12 нафар ғолибони озмуни “Мо метавонем” эълон шуданд

Озмуни “Мо метавонем”, ки ахиран бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ бо афроди дорои имкониятҳои маҳдуд дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбеи гузашта ҷамъбаст шуд ва дувоздаҳ нафар ғолибони он аз рӯи чор номинатсия эълон гардиданд.

Ҷалолуддин Нурзода, муовини Директори Китобхонаи миллӣ замини суханронии муқаддимотии худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони дорои имкониятҳои маҳдудро  баробар ба кулли афроди ҷомеа медонад ва гувоҳи ин барномаҳои махсуси давлатие мебошанд, ки барои беҳбуди шароити зисту кору фаъолияти ин шахсон тадбиқ шудаву татбиқ мешавад.

Муовини Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кард ва афзуд, ки Сарвари давлат ин гуна ғамхориҳоро ҷузъе аз сиёсати иҷтимоии ҳукумат медонанд.

Дар идома ҳамчунин гуфта шуд, ки озмуни мазкур барои ҷалби бештари ҷавонон ба ҳунармандӣ ва бедор намудани завқи  зебопарастии ин гурӯҳи шахсон роҳандозӣ шудааст. “Мо метавонем”- унвон гирифтани озмун ба он маъност, ки довталабон ҳунари худро ба намоиш мегузоранд ва мехоҳанд нишон диҳанд, ки ба чиҳо қодиранд. Чун узви баробарҳуқуқи ҷомеа онҳо низ дар ҳунармандӣ муддаии қадршиносиҳо мебошанд.

Озмун аз рӯи  4 номинатсия: сурудхонӣ (бо овози зинда),  навозиши асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, қироати шеър ва ҳунармандӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар намуди ҳунарҳо)  гузаронида шуд.

Ҳайати ҳакамонро Тоҷиддин Раҳимов– ҳунарманди ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуғаюр Саломов-сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ, Зумратбӣ Эмомова – сардори шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо ва Фароғат Толибова– раиси шурои бонувони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ ташкил медоданд.

Хонандагони шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд дар ин озмун фаъолона ширкат намуда, ҳунару истеъдоди худро ба тамошобинон нишон доданд.

Дар охир ғолибон ба тартиби зайр эълон шуданд:

Дар наминатсияи сарояндагӣ:

Раҷабгули Раҷабалӣ – ҷои аввал
Зарина Абдураҳимова – ҷойи дуюм
Мавзунҷони Ғафурзод – ҷойи сеюм

Номинатсияи навозандагӣ:

Билол Самадов – ҷойи аввал
Тураҷон Тураев – ҷойи дуюм
Дилафрӯз Назирова – ҷойи сеюм

Наминатсияи қироати шеър

Ҷасурбек Султонов – ҷойи аввал
Шабнами Амирхон – ҷойи дуюм
Зебонисо Мирзоева – ҷойи сеюм
Маҳмадиқбол Имомов – ҷойи ифтихорӣ

Наминатсияи ҳунармандӣ:

Маърифат Нодирова  – ҷойи аввал
Бибиҷон Гандумова  – ҷойи дуюм
Салмон Холмуродзода –  ҷойи сеюм
Мусаввара Амонова  – ҷойи ифтихорӣ

Дар поёни озмун таъкид шуд, ки ғолибон дар арафаи “Рӯзи ҷавонон” бо  тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ  карда мешаванд.

Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа