Зодрӯзи як муъҷизаи олам. Нависандаи нобинову ношунаво Ҳелен Келлер
Ин матлабро ҳатман бихонед ва аз сарнавишти касе огоҳ шавед, ки нобинову ношунаво ба як шахсияти маъруф табдил ёфт. Нависандае бо беш аз даҳ китоби пурхонанда, даҳҳо мақолаҳо, муборизи роҳи адолат, накукор ва башардӯст Ҳелен Келлер.
Ҳелен Адамс Келлер нависандаи нобино ва ношунаво ва фаъоли сотсиалисти Амрико буд. Вай 27 июли соли 1880 дар Тоскомбиёи иёлати Алабама ба дунё омад. Дар ҳаждаҳмоҳагӣ бар асари мубтало шудан ба бемории махмалак (скарлатина–махмалак ё гулафшон. Аз итолёвии scarlattina -як бемории уфуниест, ки дар даврони кӯдакӣ, байни 3 то 7-солагӣ ва дар фасли сард бештар дида мешавад) аз биноиву шунавоӣ комилан маҳрум гардид ва иртиботаш бо дунёи берун қатъ шуд. Ин солҳое буд, ки беморон бо ин гуна бемориҳо на танҳо муолиҷа намешуданд, балки ҷомеа ҳанӯз муносибат бо онҳо, роҳҳои расонидани кумак ба ин афродро нав таҷриба мекард.
Падари Ҳелен саргарми корҳои ноширӣ буд ва муддати даҳ сол соҳиби нашрияе бо номи North Alabamian буд. Ин як хонаводи фақире буд, ки басо одиву хоксорона мезист.
Ҳелер дар ёддоштҳояш навиштааст, ки волидонаш муддати тӯлонӣ натавониста буданд барояш номи муносиб ёбанд. Падараш пешниҳод мекард, ки духтараш Милдред Кэмпбелл номида шавад, вале модараш мегуфт бояд Ҳелен Эверетт номанд. Ба гуфтаи модараш Кейт Ҳелен ба маънои “рушноӣ” аст ва мехост роҳи духтараш ҳамеша равшану ҳамвор бошад. Падараш Артур саранҷом номи пешниҳодии ҳамсарро пазируфт, вале дар роҳ ба калисо номи пурраро фаромӯш кард ва аз роҳиб хост духтарашро Ҳелен Адамс номад.
Ҳангоме, ки синнаш ба шаш ё ҳафт расид, волидонаш дар фикри он шуданд, ки барои духтарашон муаллим пайдо кунанд ва ба ин ҳадаф ба Мудири мактаби Перкинс барои нобиноён муроҷиат карданд, ки дар натиҷа ӯ Энн Салливанро ба кумак фиристод. Салливан дар як муддати кутоҳ тавонист ба қалби ин нобинову ношунаво роҳ ёбад ва барои ин лозим омад аз педагогикаи вижа истифода кунад. Баъдҳо Ҳелен Адамс дар хотироташ навишта буд, ки зиндагии воқеъии ӯ дар як рӯз аз моҳи марти соли 1887, вақте ки тақрибан ҳафтсола буд, бо вуруди муаллимаш ба зиндагии ӯ оғоз шуд. Ӯ аз ин рӯз ба унвони муҳимтарин рӯзе, ки дар зиндагӣ ба хотир дорад, ёд мекунад. Салливан муаллими бағоят сахткӯшу пурталош ва фавқулода буд, ки аз моҳи марти соли 1887 то поёни умри худ дар октябри соли 1936 дар канори Келлер монд.
Келлер вақте хеле хурд буду Салливан завқи хондану навиштанро дар қалби ӯ бедор кард, муштоқи вуруд ба донишгоҳ шуд. Дар синни 14-солагӣ вай дар як мактаби ношунавоёни Ню-Йорк сабти ном кард ва дар 16-солагӣ ба “Мактаби бонувони ҷавони Кембриҷ” роҳ ёфт. Соли 1900 ба Коллеҷи Рэдклифф қабул шуд ва шаш сол пас онро хатм кард.
