Зодрӯзи профессор Усмонҷон Ғаффоров
Усмонҷон Ғаффоров яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми тоҷик ва муаррихи донишманду пажӯҳишгари беназир мебошад. Имрӯз ба синни мубораки 78 қадам мегузорад. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мехонем:
УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ 30 январи соли 1945 дар ҷамоати деҳоти Қистакӯз (имрӯза Хистеварз)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ – яке аз бунёдгузорони маорифи халқи ҷумҳурӣ Абдуғаффор Ҳасанов, таваллуд ёфтааст.
Баъди хатми шуъбаи таърихи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин соли 1967 дар кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ ба фаъолияти меҳнатӣ пардохтааст.
Солҳои 1971-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳамчун муаллими кафедраи таърих фаъолият бурда, баъдан солҳои 1972-1975, дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил ва доир ба таърихи матбуоти тоҷик рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Солҳои 1975-1977 устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, аз моҳи октябри соли 1977 фаъолияти меҳнатии ӯ боз дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод идома ёфтааст.
Нахуст дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС, сипас, солҳои 1993-2001, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, солҳои 2001-2002 декани факултаи таърих, солҳои 2002-2005 боз мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик будааст.
Ҳамзамон, соли 1981, дар Университети давлатии Калинин (Твери имрӯза), соли 1990 дар Университети давлатии Тошканд дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимони мактабҳои олӣ бозомӯзӣ кардааст.
Соли 1997, бо Қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, барои офаридани асарҳои сершумори илмӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ, сазовори унвони профессорӣ гардидааст.
Усмонҷон Ғаффоров солҳои 2002-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд интихоб шудааст.
Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, солҳои 2010-2011 референти калони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ будааст.
Аз соли 2011 профессори кафедраи таърихи ватании Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва адабӣ-ҷамъиятии худ беш аз 60 китобу рисола, беш аз 160 мақолаи илмии тадқиқотӣ, зиёда аз 700 мақолаи илмии оммавӣ ба табъ расонидааст.
Китобҳои Усмонҷон Ғаффоров «Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон» (1975), «Қадри нон» (1989), «Равшангари таърих (1990), «Марди зарифу шариф (1996), «Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзонаи миллат» (1996), «Муқаддасоти Тоҷикистон» (1997), «Фидойии илму маърифат» (1997), «Фарзанди замон» (1997), «Заводи консерви Қистакӯз – ифтихори деҳа» (1997), «Ҳамдами халқ» (1997), «Ҷони одам» (1998), «Ситораи Шарқ» (1998, ба забони инглисӣ), «Алломаи замон» (1998), «Нахуствазирзани тоҷик» (1998), «Турсун Ӯлҷабоев» (1999), «Дар роҳи ҳаҷ» (2000), «Нобиғаи айём» (2000), «Академик Қорӣ-Ниёзии Хуҷандӣ» (2000), «Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев» (2001), «Султони диёри сухан» (2001), «Чароғи ирфон» (2002), «Шарбати Қистакӯз» (2002), «Анҷумани саодати миллат» (2002), «Асосгузори саратоншиносии тоҷик» (2002), «Миллат аз афрод меёбад мақом» (2004), «Назаршо Додхудоев» (2005), «Фурӯғи ҳиндушиносии тоҷик» (2006), «Падарам – тоҷи сарам» (2006), «Ду шохаи пурбор» (2006), «Роҳи Каҳкашони умр» (2007), «Шаҳбози осмони сухан» (2007), «Иҷлосияи наҷотбахши миллат» (2007), «Абдулаҳад Қаҳҳоров» (2009), «Хистеварз: замон ва одамон» (2009), «Раҳбар (аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб», 2010), «Кишваршиноси асили Хистеварз» (аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб», 2011), «Сайдулло Хайруллоев» (зиндагинома, 2012), «Иҷлосияи муждарасони наҷот» (2012), «Иҷлосияи тақдирсози миллат» (2012, дар ҳаммуаллифӣ бо Ф.Каримов) ва ғ. мақбули хонандагон гардидаанд.
Усмонҷон Ғаффоров дар зиёда аз 230 конфаронси байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ маърӯзаву гузориши илмӣ ироа фармудааст.
Аз ҷумла, моҳи июли соли 1999 дар Деҳлӣ, дар ҷаласаи ёдбуди 90-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров, иштирок ва суханронӣ кардааст.
Ҳамчунин, дар ҳамоишоти илмии дар шаҳрҳои Ереван, Маскав, Тошканд, Теҳрон, Киев, Самарқанд, Твер, Мадина, Санкт-Петербург, Шероз, Исфаҳон, Пекин баргузоргардида иштирок ва маърӯзахонӣ кардааст.
Усмонҷон Ғаффоров барои хизматҳои арзанда сазовори унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, унвонҳои фахрии Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонида шудааст.
Аз моҳи марти соли 2011 гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.