Зодрӯзи Габриэл Гарсиа Маркеc. Ӯ кӣ буд?

gabriel-garsia-markesГарсиа Маркес (Garia Marquez) Габриэл (6.3.1928, ш. Аракаткаи Колумбия – 17.4. 2014, Мехико Мексика), нависандаи колумбиягӣ, яке аз поягузорони романи ҷадид дар Амрикои Лотинӣ, устоди “реализми ҷодуӣ” (Мagic Reflism), филмноманавис, ношир, рӯзноманигор ва арбоби сиёсӣ. Ӯ таҳти таъсири падарбузурги низомияш, ки шахсияти озодихоҳ буд ва дар ҳар ду ҷанги дохилии Колумбия ширкат дошт, огоҳии сиёсӣ  пайдо кард.

Аз соли 1946  ба таҳсили  риштаи ҳуқуқ дар донишгоҳи Богото пардохт. Нахустин ҳикояаш соли 1947 ва нахустин повесташ соли 1951 бо номи “Хазон” мунташир шуд ва дар ин повест  тимсоли  шаҳраки Макондоро офарид, ки зодгоҳаш Аракаткаро ба ёд меовард. Соли 1955, пас аз он ки аз шуғли адвокатӣ даст кашид, ба ҳайси мухбири г-и “Эл Эспектадор” ба Аврупо (Рум) меояд. Дар Рум вай ҳам кор мекарду ҳам шогирди курси коргаронии Маркази тачрибавии киноматография буд. Сипас ба Порис кӯчид. Табаддулоте, ки ин айём  дар ватанаш рух дод, ӯро ночор намуд, ки дар пойтахти Фаронса бимонад.

Дар повести Гарсиа Маркес “Ба полковник касе наменависад” (1961) таъсири сабки Э. Хемингуэй эҳсос мешавад. Қаҳрамони ин асар  (тимсоли хосси падарбузурги Гарсиа Маркес) танҳоиро аз сар мегузаронад. Кори нуктасанҷонаи адаб бар рӯйи сабку сохтори ин повест (Гарсиа Маркес ин асарро 11 бор бозпардозӣ кардааст) онро  ба як шоҳкори Гарсиа Маркес табдил кард.

Гарсиа Маркес дар романи “Соати шум” (1966) ва маҷмӯаи ҳикоёти “Маросими дафни модарбузург” (1962),  дар канори мавзӯи танҳоӣ, баҳси хушунатро, ки фосидкунандаи шахсият аст, рушд дод. Ба Гарсиа Маркес романи “Сад соли танҳоӣ” (1967) – ривояти чандҷабҳаӣ, ки суннатҳои устура, эпос, романи оилавӣ ва дигар анвои адабиро ба ҳам мепайванданд, шуҳрати  ҷаҳонӣ овард. Муваффақияти густарда ва таъсири адабии ин асар ба ҳадде расид, ки рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” дар тавсифи он навишт: “Аз замони интишори китоби “Офариниш” то ба имрӯз ин аввалин асари адабӣ аст, ки тамомии башарият бояд онро бихонад”.

Таърихи шаш насли қабилаи Буэндио – сокинони маҳаллоти гармсеру дурафтодаи Макондо, ки дучори ҳамлаи ба истилоҳ тамаддун гашта буданд, таърихи Америкои Лотинӣ ё худ, ба таври умум, таърихи  башариятро бозтоб мекунад. Тағйиру дигаргун шудани насли Буэндио ин таҷассуми тағйири давраҳо дар такомули донишу биниши инсон аст. Дар ин роман замон на ҳамчун пешомади сарбастае аз лаҳазот, балки ба унвони як воҳиди кулл хидмат мекунад, воқеъият  дар устура фурӯ меравад, мавҷудиятҳои хориқулодаи шигифтангез табдил ба воқеъияти рӯзмарра мегарданд, қаҳрамонони роман бо мурдагон дар робита мешаванд ва ҳеч эҳсоси ваҳшату тарс намекунанд.

Ин ҳама аз аркони аслии ин роман буда, дар назари хонанда Амрикои Лотинӣ бо кулли асрору муъҷизаҳояш намудор мегардад. Ҳарчанд нависандаи бритониёӣ Антони Павел ин китобро “бадтарин навъи лаффозиҳои худписандонаи як омманавис” тавсиф карда, вале китоби “Сад соли танҳоӣ” ва дигар осори Гарсиа Маркес, ки пешрави як сабки тоза аз достоннависии реалистии нав буд, дар саросари ҷаҳон ба истиқболи хеле васеъ рӯбарӯ шуд. Тамоми нусхаҳои чопи аввали “Сад соли танҳоӣ” ба забони испаниниягӣ дар ҳамон ҳафтаи аввал комилан ба фурӯш рафт. Дар сӣ соле, ки аз чопи аввали ин китоб гузашт, беш аз 30 млн нусхаи он дар саросари ҷаҳон ба фурӯш рафта, бо 105 забон тарҷума шудааст.

Гарсиа Маркес пас аз навиштани мақолае дар мухолифат бо давлати Колумбия ба Аврупо табъид шуд. Вақте ки китоби ғайридостонии “Сафари махфиёнаи Мигел Латин  ба Чили”- ро  дар соли 1986 навишт, ҳукумати диктатории генерал Пиночет 15 ҳазор нусхаи онро оташ зад.  Гарсиа Маркес муаллифи маҷмӯаи новеллаҳои “Достони боварнакарданию ғамангези Эрендиро ва модарбузурги сангдилаш” (1972), романҳои “Тирамоҳи падарсолор” (1975), “Гузориши як марг” (1981), “Ишқи солҳои вабо” (1985),”Генерал дар ҳазор тӯйи худ” (1989) “Хотироти руспиёни ғамгини ман” (2004) ва ғайраҳо аст.

Соли 1972 сазовори ҷоизаи байналмилалии ба номи Ромуло Галйегос гардид. Ҳамчунин барандаи мукофоти Нобил (соли 1982, барои романи “Сад соли танҳоӣ”) аст. Бунёди Нобел дар баёнияи худ ӯро “шуъбадабози калом ва басират” тавсиф кард. Бархе аз асарҳои машҳураш ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр шудаанд. Аз ҷумла, романи “Хазони умри Одамхудо”-ро нависанди маъруф Урун Кӯҳзод, соли 1983 тарҷума карда буд. Се асари ӯ – “Сад соли танҳоӣ”, “Ба полковник касе наменависад” ва “Одами хеле пире, ки болҳои бузург дорад” дар як маҷмӯа, соли 2011, баргардони А. Абдуҷаббор нашр шуд. Ва тозатарин тарҷма аз осори Гарсиа Маркес қиссаи …аст, ки соли 2020 дар тарҷумаи Низом Қосим ва ба нашр расид.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. – Ҷ. 4. – С. 232 – 233.
Муаллиф: А. Абдуҷабборов.

БИБЛИОГРАФИЯИ МИЛЛӢ