Идомаи як давраи омӯзишӣ барои китобдорони вилояти Суғд

Аз 21 августи соли равон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои оммавии вилояти Суғд оғоз гардид.

Такмили ихтисос аз ҷониби мутахассисони МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он нозукиҳои соҳаи китобдорӣ, равандҳои автоматикунӣ дар низоми китобдорӣ, китобхонаҳои электронӣ, матбуоти даврӣ, усулҳои нигоҳдошт, коркард ва ташхису тафтиши фондҳои китоб дар китобораҳо омӯзонида мешавад.

Доир ба масоили мазкур кормандони Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов, Муҳаммадиқбол Атозода ва Ёқубҷон Бобохонов маърӯзаҳо намуда, шунавандагони курси такмили ихтисосро аз навгониҳои соҳаи китобдорӣ огоҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки курси такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои вилояти Суғд дар асоси фармоиши директори Китобхонаи миллӣ баргузор шуда, аз рӯи барномаи тахассусии “Китобдорӣ-иттилоотӣ” то 26 август идома хоҳад кард.