Китобхона соли 1933 дар заминаи китобхонаи Сталинобод-пойтахти РСС Тоҷикистон таъсис ва соле баъд номи классики адабиёти форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсиро гирифт. Соли 1993 ба Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мақоми Китобхонаи миллӣ дода шуд.
Маросими ба истифода додани бинои нави «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2012 дар арафаи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз» бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Бинои нави нуҳошёна дар шакли китоби кушода сохта шуда, ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Он 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Қисми «а» аз 9 ошёна бо таҳхона, қисми «б» ва «в» аз 6 ошёна бо таҳхона, қисми «г» аз 4 ошёна иборат аст. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Намои марказии биноро 22 нимпайкараи намояндагони маъруфи илм ва адабиёти халқи тоҷик зинат медиҳад.
«Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (КМТ) ҳамчун муассисаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангӣ, нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотиро таъмин менамояд. Китобхонаи миллӣ бузургтарин махзани дастхатҳо, нашрияҳои чопӣ ва адабиёти бадеии полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. КМТ аз рӯи вазифаҳои худ ба талаботи асосии ЮНЕСКО дар мавриди китобхонаҳои дорои чунин сатҳ ҷавобгӯ мебошад.
Китобхона воситаҳои гуногуни библиографии дорои хусусияти илмӣ, ёрирасон ва тавсиявиро ба нашр мерасонад. Тақвимҳои солонаи санаҳои фаромӯшнашаванда ва хотиравии Тоҷикистон ба таври васеъ истифода мешаванд, инчунин оид ба рушди шабакаи китобхонаҳои оммавӣ, таҳлили муроҷиати хонанда ба китобхонаҳои деҳот, масъалаи рушди библиографияи миллӣ ва ғ. таҳқиқотҳои сотсиологӣ гузаронида мешавад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Осору классикони адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла: Ибни Муқаффаъ, Ҷарири Табарӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Хайём, Румӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон барозандаи фонди китобхона аст. Фонд бо асарҳои олимон, нависандагон ва шоирони муосири ҷумҳурӣ мунтазам пурра карда мешавад. Шумораи нашрияҳои муосири илмӣ ба забони тоҷикӣ зиёд гардид.
Муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо ва ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк метавонанд истифодабарандаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бошанд.
Ҳамасола китобхона барои оммаи васеи мардум ва мутахассисон тақрибан 150 чорабинии гуногун, аз ҷумла конфронсҳо, семинарҳо, мизи мудаввар, шабҳои адабӣ, намоишҳҳои китоб, рӯзҳои маълумотдиҳӣ, рӯзҳои дарҳои кушод, презентатсияҳо ташкил менамояд .
Воҳидҳои асосии сохтории Китобхона 36 шуъбаи махсус ва 4 марказ маҳсуб меёбанд, ки кори онҳо дар тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ ва библиографӣ ба роҳ монда шуда, дар ин воҳидҳо зиёда аз 400 нафар мутахассисон кор мекунанд .
Китобхона дорои 27 толори хониш бо 1500 ҷои нишаст мебошад, ки барои хонандагон 274 коргоҳи автоматикунонидашудаи корӣ доранд; барои баргузории конфронсу симпозиумҳо Китобхона 9 толор бо 1200 ҷойи нишаст ва 3 намоишгоҳи китоб: осорхонаи китоб барои ба намоиш гузоштани дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; галереяи китоб барои баргузории намоишгоҳҳои китоб доир ба соҳаҳои мухталифи илму дониш дорад.
Барои ошноии хонандагон дар китобхона «Толори китобҳои нав» фаъолият мекунад, ки дар он адабиёти тозанашри ба захираи китобхона воридшуда – китобҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо намоиш дода мешаванд. Рӯзномаҳо ҳар рӯз, маҷаллаҳо мутобиқи даврияти нашр – ҳар моҳ ё ҳар семоҳа, маҳсулоти китобҳо вобаста аз харид нав карда мешаванд. Китобхона маркази илмӣ ва методӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ буда, ба китобхонаҳои минтақавӣ ёрии ҳамаҷонибаи методӣ ва машваратӣ мерасонад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкили фонди универсалиро бар асоси усули ҷамъоварию ҳифозати ҳарчи тамомтар амалӣ месозад. Дар давоми солҳои фаъолияти Китобхона фонди он беш аз 1,6 маротиба афзуда, ҳоло дорои зиёда аз 3 миллион асноди гуногун бо 50 забони халқҳои ҷаҳон мебошад.
Самти афзалиятноки фаъолияти Китобхона аз фароҳам овардани нашрияҳо ба забони тоҷикӣ ва нашрияҳое, ки новобаста ба ҷои чопашон доир ба Тоҷикистон мебошанд, иборат аст. Ҳамасола ба Китобхона ба ҳисоби миёна 30-35 ҳазор китоб, маҷалла, рӯзнома, сабтҳо, санадҳои меъёрӣ-техникӣ, корҳои илмӣ ва монографияҳо, дастурҳои иттилоотии библиографӣ, роҳнамоҳо, энсиклопедияҳо ва маҷмӯаҳои оморӣ ворид мегардад.