Соли 1905 ба узвияти ҳизби Сотсиалистӣ пазируфта шуд ва аз он ба баъд ҳаёти худро бо ҳамин ҳизб пайваст. Келлер дар ин муддат беш аз даҳ китобе аз таҷрибаҳои зиндагӣ ва роҳи ҳаётии худ навишт. Вай аз хазинаҳои омӯзиш ва ҳаёти иҷтимоии маъюбон пуштибонӣ мекард, зидди нажодпарастиву қавмгароӣ, миллитаризм ва нақзи ҳуқуқи занон мубориза мебурд. Яке аз фаъолони Иттиҳоди амрикоии ҳифзи озодиҳои шаҳрвандӣ буд.
Соли 1964 Линдон Ҷонсун (президенти 36-уми Амрико) ӯро бо медали Президентии Озодӣ сарфароз кард. Аз соли 1980 бо фармони президент Ҷимми Картер зодрӯзи ӯ чун Рӯзи Ҳелен Келлер таҷлил мешавад. Образи ӯ дар пйесаи Уилям Гибсон (намоишноманависи машҳури армикоӣ) “Офарандаи муъҷиза” басо барҷаста инъикос ёфтааст.
Кори нависандагиро ҳанӯз замони таҳсилаш дар Коллеҷи Рэдклифф оғоз кард ва ин ҳирфаро ҳудуди 50 соли оянда идома дод. Илова ба асари машҳураш “Зиндагии ман” 11 китоб ва мақолоти бисёре дар бораи мушкилоти нобиноӣ, ношунавоӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқи занон, табъиди нажодӣ ба риштаи таҳрир даровардааст.
Сарнавишти ӯ дар китобҳояш басо рангину ҷолиб ба қалам омадааст. Ин нависандаи нозукхаёл, ки аз диди олам маҳрум буд ва садоро ҳам намешунид, бо ламс кардану чашидани тамъ ва ҳисси бӯй ва василаҳои зотии дигар барои худ оламеро кашф кард ва беҳ аз ҳар каси дигар дар бораи некиву бадӣ, хайру шар навишт.
САРНАВИШТИ ОМӮЗАНДА ДОРАД, ҲЕЛЕН КЕЛЛЕР ВА ЯК ДАРС БАРОИ ОЛАМИЁН ОН АСТ, КИ ИНСОН АГАР ХОҲАД КАСЕ БИШАВАД, ЧИЗЕ БА Ӯ МОНЕЪ НАМЕШАВАД.
Ба ояндаи Ҳелен Келлер муаллими ӯ Салливан таъсире дорад, ки агар ӯ набудӣ, олам нависандаи нобинову ношунавоеро бо номи Ҳелен ёд надошт. Ва Салливан худ як гузаштаи омӯзандаи дигар дорад, ки чун аз ӯ ёд кардем, порае аз зидагиномаи ӯро аз китоби Зиг Зиглар “То мулоқот дар қулла” меорем.
ЭННИИ ХУРДАКАК
Чанд сол пеш дар яке аз бемористонҳои касалиҳои рӯҳии канораҳои Бостони иёлати Массачусетс духтареро нигоҳ медоштанд, ки ба мо бо номи “Эннии хурдакак” маълум аст. Ӯ дар як хонаи торик нигоҳдорӣ мешуд. Бояд гуфт, ки ин муассиса дар замони худ яке аз пешқадамтарин бемористонҳо дар табобати шахсони гирифтори касалиҳои рӯҳӣ буд. Аммо ҳатто духтурони он ба ин назар буданд, ки хонаи торик ҷойи муносибест барои касоне, ки ба муолиҷаашон “умед” нест. Дар мавриди Эннии хурдакак ҳам ҳарфашон ҳамин буд. Онҳо ҳеч умеде ба табобати он надоштанд ва ин духтари бадбахтро ба он хонаи торик равона карданд, то дар ҳамин катаки танг зинда ба зинда бимирад. Ба ин хонача нури рушноӣ хеле кам ворид мешуд ва камтар аз он нури умед буд.
Тақрибан ҳамон замон як ҳамшираи шавқати пирсол, ки дар ин муассисати тиббӣ солҳои тӯлонӣ кор мекард, худро ба сафари охират омода менамуд. Вай ба ин назар буд, ки барои ҳар офаридаи Парвардигор як дари умед боз аст ва ӯ ғизои субҳгоҳии худро мегирифт ва дар ҳамин торикӣ, дар наздикии қафаси духтар мехӯрд. Ин кампир тахмин мекард, ки шояд тавонад ба ин духтари ҷавон қатраи меҳр, муҳаббат ва умедро туҳфа кунад.
