Зубайдулло Давлатов: “Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ”
Китоби мазкур ба таҳлили фарогир ва мукаммали масъалаҳои марбут ба истиқлоли давлатӣ, ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Асар дар заминаи таҷрибаи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишвар навишта шуда, истиқлолро на танҳо ҳамчун воқеаи таърихӣ, балки ҳамчун раванд ва масъулияти доимии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ баррасӣ менамояд.
Китоб барои олимон, муҳақиқон, донишҷӯён, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳамаи хонандагоне, ки ба масъалаҳои давлатдорӣ, сиёсати миллӣ ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, омода шудааст.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки китоби мазкур (маҷмӯи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ) таҳти унвони “Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ дар марҳилаи нави худшиносии миллӣ” кушиш илмест дар самти дарки амиқи моҳияти истиқлолият, нақши он дар ташаккули давлатдории муосир ва таъсири он ба худогоҳии сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик. Асар дар заминаи таҳлили таҷрибаи таърихӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таҳия шуда, масъалаҳои калидии рушди давлатро дар шароити ҷаҳоншавӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Яке аз ғояҳои марказии китоб он аст, ки давлатдорӣ падидаи собит ва анҷомёфта нест, балки равандест динамикӣ, ки ҳамеша ниёз ба такмил, ислоҳ ва мутобиқшавӣ ба воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ дорад. Бобҳои аввали асар масъалаи арзиши истиқлолиятро ҳамчун неъмати бебаҳо ва масъулияти таърихии миллат матраҳ намуда, зарурати ҳифз ва таҳкими онро дар шароити таҳдидҳои муосир асоснок месозанд. Дар ин замина, истиқлолият ҳамчун пояи асосии ҳувийяти миллӣ ва шарти ҳатмии рушди устувори давлат таҳлил мегардад.
Қисмати муҳимми китоб ба нақши Конститутсия ҳамчун шоҳсутуни давлатдорӣ бахшида шудааст. Конститусия дар китоб на танҳо ҳамчун санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун падидаи фалсафию сиёсӣ баррасӣ мешавад, ки иродаи миллат, ормонҳои давлатдорӣ ва самти рушди ҷомеаро таҷассум менамояд. Таҳлили масъалаҳои конститутсионализм ншон медиҳад, ки суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор бе такя ба меъёрҳои ҳуқуқии муосир ва эҳтироми қонуният ғайриимкон аст.
Дар китоб инчунин Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди муҳими сиёсӣ ва механизми стратегияи давлатдорӣ мавриди таҳлили муфассал қарор мегиранд. Паёмҳо дар асар ҳамчун шакли ифодаи иродаи сиёсӣ, муайянкунандаи самтҳои афзалиятноки рушди кишвар ва омили ҳамоҳангсозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ арзёбӣ мешаванд. Аз дидгоҳи фалсафаи сиёсӣ, Паёмҳо воситаи ташаккули шуури сиёсӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти щаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.
Чанбаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии давлатдорӣ низ дар китоб мавқеи муҳим дорад. Масъалаҳои забон, фарҳанг, нақши занон, ҷашнҳои миллӣ ва пойтахт ҳамчун рамзи давлатдорӣ аз дидгоҳи худшиносии миллӣ мегарданд. Муаллиф бар он назар аст, ки давлатдории муосир танҳо бо неруи иқтисодӣ ва низомӣ маҳдуд намешавад, балки ба сатҳи рушди фарҳанги сиёсӣ, ахлоқи ҷамъиятӣ ва эҳсоси мансубияти миллӣ такя мекунад
Қисмати муҳими асар ба масъалаҳои амният бахшида шудааст. Тероризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои иттилоотӣ ва амнияти байналмилалӣ ҳамчун падидаҳои мураккаби ҷаҳони муосир баррасӣ шуда, мавқеи Тоҷикистон дар мубориза бо ин хатарҳо таҳлил мегардад. Дар ин замина, муаллиф таъкид менамояд, ки амният танҳо бо тадбирҳои қудратӣ таъмин намешавад, балки ба сатҳи худогоҳии миллӣ, маърифати сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеа иртиботи зич дорад.
Дар баробари ин, китоб масъалаҳои рушди иқтисодӣ, саноатикунонӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва глобалӣ инчунин мушкилоти экологӣ, аз ҷумла масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳоро фаро мегирад. Ин равиш нишон медиҳад, ки давлатдории миллӣ дар шароити муосир дорои хусусияти баайнисоҳавӣ буда, таҳлили он бе дарназардошти омилҳои иқтисодӣ ва экологӣ ғайриимкон аст.
Хоҳишмандон китоби Зубайдулло Давлатов “Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ”-ро метаовнанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.