Муаррифӣ. Ҷумъахон Темурзода. “Қаламрави ёдҳо”
Ин китоб соли гузашта дар нашриёти “Шарқи озод” ба теъдоди 200 нусха чоп шудааст. Муаллиф рӯзноманигор ва муҳаққиқи тоҷик Ҷумъахон Темурзода мебошад. Дар муқаддимаи китоб бо номи “Пешвои мо” вай менигорад:
Чаро Пешвои ман, Президенти ман, роҳбари ман, Сарвари ман нею Пешвои мо? Хонандаи азизу арҷманд худаш қазоват намояд, ки ин назари на як мани рӯзноманигор, балки хоҳиши воқеии наздик ба се миллион нафаре мебошад, ки дарки баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, башардӯстӣ ва мардумнавозӣ дошта, бо хоҳиши худ ва муҳаббату садоқати беандоза ба фаъолият ва ҷоннисориҳои ин абарманди таърихи навини миллат дар роҳи созандагӣ ва ободии кишвар ба ин мақоми пурифтихори башарӣ сазовораш донистаанд.
Воқеияти таърихӣ ин аст, ки бе ягон муболиға ва мақомхоҳии иҷтимоӣ ӯро мардум писандидаву интихобаш намудаанд. Имрӯз ҷомеаи башарӣ аз рӯи ченакҳои сиёсӣ, на аз мавқеи ҷуғрофиву иҷтимоӣ ва қавмиву нажодӣ, ҷомеаи инсонсолориро дар манотиқи гуногуни сайёра дар сурати кишварҳои мардумсолорӣ рӯи кор оварда, дар шаклҳои сиёсии демократӣ ва сотсиалистӣ манзури оламиён гардонидааст. Ва аркони роҳбарии кишварҳояшон аз ҷониби Президент, Раиси Ҳукумат ва раиси Парламент идора карда мешавад. Мо низ аз ин раванди таърихӣ қафо намонда, бо раъйи аксари мардум Президенти худро интихоб кардем. Дар Шарқ бошад, мутобиқи урфу одатҳо ва суннатҳои қадимӣ аз рӯи дунявият Президент доранду аз мақоми аслияти шарқӣ мақоми пешвоӣ. Ин тақдироти мардумӣ дар Шарқи афсонавии тамаддунофар танҳо ба касе дода мешавад, ки кишвар ва қаламравро новобаста аз мавқеи милливу нажодӣ ва маҳалливу сиёсӣ, диниву мазҳабӣ тавонад, ки муттаҳид намуда, ҳамбастагии ҳама қавму миллатҳо ва нажоду гурӯҳҳои ҷудогонаи этникии қаламравро таъмин намояд. Ҳамин санҷиши таърихӣ оғози солҳои навадуми садаи гузаштаи кишвари азизи моро чун дигар бошандагони Шарқ, баъди ҳазор соли обоямон Сосониёну Сомониён аз имтиҳони қисмат ва сарнавишт гузаронид. Натиҷаи ин санҷиши таърихии қисмат ва сарнавишт ҳамин буд, ки ин миллати таърихофару гурдофари тоҷик тавонист, ки бо хиради азалӣ аз нав эҳё бигардад ва фарде аз фарзандони номварро барои наҷоти худ рӯи кор биёрад. Ва ҳазорон шукр Парвардигори чорасозро, ки моро аз ин вартаи ҳалокат наҷот бахшид. Шукри бепоён ба даргоҳаш, ки нафареро аз миёни мардум баъди беш аз бист соли роҳбарӣ ва созандагӣ бар маснади Пешвоӣ баргузид. Ва ӯро бо мардум ва мардумро бо ӯ карин намуд. Ҳамин муҳаббат ва садоқати ӯ бо мардум ва кишвари азизаш буд, ки Худованди бахшандаи меҳрубон аз миёни ҳамагон ӯро пазируфт ва бо шарофати ӯ ба кишвар муждаи сулҳу оштӣ овард. Пешво кишвари анқариб порагаштаро чун пораҳои ҷони хеш ҷамъ овард ва сулҳу оштиро дар кишвар оғоз бахшид. Аввалин ҳарфи иттиҳод ва якпорчагии миллат ва қаламрав аз забонаш бар гӯшҳо расид ва дар қалби миллионҳо мардуми овораву сарсону саргардон тухми умед муҳаббат ва садоқатро кошт. Ва ин кишта бар қалбҳои ҳазини мардум баҳор овард. Ҳамин баҳори гулбасар мазраи умеду ормонҳои мардумро сарсабз гардонид. Ҳамагон дар симои поки ӯ содиқтарин фарзанди миллат ва созандаву наҷотбахши кишварро диданд.
Аввалин ҳарфаш пайки оштӣ, бахшандагиву меҳрубонӣ ва дӯстиву бародарӣ буд. Новобаста аз он, ки дар баъзе аз манотиқи кӯҳистони кишвар иддае дар паи тазвир ва риёву ниқор бо васвасаи баъзе аз гумроҳони бозичаи дасти аҷнабиён гардида бо сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар муқовимат буданд, ӯ онҳоро ба сулҳу салоҳ даъват намуд. Ҷони азизи хешро дар хатар гузошта, он манотиқро аз он кажбину кажназарҳо поксозӣ кард. Шадидтарин муҷримонро бахшид. Бахшояндагиву меҳрубониаш сафи ҷонибдоронашро лаҳза ба лаҳза зиёд мегардонид. Ва ҳамин меҳрубониву башардӯстиаш аз миёни мухолифин низ касони зиёдеро бар ҳалқаи муҳаббати ватандориву ватансозӣ овард. Агарчи иддаи дигари мухолифин хиёнат намуда, бо бадномӣ ва лаънати мардум гирифтор шуданд. Панҷ соли аввали роҳбарияш, ки дар муқовимат бо баъзе аз кажназарони нохудогоҳ пушти сар шуд, ба панҷоҳ сол баробар буд.
Дар дохили Ҳукумат ҳамон шабу рӯз душманон раҳна намуда, миёни баъзе аз мансабдорон тафриқа ангехт, Ҳукуматро ба ноуҳдабароӣ муттаҳам менамуданд. Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, барои сулҳу якпорчагии кишвар ва иттиҳод миёни мардум ҷоннисорӣ намуд. Оқибат ба боварии мардум сазовор гардид. Ва мардум гуфтанд:
Сарҷамъ ҳама кардиву бахшида амонӣ,
Дунёи адолат туӣ, Исмоили Сонӣ.
Ин баҳои мардум эътиборашро миёни ҳама кишварҳои ҳамҷавор низ зиёд намуд. Сулҳи овардаи ӯ на танҳо барои тоҷикон ва Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Миёна ва қаламрави собиқ Шӯравӣ манфиатбор буд. Ҳамин сулҳи тоҷикон буд, ки қаламрави Осиёи Марказӣ аз хатари тероризми ҷаҳонӣ наҷот ёфт. Ҳамон сулҳи тоқикон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳасмоякишварҳоямон Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба қатори пешрафтатарин кишварҳои Осиёӣ пазируфта шуданд. Яъне, сулҳу оромии Тоҷикистон манфиати бештаре барои минтақаи Осиё оварда, дар пешрафт ва тараққиёти минтақаҳои дигари Осиёву Аврупо саҳми бузурги хешро гузоштааст.
Китоби “Қаламрави ёдҳо”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна САЛИМОВА,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.