Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ муборак!
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, дар хонаводаи зиёиён тарбият ёфта, аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштааст ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст. Муддате дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷаллаи «Хуҷанд» фаъолият бурдааст. Ҳоло мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва маҷаллаи «Паёми Суғд» аст.
Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар авроқи васоити ахбори умумиҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, монанди «Риштаборон» (1983), «Барги сабз» (1987) ва ғ. ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Тулӯи хандарез» (1987) буда, дар аввалсухани он устоди бузурги шеъри форсӣ Лоиқ Шералӣ фотиҳаи сафеде ба қаламкаши навсафар додааст, ки фоли неке буданашро зиндагӣ собит намуд.
Китоби дувуми сарводааш «Шабохуни барқ» (1989) аст, ки ба арсаи фарохи адабиёти форсии тоҷикӣ вуруд омадани суханвари соҳибзавқу соҳибқариҳа ва ҳунарманду тавонои дигареро башорат дод. Соли 1991 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) гулчини ашъори ба русӣ тарҷумашудааш «Двадцать лепестков»-ро ба чоп расонда, шинохту шуҳраташро дар қаламрави шӯравӣ вусъат бахшид. Баъдан китоби дигараш «Ояти ишқ» (1994) манзуру мақбули ҳамагон гардид. Соле пас китоби шоири машҳури қазоқ Абай дар тарҷумаи Фарзона дар Теҳрон ба чоп расид. Ҳамчунин, соли 1996, гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ «Паёми ниёкон» аз ҷониби Интишороти «Сурӯш» (дар Ҷумҳурии Исломии Эрон) интищор ёфт. Соли 1998 дар Тоҷикистон маҷмӯаи ашъори Фарзона «То бекаронаҳо», соли 2000 маҷмӯаи дигараш «Меъроҷи шабнам» ва соли 2001 гулчини ашъори ӯ чоп шудаанд. Силсилаи шеърҳои ӯ дар чандин мамлакати олам, аз ҷумла, дар ИМА, Инглистон, Олмон, Фаронса, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва аксари ҷамоҳири шӯравӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаи навбатии ашъори шоира «Булбуле дар қафаси синаи ман» соли 2010 дар Финлонд ба забонҳои русию инглисӣ дастраси хонандагони хориҷии ӯ гардидааст.
Ашъори Фарзона, ки баёнгари розу ниёзи оддӣ ва армони олии инсони фардостанд, зуд ба гӯши дили мустамиъон расида, садояш ҳамеша дунболи касе меравад, ки аз бекарона меояд ва буданаш ба дунё муҳтавои тоза мебахшад, яъне, ба ҷустуҷӯи Инсони Комил, ки маҷмӯаҳои «Қатрае аз Мӯлиён» (дар 3 ҷилд; Хуҷанд, 2003), «Як ғунча роз» (Хуҷанд, 2005), «Сӯзи нотамом» (Хуҷанд, Теҳрон, 2005), «Мӯҳри гули мино» (Хуҷанд, 2007), «Гузидаи ашъор» (Белорус, 2009), «Сад барги ғазал» (Хуҷанд, 2008), «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» (Инглистон, 2008), «Парниёни ҷон» (Душанбе, 2011), «Себарга» (Хуҷанд, 2011), «Набзи борон» (Теҳрон, 2013), «Ҳама гул, ҳама тарона» (Хуҷанд, 2014) ва ғ. гувоҳи даъвостанд.
Силсилаи навиштаҳои дар матбуоти даврӣ чопшуда ва маҷмӯаи хотироту мақолаҳои ӯ «Дарёи сӯзон» (2014) дарак аз вусъати назар ва жарфандешиҳои саррофи сухан медиҳанд.
Шоира, бар замми фаъолияти босамари эҷодӣ, дар тарбияи шоирони ҷавон ва нақду баррасии осори ниёкону ҳамзамонон пайваста саҳмгузорӣ мекунад. Котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров аст.
Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди адабиёти муосири тоҷик сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2001) гардонида шудааст. Ҳамзамон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, дорандаи ордени «Шараф» мебошад.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Ин чанд шеъри нав аз шаҳбонуи шеъри форсӣ-тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ:
Нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст,
Муҳри инсон дигару муҳри Таъоло дигар аст.
Ҳар чӣ барнома кашидам, хати бутлон зада шуд,
Хатти қисмат дигару хостаи мо дигар аст.
Роҳу даргоҳи саодат ба касе пайдо нест,
Гардиши мо дигару гардиши мино дигар аст.
Номаи ишқи маро вақт дарониду фиканд,
Дар варақҳои ҷабин он чӣ шуд иншо, дигар аст.
Дар ҳавасгоҳи ҷавонӣ, ки паси хотира монд,
Дил дигар, ишқ дигар, ҷӯши таманно дигар аст.
Дилам аз майсаву гул гуфт, на аз пайсаву пул,
Он чӣ мехостам аз давлати дунё, дигар аст.
Тапиши қалби ман аз баъди ҳама фоҷиаҳо,
Дӯш дигар буду афсӯс, ки ҳоло дигар аст.
**** **** ****
Омаданам рафтан аст, рафтани ман омадан,
Байни ману арш ҳаст кашмакаши тан ба тан.
Оқибатат бандагист, охиратат зиндагист,
Эй дили осӣ, макун ин ҳама бардорузан.
Ҷангкунон мерасем боз ба сарҳадди ҳеҷ,
Як мани қолабнишин бо мани қолабшикан.
Он тарафи панҷара ҳаст тапишҳои боғ,
Ҳаст тапишҳои дил, он тарафи пираҳан.
Панҷараро боз кун бар тапиши сабзи боғ,
Фосила бисёр нест аз қафасат то чаман.
Гар на қабули туам, ҳоҷати андӯҳ нест,
Ишқ ба сар мебарад берун аз ин анҷуман.
Монда ба зери ғубор ёди маро ёди ту,
Сабз кунад дар канор ёди туро ёди ман.
**** **** ****
Fуруб омад, ғуруб омад, гул афтод аз баногӯшам,
Fуруб омад маро гӯяд, ки ту кардӣ фаромӯшам.
Басе бигрехт покии ман аз олудагии даҳр,
Дигар кофист, ман пироҳани Марям намепӯшам.
Ҳама қубҳам, ҳама ҷурмам, ҳама айбам, ҳама нуқсам,
Ҳаминам ман, барои беҳ аз ин будан намекӯшам.
Маро ту камтар аз боли магас дидӣ, ҳалолат бод,
Ки ман бардоштам нӯҳ осмонро дар сари дӯшам.
Салом, эй ишқ, эй ишқи асотириву фардоӣ,
Салом, эй Рустаму Ҷамшеду Сӯҳробу Сиёвушам.
Чунон мастам, чунон мастам, ки рашки бода меояд,
Бигӯ бода маро нӯшад, ки ман бода наменӯшам.
Fуруб омад, ғуруб омад, ай оина, ай оина,
Тулӯе кун, тулӯят тарҷумони чашми хомӯшам.
Саодатро нафаҳмидам дар оғӯши ҷаҳон ё на,
Ҷаҳон хушбахтии худро намефаҳмад дар
оғӯшам.
**** **** ****
Саҳар бигӯ, ки чаро сурх шуд баногӯшат,
Ба толеи ту, ки хуршед шуд ҳамоғӯшат.
Нишоти ёсумании баҳор мебахшад
Таровати нафаси кӯчаҳои гулпӯшат.
Аё ҳаёт, туро чун пиёлаи пурмай
Ба даст дораму боре накардаам нӯшат.
Бигў ба ёр, ки донистаам, ки барпо шуд
Чӣ мадду ҷазри наве дар дили ҳавасҷӯшат.
Ҳазор абр гиристам, такон нахӯрд, нахӯрд
Ба зери шонаи чап хорасанги хомӯшат.
Дигар ниёз надорад дили вафокешам
Ба зулмҳои навини дили ҷафокӯшат.
Ба иштибоҳ туро соҳиби дилам хондам,
Аз ин вазифаи зебо кунам сабукдӯшат.