Зоҳидҷон Урунов: Мақсади иштирок карданам дар озмун омӯхтани таърихи халқи тоҷик буд (ВИДЕО)

НобиноЯке аз иштирокчиёни  озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои пешвои миллат” Зоҳидҷон Урунов, донишҷӯи бахши дуюми факултети технологияи информатсионӣ ва телекомуникатсияи Колеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе аст. Ӯ нобиност ва аъзои шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ мебошад. Новобаста аз он ки Зоҳидҷон имконияти маҳдуд дорад, вале бо азму иродаи қавӣ ба озмун омадааст.

Ӯ зимни суҳбат гуфт, ки аз замони мактабхонӣ шавқу рағбатам ба омӯхтани фанни таърих зиёд буд ва пайваста китобҳои хусусияти таърихӣ доштаро пайгирӣ ва кӯшиши аз худ намудан мекардам.

Зоҳидҷон мегӯяд, 4 китоби Пешвои миллатро дар шакли аудиоӣ пайдо кардам, аз ҳамин сабаб фақат китобҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Забони миллат ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва “Уфуқҳои истиқлол”-ро гӯш карда, ба озмун омодагӣ дидам. Умедворам соҳиби ҷойи намоён гардам, вале агар ғолибият насибам нашавад ҳам, рӯҳафтода нахоҳам шуд. Мақсади иштирок карданам дар озмун омӯхтани таърихи халқи тоҷик буд ва чи тавре, ки Пешвои миллат дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” фармудаанд: “Кас гузаштаи аҷдоди худро надонад инсони комил нест”

Ҳамсуҳбати мо, баромади ҳамаи иштирокчиёнро дар толори алоҳидае, ки махсус барои наздикони довталабон аст, пурра гӯш мекард, то ки ба худ маълумотҳои навро пайдо кунад.

Ба Зоҳидҷон дар ин озмун ва таҳсилаш барору комёбӣ хоҳонем.

Ганҷина Ҷолаева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.