арабӣ назмаш соли 1932).
Дар рўзҳои ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ, дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ спектакли «Рўдакӣ»(муаллифи песа С. Улуғзода), Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ операи «Рўдакӣ» (мусанниф Ш. Сайфиддинов) намоиш дода шудаанд. Кинематографистони тоҷик аз ҳаёти Рўдакӣ филме бо номи «Қисмати шоир» (муаллифи сенария С. Улуғзода, режиссёр Б. Кимёгаров) офаридаанд. Дар зодгоҳи Рўдакӣ деҳаи Панҷрўд мақбараи шоир бунёд ёфт. Дар Панҷакент Музеи ба номи Рўдакӣ кушода шуд. Ҳайкали бузурги шоир дар Душанбе қомат афрохт. Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон, Институти давлатии педагогии Кўлоб, Театри драмаи мусиқии Хоруғ ва бисёр муассисаҳо, мактабҳо ва колхозу совхозҳои Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ мавсуманд. Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ таъсис ёфтааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1986. – Ҷ 6. – С. 448 – 452.
Дар бораи устоди шоирони олам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то кунун дар қаламрави форсзабонон ва берун аз он шояд ҳазорҳо мақолаву китобҳо навишта шудаанд. Вале мухтасари тарҷумаи ҳоли адиби оламшумул ҳамин аст, ки овардем. Барои ошноии буштар бо устод Рӯдакӣ ва ашъори вай шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолибро ҳам бихонед:
Айнӣ, С. Устод Рўдакӣ. – Сталинобод, 1940.
Мирзоев, А. Абўабдулло Рўдакӣ. – Сталинобод, 1958.
Ҳусейнзода, Ш. Сухансарои Панҷрўд. – Сталинобод, 1958.
Осори Рўдакӣ. – Сталинобод, 1958.
Сабзаев, С. Сухан Рўдакивор некў бувад: Дар бораи ашъори устод Рўдакӣ / Муҳаррир М. Акбарзод. – Душанбе: Адиб, 2008. – 32 с.
Ҳодизода, Р. Афсона ва ҳақиқати «Бўи ҷўйи Мўлиён»: 22 сентябр – Рўзи Рўдакӣ //Адабиёт ва санъат. – 2009. – 17 сентябр.
Идрисзода, Т., Низомова, З. Рўдакӣ рафту монд ҳикмати ўй: Маълумотҳо аз китоби «Осори Рўдакӣ» // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 13 июн.
Қудратов, Р. Шеъри ўро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор: 22 сентябр Рўзи Рўдакӣ // Садои мардум. – 2014. – 20 сентябр.
Раҳимзода, Ш. Ишқи Рўдакӣ: 22 сентябр – Рўзи Рўдакӣ // Омўзгор. – 2015. – 18 сентябр.
Каримов, А. Бузургдошти инсон ва ҳуқуқи ў дар ашъори Рўдакӣ // Омўзгор ва хонанда. – 2016. – 28 январ.
Ҳақназар, Ш. Навои рўди Рўдакӣ: 22 сентябр – Рўзи Рўдакӣ // Ҷаҳони паём. – 2017. – 21 сентябр.
Сарфароз, Н. Сеҳри Рўдакӣ: Шеър // Баҳори Аҷам. – 2017. – 26 сентябр.
Омад баҳори хуррам бо рангу бўи тиб: Шеър // Баҳори Аҷам. – 2018. – 16 март.
Рўҳулова, Ф. Рўзи Рўдакӣ рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози тоҷик // Ҷумҳурият. – 2018. – 19 сентябр.
Саидов, С. Санъати сухан: Дар бораи осори устод Рўдакӣ // Шуғл ва муҳоҷират. – 2018. – 10 октябр.
Шарифова, Н. Бузургдошти устод Рўдакӣ: Бахшида ба Рўзи Рўдакӣ // Минбари омўзгор. – 2018. – 13 октябр.
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло: Шеър бахшида ба Наврўз // Дин ва ҷомеа. – 2019. – №3. – С.27.
Шуъбаи Библиографияи миллӣ.