Сарчашмаҳои асосии такмили фондҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, илова бар «Нусхаи ҳатмӣ», дӯконҳои китобфурӯшӣ, мубодилаи мустақими китобҳои баробарарзиши китоб бо китобхонаҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳо, хариди адабиёт тавассути ташкилотҳои миёнарав ва аз шахсони алоҳида ва китобҳои туҳфашуда мебошанд. Туҳфа кардани китобхонаҳои шахсии олимон ва академикҳои маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаи хуб шудааст .
Дар Китобхона низоми нави автоматикунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотӣ дар асоси Барномаи китобдории «ALEPH» (АЛЕФ) ба роҳ монда шудааст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонии кори китобхонаҳо васеъ истифода мешавад. Ин барнома аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми Барнома барои кормандони китобхона пешбинӣ шудааст ва аз 5 модул иборат аст: такмил, феҳристнигорӣ, хидматрасонии мунтазам, хидматрасонӣ ба хонандагон тавассути абонементи байни китобхонаҳо, назоратӣ-маъмурӣ, ки ба коргоҳҳои автоматикунонидашудаи корӣ пайваст карда шудаанд. Қисми дуюми Барномаи «ОРАК» (ОПАК) барои хонанда пешбинӣ шудааст, ки бо истифода аз он хонанда бо ёрии феҳристи электронӣ китоби заруриро ёфта, фармоиш медиҳад. Барои мувофиқат бо низоми нави автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии «Китоб-хонанда-хониш» барои нахустин бор фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи штрих-кодҳо рақамгузорӣ карда шуд.
Дар асри технологияҳои иттилоотӣ Китобхона низ рушд мекунад, бинобар ин нусхаҳои зиёди осори адабии дар Китобхона ҳифзшаванда ба шакли электронӣ табдил дода мешаванд. Аз захираҳои китобхона донишҷӯёни муассисаҳои гуногуни таълимӣ истифода мебаранд.
Китобхона дорои шабакаи локалӣ мебошад. Толори махсусгардонидашудаи дастёбӣ ба манобеи электронӣ ва матнҳои пурраи захираи бойгонии рисолаҳо, маҷаллаҳо ва адабиёти таълимӣ фаъолият мекунад. Толор барои 170 коргоҳи автоматикунонидашуда барои хидматрасонӣ ба хонандагон пешбинӣ шудааст. Низоми электронии расонидани ҳуҷҷатҳо роҳандозӣ шудааст.
Тавассути коргоҳҳои автоматикунонидашуда истифодабарандагон имкони дастёбии ройгонро ба манобеи зерин доранд:
– феҳристи электронӣ ва баргаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон;
– манобеи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон;
– Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон;
– бонки марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқии «lawinfo.kmt.tj».
Дар Китобхона дар радифи манобеи электронии дохилӣ инчунин дастёбии хонандагон ба манобеи Китобхонаи электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия таъмин карда шудааст.
Дар самти рақамигардонии ҳуҷҷатҳои чопӣ ва дар асоси он ташкил кардани базаи маълумоти нусхаҳои матнҳои китобҳои нодири марбут ба таърих ва фарҳанги ҷумҳурӣ ва ҳамчунон рӯзномаю маҷаллаҳои тоҷикии ибтидои асри ХХ, аз қабили «Бухорои шариф» (солҳои 1912-1913), «Оина» (солҳои 1913-1915), «Роҳбари дониш» (солҳои 1927-1932), «Шуълаи инқилоб» (солҳои 1919-1921), «Инқилоби маданӣ» (солҳои 1930-1937) ва «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (солҳои 1932-1941) таҷрибаи нахустин ба шумор меравад.
Айни замон Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо зиёда аз 60 ташкилоту муассисаи хориҷӣ ва зиёда аз 20 китобхонаи бузурги кишварҳои хориҷӣ фаъолона ҳамкорӣ дорад. Аз соли 2006 КМТ узви созмонҳои минтақавии Ассамблеяи китобхонаҳои Авроосиё (АКА) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) мебошад. Китобхона бо 28 кишвари ҷаҳон дар заминаи мубодилаи байналмилалии китоб ҳамкорӣ мекунад. Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 10 китобхонаи хориҷӣ ёддоштҳои тафоҳум амал мекунад.
Китобхонаи миллӣ узви созмонҳои бузурги байналмилалии китобдорӣ мебошад: ИФЛА – бо ҳуқуқи иштирок дар ду бахши он «Китобхонаҳои миллӣ» ва «Тармими фондҳо»; «Ассотсиатсияи китобхонаҳои Авруосиё».
Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми хидматрасонӣ ба хонандагон китобхонаи калонтарин дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар толорҳои хониши он, ки вобаста ба бахшҳои дониш ва намудҳои нашрияҳо фарқ мекунанд, зиёда аз 1800 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар ҳоли ҳозир шумораи умумии истифодабарандагон (аъзо) зиёда аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳар рӯз тақрибан 1000-1200 хонанда ба Китобхона муроҷиат мекунанд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид шудан ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, ҷорӣ кардан ва рушд додани технологияҳои нав, ташкили маҷмӯаи миллии санадҳои хаттӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба Тоҷикистон робитаи мустақим ё ғайримустақим доштаро бо фароҳам овардани дастрасии васеи корбарон ба ин маҷмӯа аз вазифаҳои афзалиятноки худ мешуморад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои вебсайти худ www.kmt.tj ва китобхонаи электронӣ www.nlt.tj мебошад.