Зодрӯзи шаҳбонуи шеъри тоҷикӣ хуҷаста бод! Профессор Абдунабӣ Сатторзода: Даме бо Фарзонаи Хуҷандӣ дар зодрӯзи хуҷастаашон
Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё
(Меъроҷи шеър)
Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?
Сӯи он Ёри ошно наравам?
Гарчи аз хок хоксортарам,
Ҷониби арши кибриё наравам?
(“Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?”)
Биё, бар қуллаҳои улвӣ меъроҷ мекунем.
(“Башорати дигар”)
Шаҳбонуи шеъри кунунии тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ хонандагону шунавандагон, мухлисону алоқамандон ва ҳамватанони азиз ва ҳампешагони қаламкаши худро дар шеъраш барои рафтан ба олами Боло, ҷониби арши кибриё, олами малакутӣ, ошиёни қудсӣ, қуллаҳои улвӣ, дурдасти мунаввар, ба олами маънавияту маърифати фарри аҳуроӣ ва сунъи қуръонӣ, барои рӯ овардан ба равзанаи Нур, ба ноҳияи Офтобу Моҳтобу Ситорагон, ба гузаргоҳи Каҳкашон, ба тулӯъ ва шафақ, фурӯғистони нопаймуда, барои расидан ба субҳ ва дунёи Зебоию Покӣ, ба баҳору фарвардину урдубиҳишт, ба сабоҳати шабнаму борони раҳмат ва Фардои нозанин даъват ва тарғибу ташвиқ мекунад.
Эй ки маҷрои хаёламро зи борон сӯи хуршед мекашӣ.
Маро ба маҳмили худ гиру бубар,
ба ҳамон бекаронаи шафақоғӯшу гуловез –
ба дурдасти мунаввар!
(“Ба дурдасти мунаввар”)
Офтобу Субҳу Баҳору Борону Шабнаму Гулҳову Чашмаву Дарё ва ҳам Шеъру Ишқ – ду маҳбуби улвӣ ва ду ҳамраҳи муҳкаманосираш аз шинохтатарин ва нозпарвардатарин чеҳраҳои сурудаҳои ӯянд ва шоира худро бе онҳо тасаввур намекунад ва мо шеъри ӯро. Вай бо онҳо ҳаммиллату ҳамшаҳриву ҳамдину ҳаммазҳаб мебошад. Бо онҳо якҷо нафас мекашад, гуфтугӯ мекунад ва қадам мезанад, механдаду мегиряд:
Ҳаммиллати хуршедӣ,
Ҳамшаҳрии дарёӣ,
Ҳамдини баҳоронӣ,
Ҳаммазҳаби гулҳоӣ.
(“Ҳаммилати хуршедӣ”)
***
Манам ҳамшаҳрии лола, манам ҳамрустои ёс,
Пас аз сад қарн ҳам шояд чамам аз водии гулҳо.
(“Чаман андар чаман гӯям муборакбодии гулҳо”)
***
Ҳамшеваи баҳорам, ҳамшираи шакарнам,
Ҳамвусъати дили мӯр, ҳамҳаҷми кулли олам.
(“Ҳамшеваи баҳорам, ҳамшираи шакарнам”)
Ангезаи даъвати Фарзона ба олами Боло, равзанаи Нур, дунёи Зебоию Покӣ ва Фардои нозанин аз воқеъияти талхи замона – даврони ба истилоҳ гузариши “ногоҳонӣ” ва то андозае “иҷборӣ” аз як низоми сиёсӣ ба низоми сиёсии дигар, яъне аз сотсиализм ба демократия ва паёмадҳои вазнин ва номатлуби он, даврони густариши босуръат ва харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони нотайёри имрӯзӣ мебошад.
Замоне, ки ба марҳалаҳои оғозини вуруди шоира ба майдони адабиёт ва рушду камолоти шоириаш рост омад ва ҳоло идома дорад. Шоира аз замона, ҷомеа ва аҳли он бо мафҳумҳои “замони даранда”, “ҷаҳони рӯсабӣ”, “шаҳри бевафо”, “шаҳри рангбоз”, шаҳре бо “гӯши қулфбаста”, шаҳре бо “кӯчаҳои бесаодат”, “ҳечзори ҳарзаву ғафлат”, “мурдоб”, “харобаи наҳс”, ”замини олуда”, макони “хазону яғмо”, “замони садрӯ”, “хушкистони рӯҳ”, “хиёнатистон”, “нишебистон”, “тиҳигоҳи тағофул”, “тиҳигоҳи бетаманноӣ”, “билоди мурдадилон”, “фазои бемуҳаббат”, “қабристони имон”, “куфркада”, “куфрзор”, “ҷаҳони муҳкамгӯш”, “панҷараи баста”, “биёбон”, “шӯразор”, “оинаи чаппа”, “куҳнаработи номукаммал”, “ториктарин ғор”, “чархи фосиқ”, “майдони ҷиҳоди соҳирон”, “мактаби ҷодугарӣ”, “ҷомеаи бемор”, “чамани бемор”, “миллати бетӯмор”, “иҷтимои сиёҳ”, “ҷомеаи чиркин”, “иҷтимои олуда”, “иҷтимои фосид”, “иҷтимои золим”, “иҷтимои наҳс” ёд мекунад ва мегӯяд:
Дуртар аз замини олуда,
дуртар аз биҳишту дӯзаху аъроф лона мехоҳад
парандаи ҷонам.
(“Дар ҷустуҷӯи кӯчаи ҳақиқат”)
***
Дилам мутаҳҳар нест
Дар ин ғубори иҷтимоъ,
Дар ин фазои ғализи тафаккуру эҳсос,
Дар ин зулмати андешаҳои бехуршед,
Дар ин роҳи ношинос
дилам мутаҳҳар нест.
(“Башорати дигар”)
***
Бар ҷомеаи бемор, бар миллати бетӯмор
Фатвои наҷот овар, бемор нашав, модар.
(“Бемор нашав, модар, бемор нашав, модар”)
***
Мебинӣ, дар ин беобиву бечароғиву бегазӣ
чӣ қадар ҷомеа чиркин шудааст.
(“Матлаъи сабзи зиндагонӣ”)
***
Зи авҷи худхариву худфурӯшӣ
Ҷаҳон гаштаст қабристони имон.
(“Саҳарнам”)
***
Андар ин куфркада шабнамаки нинимарг
Чӣ қадар фурсати будан дорад.
(“Рози лоҳут”)
***
Як ҷаҳон сухан дорам бо ҷаҳони муҳкамгӯш,
Ҳолиё, ки мехонад дар қафас дили навҷӯш.
(“Себарга”)
Матни комил: Даме бо Фарзонаи Хуҷандӣ дар зодрӯзи хуҷастаашон