Ширкати кормандони Китобхонаи миллӣ дар барномаи омӯзишии “Ҳамкориҳои рақамии фаъолияти китобхонаҳо”

Фароғат СафароваДу нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллӣ бо ширкат дар Лоиҳаи байналмилалии “Ҳамкории таълимии китобхонаҳои Иттиҳод”, ки  дар пойтахти Русия шаҳри Москав баргузор шуда ӣуд, соҳиби сертификат шуданд.  Дар  ин барнома мутахассисони ҷавон аз Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Сербистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат карданд. Онҳо ба китобхонаҳои Москва рафта, аз мутахассисони ин соҳа таҷрибаҳои нав ва касбиро омӯхтанд.

Фароғат Сафарова китобдори ҷавон, мутахассиси бахши робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ  ба ин омӯзиш ҷалб шудаву давоми як ҳафта аз тамоми китобхонаҳои шаҳри Москва дидан намудааст мегӯяд: “Чунин барномаҳо ба мо имкони хуб медиҳанд, ки чизи навро омӯзем, табодули таҷриба кунем, захираҳои зеҳнии худро пурра намуда, дар фаъолияти минбаъда истифода намоем”. 

Шабнам Эдаршоева мутахассиси шуъбаи электронии Китобхонаи миллӣ – яки дигар аз ширкаткунандаи барномаи ёдшуда мегӯяд, ташкили чунин курсҳои омӯзиши имкони хубест дар табодули афкор ва инкишофи таҷрибаи мо мутахассисони ҷавон, ки соҳаи худро бештар омӯзем ва дар рафти кор истифода намоем.

Наргис НАЗАРЗОДА