Дар бисёр ҳолатҳо рафтори Энни ҳайвони саҳрогардро ба хотир меовард. Ҳолатҳое буд, ки чун шахсе ба қафаси вай медаромад бо хашму ғазаб ба вай ҳамла мекард. Дар ҳолатҳои дигар ин бахтбаргашта аслан ба афтрофиён эътино намекард. Вақте парастори пир ба қафаси духтар наздик шуд, Энни аслан вокуниш нишон надод, ҳарчанд ҳузури вайро ҳисс мекард, ӯро медид. Боре ҳамшираи пир ба таҳхонае, ки қафаси духтар он ҷо буд, чанд дона самбӯсаи шоколадӣ овард ва назди қафас гузошт. Эннии хурдакак мисли пештара аз худ ягон ҳаракате нишон надод ва таваҷҷуҳ ҳам накард, ки наздаш ғизо гузоштаанд, вале рӯзи дигар вақте парастор омад, дид, ки ҳама самбӯсаҳо нопадид шудаанд. Сар аз он рӯз ба ин бандӣ аз он самбӯсаҳо пайваста меовард. Хеле баъдҳо духтурони муолиҷ пай бурданд, ки дар рафтори Энни, ки як бемори “беоқибат” номида мешуд, чизҳои умедворкунанда ба мушоҳида мерасад. Фурсате баъдтар онҳо тасмим гирифтанд, ки Энниро аз таҳхона боло баранд ва баъдан аз хонаи қафасӣ ҳам озод кунанд. Билохира, рӯзе фаро расид, ки ба Энни гуфтанд акнун метавонад ба хона баргардад. Вале ғайриинтизор Энни дигар намехост биравад. Мехост ин ҷо бимонад, чун ин макон барояш арзиши дигар дошт. Вай акнун қобилияте дар худ ёфта буд, ки метавонист онро барои муолиҷаи дигар беморон истифода кунад. Парастори пир дар замоне, ки бори аввал бо вай иртибот гирифт, дар ӯ чизҳои зиёдеро ҳисс кард ва хост он ҳамаро ба рӯ баророварад ва ҳаёти вай ба ҳадде тағйир кард, ки Энни ҳисс намуд, ки акнун вай дорои он қобилиятест, ки метавонад дигаронро табобат кунад.
Пас аз чанд сол маликаи Англия Виктория вақте ҷоизаи олии Англияро, ки ба хориҷён дода мешуд, тақдим намуда, орденро ба сари синаи Ҳеллер Келлер дӯхт, аз вай пурсид: “Ба шарофати чӣ шумо ба ин дастовардҳои шоистаатон дар зиндагӣ ноил шудед? Инро чӣ гуна мефаҳмонед, ки алорағми нобиноӣ ва ношунавоӣ шумо тавонистед ба ин муваффақиятҳои беназир бирасед?” Ҳеллер Келлер бе ягон дудилагӣ посух дод, ки ин ҳама хидматҳои Энн Салливан (Эннии хурдакак) аст, агар ӯ намебуд, номи Ҳеллер Келлер ба касе маълум намешуд.
Энн Салливан дар Ҳеллер Келлер як офаридаи дигари Парвардигорро дид, танҳо ин ки вай ғайримуқаррарӣ буд, ин духтаракро дӯст дошт, интизом омӯхт, бо вай бозӣ кард, барояш ибодат намуд, ба зинаҳои ҳаётӣ ҳидоят кард, бо ӯ то замоне кор кард, ки он нурҳои замоне хомӯшшудаи зиндагӣ дар вуҷуди ин духтар дубора шуъла зад ва умедҳои мурда зинда гашт. Оре, Ҳеллер Келлер рӯи сарнавишти миллионҳо нафар таъсир гузошт, аммо ин иттифоқ баъди он барояш даст дод, ки ба ҳарими ҳаёти хусусии вай ҳамин Элени хурдакак ворид гардид”.